Дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои таркабии он аз қабили Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати далватӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, МД "Маркази такмили ихтисос ва бозомузии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ", МД "Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир", ва МД "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа" тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин намояндагони сохторҳои таркибии он иштирок намуда, Паёми навбатии Сарвари давлатро тавассути воситаҳои ахбори омма мустақиман тамошо карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ масъалаҳои муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими сулҳу субот, таъмини шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди захираҳои инсонӣ, касбомӯзӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Кормандони Вазорат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи соҳа арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда дар самти таъмини ҷойҳои корӣ, рушди бозори меҳнат, густариши касбомӯзӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои марбута ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат ба роҳ монда, барои татбиқи самараноки сиёсати иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди устувори бозори меҳнат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.