img
ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА  ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ


Бо ташаббуси кумитаи иттифоқи касаби кормандони дастгоҳи марказӣ дар асоси банди 4 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода аз 19 феврали соли 2025, №20 тасдиқ шудааст, ҷиҳати омодагӣ ва ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2025 мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд ва волейбол байни дастаҳои сохторҳои вазорат барои дарёфти “Ҷоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 3 то 14 марти соли ҷорӣ баргузор гардида, ғолибони мусобиқаҳо муайян карда шуданд. 

 

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим,  ҷалби кормандон барои мунтазам машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандон ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз иборат мебошад. Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз байни сохторҳои вазорат чунин мусобиқаҳо доир гардида, ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳо аз ҷониби роҳбарияти вазорат ва кумитаи иттифоқи касаби кормандони дастгоҳи марказӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

19.03.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ