Модар бузургтарин ва муқаддастарин шахсият дар зиндагии инсон мебошад. Аз лаҳзаи аввалини ҳаёт инсон меҳру муҳаббат, тарбия, меҳрубонӣ ва ғамхории бепоёни худро аз модар дарёфт мекунад. Аз ин рӯ, дар фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷик эҳтирому арҷгузорӣ ба модар ҳамеша мақоми махсус дошта, симои модар ҳамчун рамзи меҳру вафо, сабру таҳаммул ва фидокорӣ васф гардидааст.
Ҷашни Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар оғози фасли баҳор таҷлил мегардад, рамзи эҳтирому қадрдонии занону модарон дар ҷомеаи тоҷик мебошад. Ин ҷашни пурифтихор на танҳо рамзи муҳаббат ба модар, балки ифодаи ҷойгоҳи баланди зан дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар низ ба шумор меравад. Модар нахустин мураббӣ ва омӯзгори фарзанд аст. Аз оғӯши гарми модар инсон аввалин дарсҳои зиндагӣ – меҳрубонӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ва масъулиятро меомӯзад.
Тарбияе, ки модар ба фарзанд медиҳад, дар ташаккули шахсият ва ояндаи ӯ нақши ҳалкунанда мебозад. Бинобар ин, бузургони илму адаби тоҷик мақому манзалати модарро ҳамеша ситоиш намудаанд. Дар ин маънӣ, муҳаббати модар ба фарзанд низ бузургтарин неъмати зиндагӣ маҳсуб меёбад. Модар бо меҳру муҳаббати беандоза фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, онҳоро ба хизмати Ватан ва ҷомеа омода месозад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Давлат ва Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлат, иқтисодиёт ва ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир амалӣ менамоянд. Ташаббусҳои давлатӣ барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи занон, ҷалби онҳо ба фаъолияти иқтисодӣ ва рушди соҳибкорӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд. Имрӯз шумораи зиёди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда, дар рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз занони тоҷик дар бахшҳои гуногун аз ҷумла маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ, саноат, кишоварзӣ ва соҳибкорӣ фаъолона кору фаъолият менамоянд. Онҳо на танҳо ҳамчун кормандони баландихтисос, балки ҳамчун роҳбарон, соҳибкорон ва ташаббускорони лоиҳаҳои иҷтимоӣ низ саҳм мегузоранд.
Бо мусоидати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуни омӯзиши касбӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ амалӣ карда мешаванд, ки дар онҳо шумораи зиёди занон иштирок менамоянд.
Ин барномаҳо ба занон имконият медиҳанд, ки касбу ҳунар омӯзанд, малакаҳои касбии худро такмил диҳанд ва дар бозори меҳнат мавқеи устувор пайдо намоянд. Давлат барои баланд бардоштани сатҳи шуғли занон тадбирҳои гуногун меандешад. Аз ҷумла, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили курсҳои омӯзиши касбӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии онҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд.
Ҳамчунин, дар доираи барномаҳои давлатӣ занони бекор ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб гардида, баъди хатми курсҳо барои таъсиси фаъолияти соҳибкорӣ ё пайдо намудани ҷойи корӣ мусоидат карда мешавад. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии оилаҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Дар воқеъ саҳми занон дар рушди иқтисодиёт на танҳо дар фаъолияти меҳнатӣ, балки дар ташаккули фарҳанги меҳнат, масъулиятшиносӣ ва тарбияи насли меҳнатдӯст низ хеле муҳим мебошад. Зан ҳамчун модар ва тарбиятгар насли ояндаро ба меҳнатдӯстӣ, донишандӯзӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, дастгирии занон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ҷомеаи имрӯз эҳтироми зан ва модар на танҳо арзиши маънавӣ, балки заминаи устувори рушди ҷомеа мебошад. Зеро тарбияи насли солиму ватандӯст аз муҳити оила ва пеш аз ҳама аз домани модар оғоз меёбад. Бо дастгирии пайвастаи давлат имрӯз занони тоҷик дар пешрафти кишвар нақши назаррас доранд. Онҳо дар рушди иқтисод, таҳкими арзишҳои миллӣ, тарбияи насли наврас ва пойдории оила саҳми бузург мегузоранд.
Ҳамин аст, ки эҳтирому қадршиносии модар ва зан бояд ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта бошад, чунки модар рамзи зиндагӣ, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯи созандаи миллат мебошад. Таҷлили Рӯзи Модар рамзи эҳтироми амиқи ҷомеа ба занону модарон мебошад. Арҷгузорӣ ба модар дар асл арҷгузорӣ ба инсон, ба оила ва ба ояндаи миллат аст.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занону бонувон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Модар – чароғи хонадон, сарчашмаи меҳр ва рамзи покии зиндагист. Пас арҷгузорӣ ба модар ва эҳтироми зан вазифаи муқаддаси ҳар як инсон ва ҷомеа мебошад.
КАРИМЗОДА Насим Самиҷон,
муовини якуми вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон