3 -юми апрели соли равон дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода бо роҳбарон, фаъолони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ менамоянд, баргузор гардид. Нахуст вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба Иди байналмилалии “Наврӯз” муборакбод намуд. Зимни вохӯрӣ вазир бо ҳар як иштирокчӣ аз наздик шинос шуда, аз фаъолияту кори онҳо пурсон шуд ва суҳбати озод сурат гирифт.
Дар идома қайд карда шуд, ки бо кушишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Точикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.
Зикр гардид, ки таҷрибаи фаъолиятҳо дар ин самт нишон медиҳад, ки қисми бештари намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷ, бахусус дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ин кишварҳо робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз амалкардҳои ин намояндагиҳо пайваста дастгирӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мусоидат менамоянд. Айни замон 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолият доранд ва бовар дорем, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегиранд.
Нуқтаи асосӣ дар ин чорабинӣ ин расонидани бештари иттилоот ба муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар Федерастияи Россия иборат буд. Қобили қайд аст, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубоши худро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоянд.
Аз ҷониби вазир даъват ба амал оварда шуд, ки роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо ҳисси баланди миллӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешрафти кор фаъолияти онҳо дар давлати иқомат фаъолияти худро пурзӯр намоянд. Зеро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ таваҷҷуҳи хос дошта, онҳоро ҳамеша ҳамчун муаррификунандаи миллат ва расму анъанаҳои он дар хориҷи кишвар ёдовар мешаванд.
Холмаҳмадзода С. обод намудани ватани аҷдодӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагии онро аз ҷумлаи анъанаҳои неки ниёгонамон арзёбӣ ва пайравии таҷрибаи давлатҳои дигарро дар ин самт қайд намуда, аз ҳозирин баҳри обод намудани як гӯшаи ватан даъват ба амал овард. Бояд қайд намуд, ки чунин вохуриҳо дар асоси бандҳои 6 ва 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 ҳамасола дар арафаи ҷашнгирии Иди байналмилалии “Наврӯз” ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.