Ҳамкориҳои дуҷониба густариш меёбанд
Имрӯз, 20 октябри соли ҷорӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ализода ҳайати роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар (ТИКА) Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Эрбирро ба ҳузур пазируфта, барои дастгирӣ ва саҳми арзандаи ТИКА дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон изҳори миннатдорӣ намуд.
Иҷрои муқаррароти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»
Мусаллам аст, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ КВДФ «ХАДАМОТИ ШИНОСНОМА ВА РАВОДИД»-И ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Имрӯз, 19 октябри соли 2022 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Нодирӣ Ш.А. бо мақсади ба роҳандозии ҳамкорӣ ҷиҳати баррасии имкониятҳои таъсиси намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид» -и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ баргузор гардид.
ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2022 БАРРАСӢ ШУД
Имрӯз, 11 октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазир Амонзода Ширин Шодӣ маҷлиси васеи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022» баргузор гардид.
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ДАР НУҲ МОҲ
Рӯзи 10 октябри соли 2022 натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён дар нуҳ моҳи соли 2022 дар маҷлиси васеъ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, сохторҳои маҳаллӣ ва фаъолон доир гардида, дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иштирок намуд.