ТАВСИЯҲОИ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28.10.2022.
Бо мақсади таъмини рушди устувори бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни конференсия дар сессияи тематикии №1: “Масъалаҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул, такмили муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ”, тавсияҳои зеринро пешниҳод намуданд:
Бори нахуст муаррифӣ намудани таъомҳои миллӣ аз ҷониби магистрон- хизматчиёни давлатӣ дар Донишгоҳи Хиросимаи кишвари Ҷопон
Ҳамасола чун анъана дар моҳи ноябр бахшида ба Рӯзи кушодашавии “Мактаби олии рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ” чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони раёсати донишгоҳ, донишҷӯён, магистрон ва докторантон аз кишварҳои гуногуни олам, ки дар Донишгоҳи Херосимаи кишвари Ҷопон таҳсил мекунанд дар шароити мутантан баргузор карада мешавад. Чун анъана дар ин ч
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ БО ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Имрӯз, 10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода баргузор гардид.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 16 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он баргузор гардид.
БАРРАСИИ ТАҲИЯИ БАРНОМАИ РАҚАМИИ БАҚАЙДГИРИИ БЕКОРОН
Имрӯз, 21 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, ширкати Дониш-Софт, роҳбарият ва кормандони масъули вазорат муҳокимаи лоиҳаи Барномаи рақамии бақайдгирии бекорон баргузор гардид.
Баргузории машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Идеологияи миллӣ воситаи мубориза бар зидди идеологияи терроризм ва экстремизм”
Имрӯз, 22 ноябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин коршинос аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Идеологияи миллӣ воситаи мубориза бар зидди идеологияи терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ ЛОИҲАИ МИНТАҚАВИИ DARYA
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронси лоиҳаи минтақавии DARYA, ки ташаббускори он Хазинаи аврупоии омӯзиш мебошад, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия намояндагӣ намуданд. Конфронси мазкур нимаи дуюми рузи 22 ноябри соли ҷорӣ оғоз шуда, нахуст намояндаи Иттиҳоди Аврупо, вазо