img
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ

 

14 майи соли 2024 дар «Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми байналмилалӣ оид ба рушди сармояи инсонӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулнора Ҳасанзода, роҳбарияти вазорату идораҳо ва шарикони рушд оғоз гардид.

 

Дар кори форуми мазкур масъалаҳо доир ба нақши муҳими ҳифзи иҷтимоӣ, бунёди сармояи инсонӣ дар шароити маҳдудиятҳои молиявӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва нигоҳубини барвақти кӯдакон ва ноил шудан ба тағйирот тавассути тарғибот ва навоварӣ муҳокима карда шуданд.

 

Дар доираи баргузории форум лавҳаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба иштирокчиён пешниҳод карда шуданд. Лавҳаи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, ки бо симулятори кафшергарӣ, тахтаи дарсҳои амалии барқӣ, тарҳи биноҳои марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, стандартҳои салоҳияти касбӣ, барнома ва модулҳои таълимӣ ба ҳозирин пешкаш карда шуд.

 

Ҳамчунин, Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Навсозии иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” бо пешниҳоди лавҳа оид ба мақсадҳои лоиҳа ва маводҳои иттилоотӣ дар форуми мазкур фаъолона иштирок намуд.  Форум ду рӯз идома ёфта, ҳадаф аз баргузории он бунёди сармояи инсонӣ дар шароити маҳдуди молиявӣ мебошад.

15.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ