img
БЕХАТАРӢ, ҲИФЗИ МЕҲНАТ ВА ПЕШГИРИИ ШУҒЛИ ҒАЙРИРАСМӢ

Аз ҷониби Шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади иҷроиши банди 3-юми Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2025 – «ҷиҳати таъмини иҷрои қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмонҳо, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш, махсусан фавт ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бинову иншооти бунёдшаванда» семинари омӯзишӣ  баргузор карда шуд, ки дар доираи семинари мазкур муҳимтарин масъалаҳо вобаста ба бехатарӣ, ҳифзи меҳнат пешгирии шуғли ғайрирасмӣ мавриди фаҳмонидан қарор гирифтанд.

 

Таъкид карда шуд, ки масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе зери таваҷҷуҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

 

Чорабинии мазкур дар Ҷамияти дорои масъулияташ маҳдуди «Капитал-АА-2014», «Азизӣ-сохтмон», «Сарвар-иншоот», «Иншооти сол», «Хона ва сармоя» баргузор шуд, ки дар доираи он қонунгузории ҶТ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, экспертизаи шароити меҳнат, пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва пешгирии шуғли ғайрирасмӣ аз ҷониби мутахассисон мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд.

 

Қайд гардид, ки барои ҳар як ташкилоту муассиса риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳатмӣ буда, таъмини шароити мувофиқи корӣ, истифодаи дурусти таҷҳизот ва техника, гузаронидани дастурдиҳӣ (инструктаж) барои кормандон ва истифодаи воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, ба мисли тоскулоҳ, дастпӯшак ва либоси махсусро фароҳам оваранд.

 

Ҳамзамон қайд шуд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ метавонад ба оқибатҳои вазнин, аз ҷумла, ҷароҳат, бемориҳои касбӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ оварда расонад. Масъулини ташкилоту муассисаҳо уҳдадор мебошанд, ки муҳити бехатарро барои кормандон фароҳам оваранд, кормандонро мунтазам омӯзонанд ва вазъи коршоямии таҷҳизотро пайваста назорат кунанд.

 

Дар баробари ин, ҳар як корманд бояд масъулияти шахсии худро низ дар ин самт дарк намояд. Танҳо дар сурати риояи дақиқи қоидаҳо мо метавонем муҳити кори бехатар ва самаранокро таъмин намоем, иброз намуданд дар идомаи чорабинӣ.

 

Масъулин дар семинари омӯзишии мазкур қайд намуданд, ки соҳаи сохтмон яке аз соҳаҳои хавфнок ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа кормандон бо техникаи вазнин, кор дар баландҳо, кор бо барқ ва маводҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Аз ҳамин сабаб эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ аз назар дур нест.

 

Ба ҳозирин фаҳомонида шуд, таҷриба нишон медиҳад, ки сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохуши ситеҳсолӣ дар сохтмонҳо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, истифодаи нодурусти таҷҳизот, надоштани дониш ва малакаи кофӣ, беэътиноӣ ва беаҳамиятӣ дар ҷараёни кор, набудани назорати қатъӣ аз ҷониби масъулин ва монанди инҳо ба ҳисоб мераванд.

 

Бинобар ин кормандон ва корфармоён бояд ба таври ҷиддӣ пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳоро андешандд. Яке аз чунин тадбирҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ гузаронидани дастурдиҳии мунтазам барои ҳамаи кормандон ба ҳисоб меравад. Ҳар як корманд бояд қоидаҳои бехатариро хуб донад ва риоя кунад. Дар ин маврид истифодаи воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ҳатмӣ мебошад. Тоскулоҳи муҳофизатӣ, камарбанди бехатарӣ, пойафзоли махсус ва дастпӯшакҳо метавонанд сабаби пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо бошанд.

 

Назорати ҳолати техникии таҷҳизот бояд доимӣ пиёда шавад. Таҷҳизоти вайрон ё фарсуда метавонад сабаби ҳар гуна садама гардад. Ҳангоми кор дар баландӣ бояд чораҳои махсуси бехатарӣ андешида шаванд, аз ҷумла, истифодаи василаҳои мустаҳкам ва боэътимод. Масъулин бояд муҳити бехатари кориро таъмин намуда, иҷрои қоидаҳоро пайваста назорат кунанд.

 

Масъалаи дигаре, ки дар семинари омузишии мазкур аз ҷониби намояндагони Шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе мариди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд, пешгирии машғул шудан ба шуғли ғайрирасмӣ ва ҷалби шуғли ғайрирасмӣ мебошад.

 

Зикр гардид, ки мутаассифона имрӯз ҳастданд шаҳрвандоне, ки ба шуғли ғайрирасмӣ машғуланд. Кормандонро ба кор ҷалб намуда, ҳуҷҷатҳои кории онҳоро тибқи қонунгузорӣ ба расмият намедарорад. Яъне кор мекунанд, аммо шартномаи меҳнатиро ба таври расмӣ бо корфармоён набастаанд. Чунин ҳолат аз омори расмӣ пинҳон гашта, ба қонунвайронкунӣ оварда мерасонад, ба монанди пинҳон доштан аз андозҳои дахлдор. Қайд карда шуд, ки сабабҳои машғул шудан ба шуғли ғайрирасмӣ пеш аз ҳама аз надонистани қонун ва аз маърифати пасти корманд вобастагӣ дорад. Онҳо фикр мекунанд, ки  ҳар чӣ тезтар кор меёбанд, баъзеҳо бошанд, ҳуҷҷат надоранд ё ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намекунанд ва  ё фикр доранд, ки ба таври расмӣ кор намудан душвор мебошад. Аммо шаҳрванд бояд донад, ки машғул шудан ба шуғли ғайрирасмӣ ба фоидаи ӯ набуда, аз аксарият ҳуқуқу имкониятҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ маҳрум мегардад. Ҳамзамон ҳангоми машғул шудан ба шуғли ғайрирасмӣ шахс аз кафолатҳои иҷтимоӣ маҳрум мешавад, ба монандӣ –гирифтани нафақа, рухсатии меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, ҳангоми бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ маҳрум гаштан аз гирифтани кумакпулӣ ва ғайра. Дар баробари ин, корфармоён низ бояд масъулиятро эҳсос кунанд ва кормандонро тибқи қонунгузории меҳнат ба кор қабул намоянд, ва ҳуҷҷатҳои онҳоро ба расмият дароранд.

 

Моддаи 35  Конститутсияи ҶТ муқаррар менамояд, ки: “Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

 

Тавре зикр карда шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат ва ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст.

 

«Муҳайё намудани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнат барои ҳар як корманд хеле зарур аст, зеро аз се як ҳиссаи умри инсон дар ҷойи кор мегузарад. Аз ин рӯ, шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе бо ин мақсад семинари мазкурро бо ҷалби доираи васеи ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр ташкил намуда, дар он даъват карда шуд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ таъмини ҳуқуқ ба шароити меҳнати ҷавобгӯи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенӣ;- афзалияти ҳаёт ва саломатии корманд нисбат ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ; - танзими давлатии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҳифз ва риоя карда шаванд.

 

Шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ниҳоде, мебошад, ки назорати давлатиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр ба амал бароварда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар самти мазкур таъмин менамояд.

 

Дар охири семинари омузишии мазкур мубодилаи афкор байни кормандону мутахасисони Шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сурат гирифта, ҳозирин ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  

 

 

17.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ