Имрӯз, 14 июни соли 2024 дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенси таҳти роҳбарии муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин дар доираи лоиҳаи “Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи 3-юми аъзоёни Гуруҳи кории бисёрҷониба ҷиҳати баррасии Харитаи роҳ барои озмоиши 3 равияи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи рушди малака баргузор гардид.
Дар ҷаласа Харитаи роҳ барои татбиқи як қатор чорабиниҳо аз моҳи июни соли 2024 то декабри соли 2027, зарурати таъсиси шарикии давлат ва бахши хусусӣ, нақши кумитаҳои соҳавӣ ва Гурӯҳи кории бисёрҷониба дар амалӣ намудани чорабиниҳои дар Харитаи роҳ пешбинишуда, ҳамкории Гурӯҳи кории бисёрҷониба ва кумитаҳои соҳавӣ дар самти омӯзиши устувор дар асоси кор, муаррифии вебсайти кумитаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Ҳадафи Харитаи роҳи мазкур ин фароҳам овардани муҳити мусоид барои озмоиши ҳадди ақал 3 равияи ҳамкориҳои бахшҳои давлативу хусусӣ бо 20 муассиса, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон мебошад.