img
ТАҶЛИЛИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ


Имрӯз 19 уми марти соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯз бо омодагии ҳамаҷониба таҷлил карда шуд.  Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорат, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорону адибон иштирок намуданд.  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки Наврӯз ин иди аҷдодии мо таърих зиёда аз шашҳазорсола дошта,  ба ҳеҷ дину равияе мансуб набуда, балки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бузурги ниёгони мо мебошад, ки асоси илмӣ дорад.  Қайд гардид, ки ин ҷашни бостонӣ маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони байналмилалӣ гирифта,  имрӯз дар  ақсои олам ҷашн гирифта мешавад.


Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат имрӯз ба рамзи муҳаббату садоқат, эҳсону инсоният ва шукуфоии сарзамин табдил ёфта, бо раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар арафаи иди Наврӯз ба корҳои муҳим  ҳусни оғоз бахшида, иншоотҳои бузургу арзишманд ба истифода дода мешаванд.  Дар идомаи чорабинӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, собиқадорони меҳнат Хайринисо Юсуфӣ, Рафиқа Мусоева ва Шиори халқии Тоҷиистон Муҳаммад Ғоиб суханронӣ ва ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.


Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони варзида ва ҳайати Ансамбли ҷумҳуриявии “Лаъл” бузургиву шаҳомати Наврӯз ва васфи ватану шукуфоии кишварро дар бар гирифта, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.
Дар рафти чорабинӣ ғолибони  мусобиқаҳои варзишӣ байни дастаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда шуданд.
 

19.03.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ