img
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ

Санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вазорат Холмаҳмадзода Солеҳа мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиш муовини якум, муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои низоми вазорат, олимон ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

 

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа кушода, доир ба моҳияти таҷлили Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ, нақши забони модарии мо дар  пойдории миллат, рушди забони тоҷикӣ, мақоми он дар ҷомеа, арҷгузорӣ ва эҳтироми он суханронӣ намуда, бо иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани он, бо забони тоҷикӣ сухандон намудани фарзандон, китобхонӣ, ҳифзи забон, саҳм гузоштан дар рушд ва такомули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва технология даъват намуд.

 

Дар чорабинӣ устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, узви Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён бо маърӯза дар бораи таърихи забони модарии мо, яке аз чор забонҳои классикии ҷаҳон маҳсуб гардидани забони тоҷикӣ, аз даврони бостон соҳиби хат будани забони тоҷикӣ, зарурати ваҳдати забонӣ ва иттиҳоди забонии ҳамзабонон дар замони муосир, иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд ва мақоми забони тоҷикӣ баромад намуд.

 

Дар идомаи мизи мудаввар маърӯзаҳо аз ҷониби мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Савлатшоҳи Ховарӣ дар мавзуи “Вусъатёбии забони илмӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ” ва сардори раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мардонзода Гулбаҳор дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони тоҷикӣ” шунида шуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Дар ҷамъбасти кори ҳамоиш вазир Холмаҳмадзода Солеҳа қайд намуд, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ҳифз, рушд ва тарғиби забони тоҷикӣ, ки забони давлатии мо мебошад, аҳаммияти муҳим дорад. Вазорат ва ҳайати кормандони он ин масъулиятро дарк ва ҷиҳати иҷрои он саҳм мегузорад.

 

  Ҳамзамон, дар ҳамин рӯз ҷаласаи Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, масъала “Дар бораи риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он” баррасӣ шуд.

21.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ