img
ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВИИ ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТ

12 майи соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ, дохилӣ, аз ҷумла сари вақт ҷудо намудани қитъаи замин, таъмини инфрасохтори зарурӣ дар мавзеъҳои нави истиқомати муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ, инчунин сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар ва таъмини  гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.

 

Дар ҷаласа аъзои комиссия - намояндагони вазорату идораҳо дар сатҳи муовини роҳбар ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои дахлдор иштирок намуда, доир ба масъалаҳои рӯзнома гузориши шахсони масъул шунида шуд.  Зимни баррасии масъалаҳо сабабҳои ҷой доштани камбудиҳо ва мушкилот муҳокима гардида, аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд ва протоколи дахлдор қабул гардид.

 

12.05.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ