img
ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ ДОИР БА МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 

14 майи соли 2025 дар ноҳияи Ховалинг гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корманди Хати оҷилӣ доир ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон вохӯрии иттилоотӣ бо сокинони маҳаллӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо иштирок намуданд.  

 

Аъзоёни гурӯҳи корӣ ба иштирокчиён дар бораи тағйирот дар қонунгузории Федератсияи Русия, самтҳои фаъолияти мақомотҳои марбути Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Иштирокчиён инчунин бо хизматрасониҳои Хати оҷилӣ шинос шуда, дарк намуданд, ки метавонанд пеш аз сафар ба хориҷа ба Хати оҷилӣ муроҷиат намуда, машварати ройгон оид ба қадамҳои муҳоҷирати бехатар дарёфт кунанд.  

 

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён саволҳои худро ба мутахассисон пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ гирифтанд.  Агар Шумо ният доред, ки муҳоҷират кунед ё дар ҷараёни он ба мушкилот рӯ ба рӯ шудед, пас ба Хати оҷилӣ муроҷиат намоед! Мо барои муҳоҷирати бехатари шумо кӯмак мерасонем. Хати оҷилии +992 900 800 800 аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дастгирӣ ёфта он бо сарпарастии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Маркази “Зеркало” фаъолият менамояд.

 


Маъракаҳои иттилоотӣ дар ВМКБ: Менеҷери Хати оҷилӣ мулоқоти корӣ бо зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод. Аз 19 то 23 майи соли 2025, менеҷери Хати оҷилии +992 900 800 800 бо сафари хизматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рафта, дар шаҳр ва ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим бо намояндагони зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои корӣ анҷом дод.

 

Зимни мулоқотҳо, намояндаи Хати оҷилӣ доир ба самтҳои асосии фаъолияти Хат, аз ҷумла машваратдиҳӣ, расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва равоншиносӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин омори муроҷиатҳои воридшуда маълумот пешниҳод намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, беҳтарсозии равандҳои роҳнамоӣ ва дастгирии ҳуқуқии муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Дар доираи ин сафари хизматӣ, маводҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ва кормандони сохторҳои дахлдор паҳн карда шуданд. Вохӯриҳо бо раисони ҷамоатҳо баргузор гардида, тавсияҳо оид ба муҳоҷирати бехатар, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои хариду фурӯши одамон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон пешниҳод гардиданд.

 

Агар Шумо ният доред, ки ба муҳоҷират бароед ё ҳангоми будубош дар хориҷ дучори мушкил шудед – Хати оҷилӣ дар ихтиёри шумост! 📞 +992 900 800 800

Хати оҷилӣ аз ҷониби аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (IOM) дастгирӣ ёфта дар заминаи ташкилоти Маркази “Зеркало” фаъолият дорад.

28.05.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ