Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 34-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзи хотирмон ва сарнавиштсози миллати тоҷик, сулҳу суботи комил қарор дорад ва ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз ин сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамкории вазорат бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъияти тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ баёнгари таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар ба масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад.
Дар ростои чунин ҳадафҳои наҷиб Сарвари давлатамон зимни сӯҳбату вохӯриҳои гарму самимие, ки ҳангоми сафарҳои худ бо тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ анҷом медиҳанд, ҳамеша таъкид менамоянд, ки “ҳамватанони бурунмарзӣ ба корҳои созандагӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш ҷалб карда шаванд ва онҳо бояд шарикони доимии Ҳукумат дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд”.
Қобили тазаккур аст, ки ҳадафи мазкур бо самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии кишвар, аз ҷумла роҳандозии чораҳои муассир барои такмили қонунгузорӣ, андешидани тадбирҳои лозима бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорон, бахусус ҷалби сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар созгор мебошад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ мондааст.
Бо кушишу талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.
Дар ин замина иқтидори диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ имрузҳо дар давлатҳои хориҷ хело бузург буда, кору фаъолият ва нуфузи онҳо мавриди эҳтироми хосаи мақомоти кишварҳои иқомат гардидааст. Қобили қайд аст, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2020 дар дастгоҳи марказии вазорат шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъсис дода шуд.
Бо мақсади ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамкорӣ кардан бо онҳо барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №277 “Оид ба тасдиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар” қабул гардидааст, ки ҷиҳати татбиқи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №213 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.
Мақсади асосии Консепсия ҷалб ва сафарбар намудани диаспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ ва инчунин ҳамкорӣ кардан бо онҳо барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи банди 1-и Нақшаи чорабиниҳои мазкур дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шурои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ” аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ” таъсис дода шудааст.
Шурои ҳамоҳангсоз бо мақсади рушди ҳамкории вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъияти тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъсис дода шуда, мақоми машваратӣ мебошад. Айни замон, ҳамасола як маротиба ҷаласаҳои ин Шуро бо иштироки аъзои он баргузор гардида истодааст. Инчунин, дар асоси банди 2 Нақшаи мазкур дар назди вазорат Cомонаи интернетӣ (diaspora.tj) бо мақсади робитаи доимӣ ва ташаккули махзани маълумоти иттилоотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ соли 2023 таъсис дода шуда, айни замон фаъол мебошад.
Айни замон, ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Украина, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Туркия, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, давлати Подшоҳии Нидерланд ва дигар кишвар фаъолият доранд, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо роҳбарони диаспораҳо ва ҳамватанони бо нангу номус бо мақсади ҷалби соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ ва сармоягузорони корхонаву ширкатҳои муштарак ҳамчун шарикони рушди кишвар, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншоот ва ғамхорӣ нисбати ҳамватанон саҳми арзанда доранд, корбарӣ намуда истодаанд.
Шумораи умумии ҳамватанони бурунмарзие, ки саҳми худро барои рушди соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 гузоштаанд, сол то сол зиёд шуда истодааст. Дар давоми ин солҳо зиёда аз 1000 нафар фарзандони бо нангу номус дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаҳои мазкур саҳмгузорӣ намудаанд.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд, ки “Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар сафири фарҳангии кишвари худ мебошад. Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз зарур аст, ки ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошед, Тоҷикистонро қисмат накунед ва ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мо як Ватан – Модар дорем.
Дар куҷое, ки кору зиндагӣ мекунед, эътибору обрӯ ва шаъну шарафи миллатамонро нигоҳ доред, то тавонед, хубӣ кунед, агар хубӣ аз дастатон наояд, ба дигарон зарар нарасонед ва номи миллати куҳанбунёди тоҷикро доғдор насозед ва барои рушду тараққиёти Тоҷикистон, ободиву пешрафти Ватани аҷдодии худ ва зодгоҳатон саҳми арзишманд гузоред”.
Бо мақсади ҳавасманд намудан ҳамасола ҳангоми ҷашну маросимҳои расмӣ, аз ҷумла ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рузҳои Ваҳдати миллӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврӯз, роҳбарон ва аъзои диаспораҳои тоҷик, (ҷамъиятҳои тоҷикон), соҳибкорон ва ҳамватанон бурунмарзӣ мунтазам аз ҷониби вазорат якҷо бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ даъват карда шуда, бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Зимни даъвати роҳбарони диаспораҳо (ҷамъияти тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба кишвар ҳангоми ҷашну маросимҳои расмӣ, бахшида ба рӯзҳои ид барои онҳо чорабиниҳои гуногун (фароғатӣ ва сайёҳӣ) ташкил карда мешаванд.
Айни замон, дар Федератсияи Россия бо мақсади муаррифии шоистаи фарҳанг, таърих, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ фаъолияти Шурои ҷамъиятӣ дар назди Сафорати Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар Шуро масъалаҳои фарҳанг, маориф, ҷавонон, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, ҷалби сармоягузорӣ ва расму оинҳои динӣ пайваста мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), ҳамватанони бурунмарзӣ барои тақвияти ҳамкориҳо ва густариши робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вохӯриҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мунтазам баргузор мегарданд.
Ин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки масъалаҳои рушди иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ шаванд. Ҳамзамон, вохӯрию суҳбатҳо бо диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади фаҳмондадиҳӣ оид ба сиёсати давлати Тоҷикистон мунтазам баргузор мешаванд. Ин тадбирҳо эҳсоси ватандӯстӣ, масъулият ва ҳамбастагии миллиро тақвият бахшида, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи боэътимод мегузоранд.
Бо ин назардошти ҳамаи чорабиниҳои болозикр бо ҳадафи муаррифии фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ амалӣ гардида, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар қалбҳои ҳамватанон бедор менамоянд ва онҳоро ба саҳми фаъолона дар рушди Ватан ва ҳифзи манфиатҳои он даъват мекунад.
Мақсатуллозода ПАРВИЗ.
Муовини сардори раёсат, сардори шӯъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии раёсати муҳоҷирати аҳолӣ