МУЗДИ МЕҲНАТИ АЗ ҲАМА БАЛАНД БА СОҲАҲОИ ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК, ТАЪМИНИ НЕРУИ БАРҚ, ГАЗ, БУҒ ВА ХУНУККУНИИ ҲАВО ВА СОХТМОН МАНСУБ АСТ
Музди меҳнати аз ҳама баланд соли 2023 дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок беш аз 3 ҳазору 646 сомонӣ, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво- 3 ҳазору 634 сомонӣ, сохтмон- беш аз 3 ҳазор сомонӣ, маориф- 1 ҳазору 645 сомонӣ ва дар соҳаи тандурустӣ- 1 ҳазору 344 сомониро ташкил дод.
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО БО НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ДАР ТОШКАНД БАРРАСӢ ГАРДИД
Масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои табиӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Барномаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба ҳифзи муҳити зист хонум Ингер Андерсон дар Тошканд баррасӣ гардид.
ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷрои