Санаи 12 уми майи соли 2026 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳа Холмаҳмадзода Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷиикистон Ҷон Сонг Шик-ро ба ҳузур пазируфт. Нахуст Солеҳа Холмаҳмадзода барои иқдомҳои неки ҳамкорӣ, бахусус ҷиҳати сохтмони «Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва рушди малакаҳои касбӣ» ба Оҷонсии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ - KOICA миннатдории худро иброз намуд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки вазорат Ҷумҳурии Кореяро дар самти пешбурди афзалиятҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва рушди бозори меҳнат ҳамчун шарики муҳим ва боэътимод меҳисобад ва ҷонибдори густариши минбаъдаи ҳамкори дар доираи низоми иҷозатномаҳои меҳнату шуғл (EPS) мебошад. Инчунин ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати пурзур намудани ҳамкориҳоро дар самти дастрасии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони кореягӣ изҳор доштанд.
Бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои назарраси ҳамкориҳо, бахусус ҷиҳати ҷалби қувваҳои корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои мавсимӣ дар Корея якчанд пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, ҷалби омӯзгорони баландихтисоси кореягӣ аз Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон бобати роҳандозии дарсҳои забономӯзӣ ва ташкили иртибот бо ассотсиатсияҳои корфармоёни Корея.
Дар идомаи мулоқот барои дастёби ба ҳадафҳои дарпешистода, рушди бозори меҳнат, инчунин таҳкими минбаъдаи идоракунии муҳоҷират, аз ҷумла чораҳо оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба будубоши ғайриқонунӣ ва дигар шаклҳои муҳоҷирати танзимнашаванда ибрози андеша карда шуд.