ФАРОГИРИИ ҶАВОНОН БА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ
Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони асили Пешвои миллат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар ҳамчун нерӯи созанда ва бунёдкор эътимоди комил доранд ва дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҷавонон аз мавқеи хос бархӯрдор аст.
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ
13 сентябри соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзии назди вазорат бо иштироки вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, муовинони вазирони меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндаи корҳои хориҷӣ, маориф ва илми Ҷ
Тоҷикистону Қазоқистон-уфуқҳои нави дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ
Ниятҳои неки ҳамзистии осоишта, ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон яке аз паҳлӯҳои дигари сиёсати сулҳофар, созанда, хирадмандона ва бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
БАРРАСИИ ВАЗЪИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2023-2024
22 юми сентябри соли 2023 маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа баргузор шуда, масъалаи омодагии вазорат ва сохторҳои он ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.