Муҳоҷирати меҳнатӣ раванди мураккаб буда, бо назардошти дигар омилҳо бештар ба номувозинатии бозори меҳнат вобастагӣ дорад. Омӯзиши васеи ин зуҳурот ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри 19 оғоз гардидааст. Агар ба таърихи начандон дури он назар андозем, дар даврони қабл аз истиқлолияти давлатӣ ба мардикорӣ рафтани мардуми кӯҳистони тоҷик вуҷуд дошт, вале пажуҳишгарон аслан баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон оид ба ин раванд ибрози андеша намуданд. Дар баробари ин, дар замони муосир муҳоҷирати зеҳнӣ низ бисёр маъмул аст, ки барои омӯзиши васеи донишҳои замонавӣ ва истифодаи он дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Доираи мавзуи муҳоҷирати меҳнатӣ хеле васеъ буда, дар мақола мехостам вобаста ба сабабҳои заминавии маъмул гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша намоям.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар баробари ба миён омадани мушкилот дар дигар соҳаҳо дар бозори меҳнати собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ номувозинатии ҷиддӣ ба миён омада, муҳоҷирати меҳнатӣ ривоҷ гирифт. Ҳамон давра дар баъзе ҷумҳуриҳо ҷойи кор нисбат ба қувваи корӣ дар таносуби мусбат қарор дошта, дар дигар ҷумҳуриҳо, баръакс, қувваи корӣ нисбат ба ҷойи кор зиёд буд. Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ давлат барои ба танзим даровардани бозори меҳнат ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ корхонаю коргоҳҳо бунёд намуда буд, ки маҳсулоташон барои ин минтақа зиёд лозим набуда, ҳатто ашёи хомро аз дигар минтақаҳо тавассути қатораҳо барои фаъолияти корхонаҳо мефиристод. Ин тадбирҳо бештар бо мақсади ташкили ҷойи кор ва танзими бозори меҳнат андешида мешуданд. Дар ин давра дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ рушди саноатӣ таъмин намегардид ва аҳолӣ бештар ба соҳаи кишоварзӣ машғул буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба доштани релефи ноҳамвор (93 фоизаш кӯҳсор аст) ҷумҳурии аграрӣ маҳсуб шуда, ҳиссаи асосии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ буд. Корхонаҳои саноатие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд, аксарияти ашёи хомашон аз дигар ҷумҳуриҳо таъмин карда мешуд. Илова бар ин, набудани бандари обӣ, вазъи ноороми минтақа хусусан дар сарҳад бо Афғонистон ва ба таври назаррас таъмин накардани мамлакат бо сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти нафтӣ монеаҳои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафтанд. Пахтаю пашм маҳсулоти асосии истеҳсолоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, хосса мамлакати моро ташкил медод. Вале аксари корхонаҳои саноатии коркарди ин маҳсулот дар дигар ҷумҳуриҳои берун аз Осиёи Марказӣ сохта шуда буданд. Ҳатто истеҳсоли нуриҳои минералӣ, ки барои самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ зарур буд, аз дигар ҷумҳуриҳо ворид мешуд.
Истифодаи самараноки иқтидори энергетикӣ ва рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, ки бе таъмини он тасаввури рушди соҳаи саноат ва умуман рушди иқтисоди миллӣ ғайриимкон аст, дар давраи пеш кофӣ набуд. Бо гусаста шудани занҷираи энергетикӣ неруи барқе, ки дар ҷумҳурии мо истеҳсол мегардид, ҳатто барои истифодаи аҳолӣ нокифоя буд.
Дар умум саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи он давра ба мисли занҷираи пайваста фаъолият мекард, ки ба нигоҳдории тавозуни бозори меҳнат мусоидат менамуд. Соҳаи саноат ва энергетика бахшҳои муҳимми рушди иқтисод маҳсуб шуда, соҳаи калидӣ барои таъмини ҷойи кор ба шаҳрвандон, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронида, паст намудани сатҳи тавварум, нигоҳдории қурби пули миллӣ, танзими бозори меҳнат ва ниҳоят коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ маҳсуб мешавад. Вале ин ду соҳаи муҳимми хоҷагии халқи Тоҷикистон бо мероси пеш аз давраи истиқлоли давлатӣ боқимонда наметавонист рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва вобаста ба қонунҳои бозор (тақозою арза) тавозуни қувваи корӣ ва ҷойи корро таъмин намояд.
Омили дигари ривоҷи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад. Дар баробари хисороти барқарорнашавандаи ҷонӣ (зиёда аз 150 ҳазор) иқтисодиёти мамлакат даҳҳо миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, рушди иқтисодӣ якчанд даҳсола ба таъхир афтод. Даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бо сабаби нарасидани ашёи хом, қувваи барқ, коҳиш ёфтани мубодилаи молу маҳсулот аз кор монда, инфрасохтори маҳал хароб гардид.
Қариб даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии ҷумҳурӣ ба хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва барқарор намудани рукнҳои давлатдорӣ машғул буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ вазъи ногувори бозори меҳнатро дар ҷумҳурӣ бадтар намуд. Яъне бештар маъмул гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон сабабҳои объективӣ дорад. Ҳамсоякишварҳо, ки дар ин давра баръакси Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ба рушди иқтисодӣ машғул гардиданд, вале то ҳол бозори дохилии меҳнатро пурра ба танзим надаровардаанд ва шаҳрвандони онҳо низ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Рушди соҳаи саноати давлатҳои мутараққӣ бештар ба давраи низоми капиталистӣ (синфи сармоядор ва коргар) рост меояд. Мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мамлакати мо вобаста ба таҳаввулоти дар ҷомеа ба миёномада аз форматсияи ҷамъиятии феодалӣ якбора ба сотсиалистӣ гузашта, низоми ҷамъиятии капиталистиро сарфи назар намуданд. Саноат, энергетика ва рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз заминаҳои таърихӣ ва мероси дар мамлакат то ба замони соҳибистиқлолӣ боқимонда вобастагии зич дорад.
Вобаста ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош ва корҳои дар ин самт анҷомдодаи давлату ҳукумат барои огоҳонидани шаҳрвандон мақоми ваколатдори соҳаро (Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ) зарур аст, ки аз ҳама гуна воситаҳои ахбори омма васеъ истифода намояд. Дар ин росто, шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯз ба майдони муборизаҳои гурӯҳӣ, динию мазҳабӣ ва геосиёсӣ табдил ёфта (зиёда аз 60 фоизи хонандагони нашрияҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯч бастаанд), бояд самаранок истифода (саҳифаи расмии мақомоти ваколатдор таъсис додан лозим) карда шавад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти хоси худро дорад. Аслан нафароне, ки аз ҳама лиҳоз ба камол расидаанд, дар муҳоҷират низ муваффақ мегарданд. Зеро тарафҳо барои манфиати иқтисодӣ аз ҳама омилу усул ва роҳу равиш истифода менамоянд. Хусусан дар ҷумҳурии будубоши муҳоҷирот афзалияти бештарро корфармо доро буда, табиист, ки баъзан дар муносибатҳои меҳнатӣ роҳҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ низ истифода мегарданд.
Зиракии сиёсие, ки Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, дар мамлакат ва бештар дар берун аз он зарурӣ аст. Мондан дар ҳолати ногувори иқтисодӣ, надонистани забонҳои хориҷӣ, надоштани донишҳои дунявию динӣ, ҳолати ногувори равонӣ дар муҳоҷират заминаи мусоид барои гурӯҳҳои манфиатхоҳ (эммисарҳо) барои ҷалб намудани муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маҳсуб меёбад.
Муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни мамлакатҳо дар доираи манфиатҳои тарафайн амалӣ мешаванд. Дар ин миён муҳоҷирати меҳнатӣ дар сиёсати бисёр мамлакатҳои пешрафтаи қораи Амрикою Аврупо масъалаи ҳалталаб боқӣ монда аст. Ин муҳимият то ҳадде аст, ки дар барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми президентӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ муҳоҷират ва масъалаҳои марбут ба он дар мадди назар қарор доранд. Ба маврид аст аз чораҳои пешгирии вуруди муҳоҷирон ба мамлакатҳои Аврупо дар заминаи ҳамкории давлатҳои гуфташуда бо Туркия ёдовар шавем. Дар даврони низоъ дар мамлакатҳои Ховари Миёна теъдоди зиёди аҳолӣ барои дарёфти ҷои амни зиндагӣ маҳалли зисташонро тарк карданд. Дар байни онҳо теъдоди зиёди ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ низ буданд, ки кӯшиши ворид шудан ба мамлакатҳои ғарбиро доштанд.
Дар натиҷа, Иттиҳоди Аврупо водор шуд, ки марказҳои қабули муҳоҷирон, гурезагон ва паноҳҷӯяндагонро дар мамлакатҳои Юнон, Италия ташкил намояд. Вале дар ниҳоят, ба лагерҳое табдил ёфтанд, ки одитарин шароити нигоҳдории муҳоҷиронро надоранд. Ҳол он ки ҳар омил, раванд ва зуҳуроте, ки бар манфиати дилхоҳ давлат нест, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути қонунҳои амалкунанда пешгирӣ карда мешавад…
Аз рӯи омори соли 2023-и Созмони ҷаҳонии кор зиёда аз 270 миллион нафар дар муҳоҷират қарор доранд. Дар баробари ҷанбаи иқтисодӣ доштанаш муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки ба табиати инсон низ вобаста мебошад. Бояд иброз намуд, ки дар ҳолати сатҳи баланди рушд қарор гирифтани иқтисодиёти мамлакат низ мо наметавонем пеши роҳи муҳоҷиратро гирем. Вобаста ба майлу хоҳиш ва қонунҳои умумибашарӣ нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд дар муҳити дигар кору зиндагӣ намоянд.
Будубоши аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Федератсияи Русия рост меояд. Дар баробари ин, зиёда аз сӣ ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи дунё таҳсил менамоянд, ки бо омӯзиши илмҳои замонавӣ ва рушди сармояи инсонӣ метавонанд дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ саҳм гузоранд.
Саҳми маблағи муҳоҷирон дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ хоси мамлакати интиқолкунанда ва қабулкунандаи қувваи корӣ мебошад. Мамлакатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар таҳияи қисми даромади буҷет даромади аз ҳисоби иҷозатномагирӣ ва фаъолияти гуногуни муҳоҷиронро ба назар гирифта, мувозинати бозори меҳнатро таъмин намуда, бо истифода аз қувваи кории нисбатан арзон рушди иқтисодиро то дараҷае таъмин менамоянд. Дар баробари ин, бинобар мушкилоти демографӣ ва нарасидани мутахассисони соҳаҳои гуногун барномаҳои махсуси давлатӣ таҳия гардидаанд, ки барои ҷалби шаҳрвандони касбу кори гуногун ва додани шаҳрвандии давлати будубош амалӣ мешаванд. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки мамлакатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон аз ин раванд бештар манфиат доранд. Дар маҷмуъ, муҳоҷират ангезаи иҷтимоие аст, ки метавонад муносибати байни қавму миллатҳоро бо назардошти манфиатҳои муштарак танзим намояд. Аз ин рӯ, онро метавон мусбат ё манфӣ арзёбӣ кард.
Пайомадҳои мусбати муҳоҷират:
— маблағҳои воридгардидаи муҳоҷирони меҳнатӣ манбаи муҳими яке аз амалиёти молиявӣ дар низоми бонкии мамлакат аст;
— маблағҳои интиқолёфта, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодии оилаҳо ва дар маҷмуъ, ба афзоиши ММД мусоидат менамоянд;
— муҳоҷирон бо ихтисос, бахусус, дар соҳаи сохтмонӣ баргашта, талаботи бозори дохилиро ба мутахассисони касбӣ қонеъ менамоянд;
— ба тамоюли ворид намудани технологияи муосир ба ҷумҳурӣ ва ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Пайомадҳои манфии муҳоҷират:
— майли захираҳои зеҳнӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба муҳоҷират ба рушди соҳаҳои алоҳидаи мамлакати интиқолдиҳандаи муҳоҷир таъсири нисбатан манфӣ мерасонад;
— фазои фарҳангиву иттилоотии бегона, раванди бегонашавӣ аз ҳувияту номуси миллӣ, рафторҳои ғайриахлоқии бегона ба фарҳанги миллии муҳоҷирон то андозае таъсиргузор хоҳад буд;
— ҷалб намудани ҷавонон барои ворид шудан ба гурӯҳҳои тундгаро ва низоъангез ва истифода намудани онҳо бар зидди мамлакатҳояшон барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ;
— муҳоҷират омили зараррасон ба ояндаи демографии ҳар мамлакати интиқолдиҳандаи муҳоҷирон буда метавонад;
— муҳҷирати меҳнатӣ яке аз омилҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ низ ба ҳисоб меравад.
Дар ниҳоят, муҳоҷирати бетанзим аз доираи сарчашмаи даромади молиявӣ берун рафта, табдил ёфтани он ба василаи таъсиррасони сиёсию мафкуравӣ аз эҳтимол дур нест.
Муҳоҷирони меҳнатӣ бо урфу одат, расму оин, таҷриба ва дигар хусусияти миллатҳои давлати будубош шинос шуда, минбаъд вобаста ба зарурат онҳоро истифода мебаранд. Мисолҳои зиёде мавҷуд аст, ки муҳоҷирони меҳнатии мо дар давлати будубош ба муваффақияти назаррас ноил гардида, дар баробари муаррифии ҷумҳурӣ инчунин дар рушди мамлакати будубош саҳм мегузоранд.
Дар давраи ҷаҳонишавӣ фазои орому осуда ва суботи сиёсӣ аз мафкураи мардум (шуури ҷамъиятӣ) зич вобастагӣ дорад. Дар муборизаҳои иттилоотӣ, ки аксаран меъёр ва этикаи муайяни муносибат ва истифода риоя намегардад, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ вобаста ба зуҳурот, раванд ва воқеаҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандӣ ба вуқуъ мепайванданд, аз ҳар шаҳрванд дарку фаҳмиши таҳлилӣ, амиқ ва васеъ тақозо мешавад. Ҷаҳонишавӣ дар баробари таҳаввулоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ муҳоҷиратро ба манбаи таъсиррасон дар ҳаёти сиёсии мамлакатҳои интиқолдиҳандаи онҳо табдил додааст. Солҳои охир аксар мамлакатҳо ба ин раванд пайваст гардида, агар қисме содиркунанда бошанд, қисмати дигар ба қабулкунандаи қувваи корӣ табдил ёфтанд. Ҳамчун раванди иҷтимоӣ муҳоҷират ба мамлакатҳо таъсири бевосита гузошта, хусусияти глобалӣ касб намудааст. Аммо дар аксар маврид давлатҳои рӯ ба тараққӣ содиркунандаи муҳоҷирони корӣ ва мамлакатҳои саноатии мутараққӣ қабулкунандаи қувваи кории муҳоҷирон мегарданд. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират, ҳар сол теъдоди муҳоҷирони қонунӣ дар ҷаҳон аз 120 то 200 миллион нафарро ташкил мекунад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ қисми таркибии раванде аз муҳоҷират буда, муҳаррики муҳими тағйири вазъи иқтисодӣ - иҷтимоии на танҳо Тоҷикистон, балки аксар давлатҳои ҷаҳон низ ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун раванд гуногуншакл ва мураккаб буда, таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибааш муҳим аст ва натиҷаи корҳои таҳлилиро метавон дар такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор дод. Зеро ин раванд аз ворид шудани муҳоҷир ба мамлакати дигар, мутобиқшавии онҳо бо урфу одат ва анъанаҳои миллию эътиқодӣ, ба роҳ мондани муносибат бо мардуми муқимӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқии мамлакати қабулкунанда оғоз меёбад. Дар баъзе маврид кӯшиши риояи арзишҳои зикршуда барои муҳоҷир мушкилот пеш меоранд. Маҳз ҳамин раванд чанд соли охир мамлакатҳои қабулкунандаи муҳоҷиронро ба ташвиш овардааст.
Ҳоло гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва баъзе расонаҳои иттилоотӣ бо такя ба назари танқидӣ аз ҳама гуна омилҳо истифода намуда, ба мафкураи мардум таъсир мерасонанд ва мехоҳанд байни ҷомеа ихтилоф андозанд. Ва миёни ин омилҳо раванди муҳоҷирати меҳнатӣ низ истисно нест. Ба ин раванд аз нуқтаи назари манфӣ муносибат намуда, гӯё ин раванди бо таври сунъӣ эҷодшуда бошад ва давлату Ҳукумат барои коҳиши он кореро ба анҷом намерасонад…
Эътироф бояд кард, ки дар давлатҳои буду боши муҳоҷирон имкони бештари корбарӣ барои ҷалб намудан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ мавҷуд аст. Дар ин замина, донистану риояи қонунгузорӣ ва сатҳи корбарии бахши идеологии давлати будубоши муҳоҷирон нақши муҳим дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ ва зиёдаравии динӣ дар ҷомеа, ки замнаи аслии ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маҳсуб меёбад, аз ҷониби сохторҳои марбутаи давлат ва аҳзоби сиёсӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш бурда мешаванд. Дар ин замина мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти имсол намунаи барҷаста ва таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбари давлат барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад…
Ҳеҷ давлат манфиатдор нест, то ки шаҳрвандонаш дар дигар мамлакат фаъолият намоянд. Аксар мамлакатҳое, ки мушкилоти демографӣ ва норасоии қувваи корӣ дар бозори меҳнат доранд (Барномаи «Переселение»-Федератсияи Русия, «Корти сабз»-и Америка), бо таҳияи барномаҳои махсус мутахассисони синни аз 20 то 45-соларо бо муҳайё намудани имтиёзҳо ва додани шаҳрвандӣ бо шарту шароити нисбатан сабук барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷалб менамоянд. Зеро дар ин синн шахс дорои неруи чӣ аз лиҳози ҷисмӣ ва чӣ аз лиҳози зеҳнӣ солиму комил мебошад. Яъне ин мамлакатҳо бо ҷалби мутахассисон аз берун рушди иқтисоди миллиро ривоҷ дода, қувваи кории нисбатан арзонро истифода мебаранд.
Баръакси ин, баъзе давлатҳо тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ техникаю технологияи нав ворид намуда, илмҳои замонавиро дар иқтисодиёт татбиқ менамоянд. Дар ин ҷода таҷрибаи солҳои 50-80-уми асри гузаштаи Ҷумҳурии Мардумии Чинро бояд истифода бурд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба давлати коммунистии Чин дар он солҳо ягон давлати пешрафта техника ва технологияи нав надод. Бекорӣ хусусияти оммавӣ касб карда буд. Ҳукумат ҷавононро барои меҳнати саноатии истеҳсолӣ касб омӯзонда, ба хориҷи мамлакат ба кор фиристод. Ҷавонони Чин ба хориҷ ҳиҷрат намуда, он ҷо бо техникаю технологияи нав шинос шуда, як қисмашро харида, ба ватанашон оварданд. Аниқтараш маҳз муҳоҷирони меҳнатӣ ба Чин техникаю технологияи нав ворид намуданд. Аз ин рӯ, дар пешрафти ин давлати бурузг саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ хеле барҷаста аст.
Ифтихор аз ватану ватандӯстӣ, муаррифии миллату давлат, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ бояд чӣ дар мамлакат ва чӣ берун аз он дар замири ҳар шахси бо ору номус ҷой дошта бошад. Дар куҷое, ки фаъолият намоем, пеш аз ҳама, бояд манфиатҳои миллиро аз ҳама гуна манфиатҳо боло гузошта, ифтихор аз соҳибистиқлолӣ дошта бошем. Дар давраи ҷаҳонишавӣ доштани ин неъмати бузург дар баробари боиси ифтихор будан нигоҳдории онҳо масъулияти басе баландро аз ҳар фарди ҷумҳурӣ тақозо менамояд. Чунки дар давраи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир омилҳои зиёди дохилию хориҷӣ ба ин дастовард хатар эҷод намуда, ваҳдату ягонагиро мехоҳанд халалдор намоянд.
Тавассути рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии фаромиллӣ ва пайдоиши интернет имрӯз маҳфуми ҷанги иттилоотӣ хеле маъмул гардидааст. Душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик низ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар роҳу усул мехоҳанд ба мафкураи мардум таъсир расонида, ҳадафҳои ғаразнокашонро амалӣ намоянд. Дар ин замина гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо роҳи фиреб ва истифода аз сатҳи пасти фарҳанги сиёсию динии баъзе муҳоҷирони меҳнатӣ онҳоро ба ин гурӯҳҳо ворид менамоянд.
Тибқи маълумоти мақомоти қудратии ҷумҳурӣ маҳз тавассути муҳоҷирати меҳнатӣ бархе шаҳрвандони мамлакати мо ба сафи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дохил шудаанд. Ин гурӯҳҳо бештар ба эътиқодҳои динии шаҳрвандон такя намуда, бо ибораҳои ҷиҳод, шаҳид шудан дар роҳи Худо, биҳишти ҷовидон ва ваъдаҳои маблағи зиёд байни муҳоҷирон ташвиқот мебаранд. Инчунин гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз раванди муҳоҷират ҳангома месозанд, гӯё ин раванд барои мардум мусибат бошад. Бояд ба ин раванд яктарафа баҳо дода нашавад.
Фарҳанги сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистон аз давраи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба куллӣ фарқ дошта, мардум хуб дарк намудаанд, ки сабаби асосии ҷанги шаҳрвандӣ, сатҳи камбизоатӣ, паст гардидани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум ва бештар рӯ овардан ба муҳоҷирати меҳнатӣ маҳз ҳамин гурӯҳҳои терорристию экстремистӣ мебошанд, ки дар солҳои 90-и асри гузашта ба сари мардум мусибати ҷангро оварданд ва имрӯз низ дар давлатҳои Аврупо истода, мехоҳанд байни мардум ихтилоф андозанд.
Тамоми шартномаю созишҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бадастомада натиҷаи вохӯрию гуфтушунидҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат бо роҳбарияти олии мамлакатҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатии мо мебошад. Таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба ин васила коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ дар сиёсати давлату Ҳукумат яке аз афзалият маҳсуб мешавад.
Ҳамон тавре, ки моҳи декабри соли 2023 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин раванд саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Ҳоло барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ, иқтидори энергетикӣ зина ба зина муҳайё гардида, бо татбиқи он давра ба давра масъалаи ба шуғл фаро гирифтани мардум ҳал мегардад ва муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш меёбад.
Дар ин росто, дар барномаҳои сатҳи давлатӣ масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ, аз ҷумла бо назардошти омили гендерӣ ва таҳкими танзими давлатии раванди бозгашти муҳоҷирон ба нақша гирифта шудааст. Барои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ якчанд шартномаю барномаҳо омода гардида, ба имзо расиданд (бо давлати Қатар, Кореяи Ҷанубӣ), ки бо мусоидати давлат, шаҳрвандони мо метавонанд дар ин мамлакатҳо бо маоши арзанда ва шароити беҳтар фаъолият намоянд.
Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар баробари такмили ҳадафҳои стратегии мамлакат, инчунин вусъати шуғли пурмаҳсул низ ворид гардида, бо принсипҳои иревентикӣ (тадбирнокӣ), индустриалӣ ва инноватсионӣ зина ба зина дар Тоҷикистон то соли 2030 амалишавии ҳадафҳои олии роҳбарияти давлату Ҳукумат – фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар шаҳрванд наздик мегардад.
Тибқи Стратегия, дар оянда сиёсати хориҷӣ ба фароҳам овардани шароити берунаи мусоидаткунандаи рушд, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳо ва шаъну шарафи шаҳрвандон берун аз мамлакат ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ равона гардида, сиёсати дохилӣ ба коҳишдиҳии осебпазирии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз омилҳои эҳтимолии беруна, механизмҳои самаранок ва сарчашмаҳои дохилии рушди устувори иқтисодӣ, шуғли пурмаҳсул, дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ нигаронида мешавад.
Мо бо татбиқи барномаю стратегияҳо ва нақшаю ниятҳои давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра ба таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат муваффақ гардида, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегирем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Абдураҳим ШОҲИЁН,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Фирдавсӣ,
номзади илмҳои иқтисод