img
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Санаи 5 марти соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони вазорат ва сохторҳои он баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани табрикии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ифтитоҳ ёфта, қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб 8 март дар кишвар ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мешавад. Ин иқдом аз ҷониби Пешвои миллат ба хотири баланд бардоштани мақоми занон, арҷгузорӣ ба хизматҳои модарон ва таҳкими нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳандозӣ гардид.

 

Зимни суханронӣ Солеҳа Холмаҳмадзода қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва иқдом ҷиҳати барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд фаъолиятро баҳри рушди баробар ва одилонаи занону мардон тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ  тақвият дода, то имрӯз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт ба тавсиб расиданд, ки татбиқи онҳо самараи  нек ба бор оварда истодааст. Вазир рисолати занро ҳамчун модар – тарбиятгар махсус дарҷ намуда, ёдовар шуданд, ки модар нахустин омӯзгор ва мураббии фарзанд буда, дар ташаккули шахсияти инсон нақши калидӣ мебозад. Маҳз аз домани модар кӯдак аввалин дарси ҳаёт, одобу ахлоқ, эҳтиром ба бузургон ва меҳру муҳаббатро меомӯзад.

 

Модар бо меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва панду насиҳатҳои худ дар ниҳоди фарзанд ҳисси инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносиро парвариш медиҳад. Тарбияи дуруст дар муҳити оила, пеш аз ҳама, аз муносибат ва таваҷҷуҳи модар вобаста буда, барои ташаккули насли солим, босавод ва бофарҳанг заминаи устувор фароҳам меорад.

 

Хусусан, дар замони муосир, ки ҷомеа бо пешрафти босуръати илм ва технология рӯ ба рӯст, нақши модар дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам муҳимтар мегардад. Модар бояд фарзандро на танҳо ба омӯзиши дониш, балки ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихию  фарҳангӣ ва зиндагии солим раҳнамоӣ кунад. Аз ин рӯ, рисолати зан ҳамчун модар – тарбиятгар на танҳо вазифаи оилавӣ, балки масъулияти муҳими иҷтимоӣ низ ба шумор меравад, зеро аз тарбияи модар ояндаи ҷомеа ва пешрафти давлат вобаста аст.

 

Қайд гардид, ки имрӯз занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши фаъол доранд. Аз ҷумла, дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 742 нафар зан фаъолият намуда, аз онҳо 235 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва дар маҷмуъ, 70 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

 

Дар чорабинӣ, инчунин кормандони вазорат, аз ҷумла сардори раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ Раҷабалӣ Раҷабов, сардори шуъбаи ташкилӣ ва матбуоти раёсати котибот Назруллоҳи Муҳаммадюсуф ва мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Зиёзода Меҳроб Суҳроб суханронӣ намуда, дар бораи мақому манзалати зан дар ҷомеа, саҳми модарон дар тарбияи насли солим ва нақши бонувон дар рушди соҳаи меҳнат андешаҳои худро баён карданд.

 

Чорабиниро бо сухани хотимавӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҷамъбаст ва ба кулли занону модарони кишвар саломатӣ, барори кору иқболи баланд, осоиши рӯзгору ҳузури фарзандонро таманно намуд.

05.03.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ