img
НАҚШИ ДИАСПОРАҲО ҲАМЧУН ШАРИКОН ДАР ҲАМГИРОИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

 

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омили басо айнист, зеро он вазъи молиявии шаҳрвандонро беҳтар намуда, имкон медиҳад, ки мушкилоти муайяни иҷтимоӣ, аз ҷумла, ба масъалаи коҳиш додани сатҳи ниёзмандии захираҳои меҳнатӣ ба ҷойҳои корӣ мусоидат намояд. Дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, диаспора ҳамчун як ҷузъи дипломатияи мардумӣ аҳамияти хоса дошта, ба яке аз мавзуъҳои мубрам ва муосир табдил ёфтааст.

 

Саҳм ва нақши диаспора дар шароити мураккаби геосиёсӣ ва геоиқтисодии давлатҳои ҷаҳон, ки он дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар аҳамияти хос дорад, назаррас буда, дар даврони муосири ҷаҳонишавӣ ба як падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Дар мақолаи зер хусуси ҳамин мавзуъ сухан меравад.

 

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ давлатҳо на танҳо барои бозорҳои фурӯш, балки барои ҷалби самараноки диаспораҳо дар раванди рушди иқтисоди миллии худ рақобат мекунанд. Диаспора дар хориҷа ҳамчун омилест, ки метавонад на танҳо ба рушди давлат ва тамоилҳои мусбати иқтисоди он мусоидат кунад, балки мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас таҳким бахшад. Мавҷудияти ҷомеаҳои ба қадри кофӣ сершумор ва бонуфуз ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо мусоидат мекунад.

 Дар доираи ҳамкории диаспораҳо се самти асосӣ аҳамияти хоса дорад:

 

1. Ҷалби мутахассисони диаспора ба раванди ҳавасмандгардонии сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар;

2. Ҷорӣ намудани дониш, малака, робитаҳои соҳибкорӣ дар иқтисодиёт ва ташаккули фарҳанги соҳибкорӣ;

3. Иштироки диаспораҳо дар мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои қабулкунанда.

 

Аз охири солҳои 2000-ум роҳбарияти Тоҷикистон  дар масъалаи кор бо диаспораҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, бобати густариши ҳамкориҳо бо он бештар ба рафти навсозии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва муносибат ба тоҷикони бурунмарзиро, бо мақсади фароҳам овардани шароит барои ҷалби самараноки неруи онҳо ба рушди Тоҷикистон, бознигарӣ кард. Бо ин мақсад, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъсис дода шуд.

 

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, 213 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба сифати шарикон барои рушди Ватан барои солҳои 2021-2025” тасдиқ гардид, ки дар он татбиқи 25 номгӯй тадбир пешбинӣ шудааст.

 

Бояд гуфт, бо мақсади эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, тайи 16 соли охир дар кишварҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Канада диаспораҳои сершумори тоҷикон таъсис ёфтанд. Имрӯз дар Россия бузургтарин диаспораи тоҷикон ба мушоҳида мерасад. Диаспораи тоҷикон дар қаламрави Федератсияи Россияи муосир таърихи тулонӣ дорад. Россия ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки тоҷикон тақрибан панҷсад сол боз дар қаламрави он кору зиндагӣ мекунанд.

 

Ба фикри ин ҷониб, бо чунин рушди вазъ диаспораи тоҷикон дар зиндагӣ ва фаъолияти худ дар Федератсияи Россия як қатор имтиёзҳо ва афзалиятҳо пайдо хоҳад кард, ки ба ин, пеш аз ҳама, созишномаи байниҳукуматӣ оид ба душаҳрвандӣ, ки ҳоло ҳам вуҷуд дорад, маҳсуб мешавад. Дар тамоми манотиқи Россия, ки тоҷикон ба тарзи васеъ кору зиндагӣ мекунанд, диаспораҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик таъсис ёфтаанд. Дар шаҳрҳои Москва, Петербург, Твер, Астрахан, Самара, Краснодар, Қазон, Свердлов, Екатеринбург, Сочи, Иркутск, Волгоград, Рязан ва ғайра ташкилотҳои бузурги ҷамъиятӣ ба вуҷуд омадаанд.

 

Барои кумак ба муҳоҷирон дар бархе аз шаҳрҳои бузурги Россия марказҳои муҳоҷират кушода шудаанд. Ҳамкории диаспораи тоҷик бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мавҷуда имкон медиҳад, ки мушкилоти зиёди муҳоҷирони кории тоҷик - масъалаҳои бақайдгирӣ дар  ҷои зист, шуғл, таъминоти иҷтимоӣ ва ёрии тиббӣ ҳаллу фасл гарданд. Барои ҳалли самараноки мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳатӣ дар ҷомеа дар баъзе диаспораҳо кумитаҳо созмон дода шудаанд. Масалан, дар Ташкилоти ҷамъиятии шаҳри Маскав кумитаҳои маориф, ҳуқуқ, ёрии тиббӣ, масъалаҳои шуғл, кор бо занон, ҷавонон ва ихтиёриён фаъолият мекунанд.

 

Диаспораҳо бо роҳандозии як қатор барномаҳои омӯзишӣ  мушкилоти таҳсилоти фарзандони муҳоҷиронро низ фаъолона ҳал кард. Ҳоло барои ҳар як марҳалаи рушди кӯдак, аз таваллуд ва қадамҳои аввалин, то дохил шудан ба донишгоҳ, як қатор чорабиниҳо, машғулиятҳо ва курсҳои омӯзишӣ мавҷуданд, ки барои омодагӣ ба мактаб ва муҳимтар аз ҳама, муошират бо ҳамсолон кумак мерасонанд. Дар ин рабт барои мактаббачагон ҳамасола олимпиадаҳо ва курсҳои омодагӣ ба имтиҳони ягонаи давлатӣ баргузор мешаванд.

 

Барои падару модарон низ як катор семинарҳо ташкил карда мешаванд. Муаллимон ба таври возеҳу равшан мефаҳмонанд, ки хангоми тарбияи кӯдак ба чи диққати махсус додан лозим аст ва дар ин росто оид ба инкишофи бачагон берун аз мактаб маслиҳатҳо медиҳанд. Албатта, таътил бе назорат намемонад ва зиёда аз 10 сол аст, ки диаспора барои бачагони тоҷик лагерҳои тобистона ташкил мекунад.

 

“Шурои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикон” дар шаҳри Санкт-Петербург, ки 3 созмони ҷамъиятиро муттаҳид мекунад, барои ҳамгироии муҳоҷирони корӣ дар вилояти Ленинград корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Шурои ҳамоҳангсозӣ узви Шурои муносибатҳои байни миллатҳои назди маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург мебошад.

 

Бо дастгирии диаспораи ҷавонони муҳоҷири меҳнатӣ дар коллеҷҳои касбии шаҳри Санкт-Петербург омӯзиши касбҳои дархури бозори меҳнат ташкил карда шудааст. Хатмкардагон дар ташкилотҳои шаҳри Санкт-Петербург бо кор таъмин карда мешаванд. Таҷрибаи дигари давлатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки диаспораҳо на танҳо дар ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ ширкат меварзанд, инчунин дар ҳамгироии муҳоҷирони ба Ватан баргашта низ ёрӣ мерасонанд.

 

Ба ин тариқ, диаспораҳои миллӣ омили асосии суботи байни миллатҳо мебошанд ва илова бар ин, онҳо воситаи камназири ташаккули ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи наздик ва дур мебошанд.

 

Бо мақсади тақвияти минбаъдаи фаъолияти диаспораҳо, ба андешаи мо, роҳандозии чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:

        1. Фаъолсозии ҳамкориҳои академии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби дониш ва иқтидори диаспораи тоҷикон, аз ҷумла, таҳияи лоиҳаҳои муштарак байни академияҳои илмҳои ду кишвар.

        2. Барқарор намудани ҳамкории зич бо ҳамватанони бурунмарзӣ  барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳољирони меҳнатие, ки дар хориљи кишвар муваққатан кор мекунанд.

        3. Тақвияти нақши диаспора дар раванди ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба корҳое, ки ба салоҳияти муҳоҷир мувофиқанд.

        4. Тақвияти кори мақомоти салоҳиятдор бо диаспораҳо дар баргузории корҳои профилактикӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ.

        5. Қадрдонӣ ва ҳавасманд намудани фаъолони диаспораҳои тоҷик дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо, ки дар ташвиқу тарғиби сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани кумак ба ҳамватанон саҳм мегиранд.

 

У.С. РАИМДОДОВ,

 номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи

МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

 

19.12.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ