img
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ҶАВОНОН

 

Субҳи 25 апрели соли 2026 кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баргузор намудани чорабинии оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва теренкур – роҳгардии саломатӣ, таҳти унвони “Миллати ҷисман солим – руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бо роҳнамоии устодони варзиш-кормандони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона варзиши пагоҳирӯзӣ баргузор намуданд.


Дар барномаи варзишии мазкур ҳамаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорат - муовини якум ва муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои низоми Вазорат, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар мутахассисону кормандони техникӣ бо дилгармӣ, рӯҳияи солим ва табъи болида иштирок карда, аз фазои тозаву озодаи Пойтахти азизамон, бахусус набототи сабзу гулпуш, гулгаштҳои сангфаршу шинами Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон баҳравар гардиданд.


Чунин чорабиниҳои дастаҷамъонаи ҳамкорон як падидаи бисёр ҷолиб, фараҳбахш, ба саломатию бардамии ҳар як фарди ҷомеа пурманфиат ва саршор аз ҷаҳони маънавии андешаи ватандӯстӣ, осоиштагӣ, қадршиносии обу хоки ин сарзамини нотакрор - Ватани маҳбубамон ба шумор меравад. Ҳар як фарди дар чунин чорабиниҳо иштироккунанда худро дар ҷаҳони амну зебогии воқеӣ эҳсос карда, иродаи онро ба миён меорад, ки дар созандагию бунёдкориҳои ин диёри биҳиштосо ба қадри имкон ҳиссагузорӣ намояд.

25.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ