img
БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ МИНБАЪДА БО ҚАРОРГОҲИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР БРЮССЕЛ

Рӯзи 20 январи соли 2026 мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон бо корманди қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел Биггот Винсент бо мақсади баррасии ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Барномаи дастгирии буҷети грантии Иттиҳоди Аврупо дар бахши таҳсилоти касию техникӣ дар Тоҷикистон доир гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи лоиҳаи амалкунандаи «Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи дастгирии буҷет» барои солҳои 2023-2025 ва натиҷаҳои назаррас изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаи тамдиди Барномаи дастгирии буҷетии Иттиҳоди Аврупо барои ду соли минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Ашурализода А. таваҷҷуҳи Биготт Винсентро ба самаранокии  ҳадафҳои пешбинишудаи лоиҳаҳои мазкур дар давоми фаъолият, аз ҷумла таъмир ва муҷаҳҳаз гардонидани марказҳои рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир (Маркази таълими калонсолон), рақамикунонии раванди таълим, таҳияи стандартҳои салоҳияти касбӣ, таҳияи Низоми иттилооти идоракунии маориф дар марказҳои таълими калонсолон, гузаронидани пурсиш оид ба меҳнати кудак, инчунин таъсиси Кумитаҳои соҳавӣ дар бахшҳои сохтмон ва нассоҷӣ, ки мақоми мусоидаткунандаи машваратӣ дар соҳаи рушди малакаҳои соҳавӣ дар таҳсилоти касбии техникӣ ва рушди қувваи корӣ ва захираҳои инсонӣ ба ҳисоб мераванд, ҷалб намуд.

 

Мавсуф зикр намуд, ки қарори мазкур дар асоси иҷрои муваффақонаи нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) Барномаи дастгирии буҷет дар давоми татбиқ, сатҳи баланди ҳамкорӣ, уҳдадорӣ ва ҳамоҳангсозии самараноки ниҳодҳои миллӣ қабул карда шудааст. Муовини вазир тамдиди Барномаро саҳми муҳим дар таҳкими ислоҳоти соҳаи маориф ва меҳнат, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани фарогирии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида, изҳор дошт, ки марҳилаҳои нави он ба самтҳои зерин равона карда шаванд:

 

• рушди маҳоратҳои сабз (green skills) ва дастгирии гузариш ба иқтисоди сабз;

• рақамисозӣ (digitalization) дар соҳаи касбомӯзӣ, таълими калонсолон ва бозори меҳнат;

дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занон ва шахсони дорои маъюбият, тавассути омӯзиш, баланд бардоштани малака ва мусоидат ба шуғл.

 

Биготт Винсент аз номи Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва фарогирро таъкид намуд.

22.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ