img
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1. Сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 1 ҷой

          Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, омузгорӣ ва дигар ихтисосҳои гуманитарии ба мансаб мувофиқ;

- 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

      Маоши мансабӣ 5559 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз  рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2. Сардори раёсати муҳоҷирати аҳолӣ - 1 ҷой

          Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;

3. Муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии раёсати муҳоҷирати аҳолӣ - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ.

- 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

      Маоши мансабӣ 4568 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

4. Мутахассиси пешбари раёсати муҳоҷирати аҳолӣ - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;

    - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2265 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

5. Мутахассиси пешбари раёсати молия, таҳлил ва дурнамо – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

таҳсилоти олии касбии молиявӣ, иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;

    - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2265 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

6.  Мутахассиси пешбари раёсати робитаҳои байналмилалӣ – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 - таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, рўзноманигори байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ, дипломат, тарҷумон, шарқшинос ва дигар ихтисосҳои гуманитарии ба мансаб мувофиқ.

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2265 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 - таҳсилоти олии касбии молиявӣ ё иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2265 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

8. Мутахассиси шуъбаи банақшагирӣ ва иҷрои буҷети раёсати молия, таҳлил ва дурнамо – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 - таҳсилоти олии касбии молиявӣ ё иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1862 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

9. Мутахассиси раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо - 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;  

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1862 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

Ариза ба номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, шаҳодатномаи ҳарбӣ, РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), рақами РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ), маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ), маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 12 феврали соли 2026 қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Алишер Навоӣ 5/2,

               индекс: 7340262, (992 37) 250-32-34. 

26.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ