img
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ ОИД БА ҲАМКОРӢ БО ДИАСПОРАҲОИ ТОҶИКОН ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ

 

13 сентябри соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзии назди вазорат бо иштироки вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, намояндагони вазорату идораҳо инчунин диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома рафти иҷрои қарорҳои протоколи №2 маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузориши намояндагони вазорату идораҳои масъул шунида шуд.

 

Масъалаи ҳамкории диаспораҳои тоҷикон (ҷамъияти тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бурдани корҳои таблиғотӣ-ташфиқотӣ оид ба фарҳанг, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу ихтисос мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

 

Роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лутенко Виктор дар мавзуи “Омӯзиши таҷрибаи пешқадам оид ба ҳамкорӣ бо диаспора, ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ” суханронӣ намуда, ба ҳозирин аз таҷрибаи давлатҳои дигар мисолҳои  мушаххас овард.

 

Дар ҷаласа қайд гардид, ки бо кушишу талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Точикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.

 

Рафти иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 дар мавзуи имкони иштирок дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҳаллии самоягузорӣ, ҷалби дороии (сармояи) диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим мебошад.

 

Роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ – диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар муҳокимаи масъалаҳо, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бурдани корҳои таблиғотӣ-ташфиқотӣ оид ба фарҳанг, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу фаъолона иштирок намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, дар фарҷоми ҷаласа як қатор намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

13.09.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ