img
Машғулияти идоравӣ оид ба Тартиби пешниҳоди эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ

Санаи 22 январи соли 2026 дар дастгоҳи марказии вазорат оид ба Тартиби пешниҳоди эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411 «Дар бораи эъломия оид ба андоз аз даромад» ва аз 24 июли соли 2020, №412 «Дар бораи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ» машғулияти идоравӣ баргузор гардид.

 

Дар машғулият Умаров Ҳабибулло, Ҳисайнов Шорухон ва Бобоев Шариф кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, ба хизматчиёни давлатӣ тарзи дуруст пешниҳод намудани эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкро тариқи электронӣ фаҳмонида ба саволҳои кормандон ҷавоб доданд.

22.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ