31 октябри соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор тибқи тартиби корӣ ба имзо расид.
Мақсади Ёддошти тафоҳуми мазкур таъмини пойдории заминаи ҳамкорӣ байни Тарафҳо ва баланд бардоштани шаффофият ва самаранокӣ дар раванди фиристодани кормандон ба Ҷумҳурии Корея бо муайян намудани муқаррарот оид ба фиристодан ва қабули коргарон тавассути низоми иҷозати кор (EPS) мутобиқи Қонун дар бораи шуғли коргарони хориҷӣ ва дигар санадҳои Корея мебошад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур бо дарназардошти манфиатҳои миллии тарафайн омода гардида, ба таҳким ва рушди босуботи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, омода намудани неруи корӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои коргарони хориҷӣ, пешгирӣ ва будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар равона шуда, ба раванди гуногунсамтии (диверсификатсия) муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Мавриди амал қарор гирифтани ин Ёддошти тафоҳум ба паст кардани шиддати бекорӣ, пайдо намудани бозорҳои нави меҳнатӣ, пешгирӣ ва ихтисор кардани иқомати ғайриқонунии коргарон имкон медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои сатҳи олӣ, мулоқотҳои дуҷонибаи соҳавӣ ва ташрифҳои пай дар пайи ҳайати Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷвияти ҳамкориҳои муштарак 29 декабри соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми EPS-и Кумитаи сиёсати хориҷии меҳнатии Ҷумҳурии Корея интихоб гардид. Дар робита ба ин, бо мусоидати сафоратхонаҳои ҳарду кишвар ва ҳамкории муштарак бо ниҳодҳои дахлдори тарафҳо Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор таҳия ва мувофиқа гардид, ки имрӯз тибқи тартиби корӣ ба имзо расид.
Дар назар аст, ки тарафҳо талаботи хизматрасониҳои дахлдорро барои қабул ва рушди чунин ҳамкорӣ, инчунин омӯзиши забон ва касб, интиқол ва ҷалби неруи корӣ байни кишварҳоро дар доираи қонун, қоида ва қонунгузории мавҷудаи ҳар ду давлат ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии дахлдори байналмилалӣ сода менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки яке аз талаботҳои асосии корфармоёни Ҷумҳурии Корея ин донистани забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ мебошад. Вазорат бо назардошти талаботи мазкур омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои мавриди талаботи бозори меҳнати Кореяро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии системаи вазорат ба роҳ мондааст. Шаҳрвандони хоҳишманди кор дар Корея метавонанд тавассути муроҷиат ба МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, “Марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, инчунин 3 Маркази муосири хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, ноҳияи Восеъ ва 2 Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Данғара ба курсҳои омӯзиши забони кореягӣ ҷалб гарданд.
Дар Ёддошти тафоҳум механизми ҳифзи ҳуқуқ, манфиат ва озодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Ҷумҳурии Корея ба инобат гирифта, муқаррароти он пурра ба манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, оқибатҳои манфӣ надоранд. Интизор меравад, ки шуруъ аз оғози соли 2025 интиқоли қувваи корӣ ба Корея дар заминаи Ёддошти мазкур сурат мегирад.