img
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

9 декабри соли 2024 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аики мулоқоти арзи адаб (хайрбодӣ) намуд.

Гулнора Ҳасанзода миннатдории худро ба Сафир барои мусоидат ва саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи асосҳои заминавии ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми “Мутахассиси соҳибмалакаи махсус” аз 8 августи соли 2024 баён дошта, ҳавасмандии худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санади мазкур бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар ва ҳарчӣ зудтар сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷопон изҳор кард. 

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.

09.12.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ