Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар вазорат бо оростани хони наврӯзӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ базми идона баргузор гардид. Дар чорабини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳозиринро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, иброз дошт, ки аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи нав дар ҷумҳурӣ бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд. Маҳз аз баракати Истиқлоли миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва кӯшишҳои хастагинопазири роҳбарияти мамлакат имрӯзҳо ин иди аҷдодии моро тамоми ҷаҳониён таҷлил менамоянд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар сокини Тоҷикистон мебошад.
Зимни он гуфта шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро чун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедории табиат эътироф менамояд. Дар ҳақиқат ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунё аст, ки бо фарорасияш аз оғози фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба асолати таърихии Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: «Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст». Чун анъанаи нек ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни воҳидҳои сохтории вазорат гузаронида шуд, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.