ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ТАЪКИД МЕСОЗАМ, КИ ҲАР ОИЛАИ МАМЛАКАТ БОЯД БА МУҲЛАТИ ТО ДУ СОЛ ЗАХИРАИ МАВОДИ ЗАРУРИИ ҒИЗОӢ ДОШТА БОШАД»
Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар оилаи мамлакат даъват намуданд, ки ба муҳлати то ду сол маводи зарурии ғизоӣ захира намояд.
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ». Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз 28 уми январи соли 2024 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса таҷлил гардид,
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ҲАСАНЗОДА ГУЛНОРА КЕНҶА БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЛИМИРЗАМИН АСКЕРОВ
Санаи 26 январи соли 2024 вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров баргузор гардид.