img
ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ ОИД БА  ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои соҳавӣ ва нақшаҳои амал фаъолиятро ба роҳ монда, дар соли 2023 корҳои муайянро ба сомон расонид.

 

Такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳа. 
Дар соли 2023 бо мақсади рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин шумора 9 лоиҳа ба тасвиб расида, 3 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор доранд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани квотаи алоҳидаи махсус барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Дар бораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ”, «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», “Дар бораи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026”,   «Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад» ба тасвиб расиданд.


Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №568 “Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” 336 номгӯйи қаблии рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад, ба 194 номгӯй расонида шуданд.   Мувофиқи банди 3 қарори мазкур вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти автоматикунонии равандҳои истеҳсолот ва беҳтар гардидани шароити меҳнат, бо мақсади дастрасии васеи занон ба касбҳои дахлдор ва зиёд намудани даромаднокӣ, барои андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати кам кардани рӯйхат муваззаф гардиданд.

 

Дар соҳаи меҳнат. 
Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин расонидани кумаки методию амалӣ ва хизматҳои машваратӣ ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва субъектони хоҷагидори фаъолияткунанда дар самти татбиқу риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.  Дар соли 2023 мутасаддиёни самти меҳнати сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо ба кормандони 8851 адад корхона, муассиса ва ташкилоти гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ ба 33440 нафар вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кумаки методию амалӣ расонида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. 


Аз ҷумла, дар давраи мадди назар аз ҷониби кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба 350 адад корхона бо фарогирии 1904 нафар корманд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба 4114 адад корхона бо иштироки 9497 нафар корманд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 2267 адад корхона бо ҷалби 12525 нафар корманд, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба 622 адад корхона бо иштироки 2313 нафар корманд ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 1498 адад муассисаву корхона бо ҷалби 5411 нафар корманд хизматҳои машваратӣ ва кумаки методию амалӣ расонда шуд. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 350253 субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 33790 корхона, муассиса, ташкилот, 35699 субъект тариқи шаҳодатнома, 57304 адад тариқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 46966 адад тариқи патент ва 175624 адад хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Аз 33790 адад корхона, муассиса ва ташкилот 19166 адад ё 56,7 фоизи онҳо ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд. 


Ба ҳолати 1 январи соли 2024 17439 адад корхонаву ташкилот шартномаҳои коллективии баимзорасидаи худро аз қайди огоҳонии раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронидаанд, ки ин нишондод ба 91,0 фоиз баробар аст. Аз теъдоди умумии шартномаҳои коллективии бақайдгирифташуда ба соҳаи кишоварзӣ 4781 адад (27,4 %), маориф ва варзиш 4397 адад (25,2 %), мақомоти идораи давлатӣ 1201 адад (6,9 %), тандурустӣ 875 адад (5,0 %), саноат 855 адад (5,0 %), савдо ва хӯроки умумӣ 643 адад (3,7 %), сохтмон 474 адад (2,7 %), хизматрасонии маишӣ 428 адад (2,4 %), фарҳанг ва санъат 301 адад (1,7 %), ташкилотҳои ҷамъиятӣ 579 адад (3,3 %), қарз ва суғурта 291 адад (1,7 %), нақлиёт, алоқа ва роҳ 219 адад (1,3 %), илм, хизматрасонии илмӣ 211 адад (1,2 %), геология ва корҳои ҷустуҷӯи геологӣ 17 адад (0,1 %) ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо 2167 адад (12,4 %) тааллуқ дорад. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 33790 адад корхона, муассиса ва ташкилоти фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, 982 адад корхона барҳам хӯрда, дар баробари ин, 2121 адад корхона ва ташкилотҳои нав таъсис дода шудааст. 

 

Музди миёнаи меҳнат. 
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст, дар соли 2023 дар миқёси ҷумҳурӣ 2013,11 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2022 (1760,29 сомонӣ буд) 251,82 сомонӣ ё 14,3 фоиз зиёд мебошад. Музди меҳнати камтарин дар ин давра, дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ – 811,73 сомонӣ рост омада, музди меҳнати аз ҳама баланд дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 3646,93 сомонӣ, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво – 3634,06 сомонӣ, сохтмон – 3004,98 сомонӣ, маориф – 1645,82 сомонӣ ва дар тандурустӣ– 1344,81 сомониро ташкил медиҳад. 

 

Назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. 
Дар соли 2023 аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 2818 адад (нисбати соли 2022 – (2090) ба андозаи 34,8% зиёд шудааст) субъекти хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шудааст, ки 2313 адади он санҷишҳои нақшавӣ (нисбати соли 2022 – (1799) баробари 25,5% зиёд гардидааст), 5 адади он санҷиши такрорӣ (нисбати соли 2022 - (1) ва  500 адади он санҷишҳои ғайринақшавӣ (нисбати соли 2022 - (290) ба андозаи 72,4% фоиз зиёд гардидааст) мебошанд.


Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта, 13183 адад (соли 2022 – 10043 адад) қонунвайронкунӣ ошкор гардиданд, ки аз ин 9517 ҳолат (соли 2022 – 7740) ба масъалаҳои меҳнат, 2498 ҳолат (соли 2022 – 1651) ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 76 ҳолат (соли 2022 – 79) ба масъалаҳои муҳоҷират ва 1092 ҳолат (соли 2022 – 573) ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ иртибот дорад. Дар маҷмуъ, дар давоми соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳо бо дахолати Хадамот 35 млн. 283 ҳазору 559 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шудааст.  Дар самти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат дар давоми соли 2023 дар 2408 (дар давоми соли 2022 - 1817) субъекти хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои меҳнат санҷиш гузаронида шудааст, ки нисбати соли 2022, 591 санҷиш зиёд мебошад. Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 9517 адад (дар  соли 2022 – 7740 адад) қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 1777 қонунвайронкунӣ зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ дар 2408 корхонаю ташкилот мавриди санҷиш қарор дода шуда, 1568 ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории меҳнат оид ба мазмун, бастан, муҳлати амал ва иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатӣ ошкор карда шуд.  Дар давоми соли 2023, дар маҷмуъ, 110 ҳолати ҳодисаҳои нохуш бо фавти 53 нафар шаҳрванд ва ҷароҳатбардории 69 нафар шаҳрванд дар истеҳсолот мавриди тафтиш қарор дода шуда, хароҷоти иловагӣ ва пардохти  кумакпулиҳои яквақтаина ба маблағи 7 млн. 695 ҳазору 548 сомонӣ ба шахсони ҷароҳатбардошта ва аъзои оилаҳои фавтидагон таъин ва пардохт карда шуд.

 

Шуғли аҳолӣ. 
Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 142254 нафар муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 106579 нафари онҳо ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба 60305 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ, 72798 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 8417 нафар ва ба воситаи ташкили корҳои фардӣ 2802 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Илова бар ин, тавассути ниҳодҳои вазорат якҷо бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои сохтмони иншооти муҳими стратегӣ, аз ҷумла дар сохтмони НБО “Роғун” – 5709 нафар ва НБО “Себзор “ – 260 нафар ба кори доимӣ таъмин гардиданд.  Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 6261 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуда, 20700 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар марказҳои таълими касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта ва ба 15714 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардидааст. 


Аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар соли ҳисоботӣ бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор 1003 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудааст, ки дар натиҷа 23615 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯй ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шудаанд. Аз ҷумла, тавассути ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳо 12597 нафар корҷӯй соҳиби ҷойи кор гардида, ба 9019 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 1999 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардидаанд.  Ҳамин тавр, дар соли 2023, дар маҷмуъ, 215293 нафар аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ истифода намуданд.

 

Вазъи феълии шуғлнокӣ. 

Дар асоси маълумоти  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯйи баҳои пешакӣ дар моҳи декабри соли 2023, 2675,9 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 2627,6 ҳазор нафар ё 98,2 фоиз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар машғули кор буда, ба 48,3 ҳазор нафар ё 1,8 фоиз расман мақоми бекорӣ дода шудааст, ки дар умум аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳанд.  Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳама намуди моликият дар моҳи декабри  соли 2023, 1263,2 ҳазор нафар ё 48,1 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи декабри соли 2023 нисбат ба моҳи ноябри соли 2023-юм, 0,04 фоиз ва нисбат ба моҳи декабри соли 2022-юм, 1,5 фоиз зиёд шудааст. 


Аз ҷониби дигар, шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар намудҳои фаъолияти бахши воқеӣ дар моҳи ноябри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз зиёд шуда, 708,9 ҳазор нафар ва аз рӯйи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши хизматрасонӣ 3,6 фоиз кам шуда, 553,8 ҳазор нафарро ташкил намуд. Тавре маълум аст, дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, ғайр аз кормандони расмӣ, қувваи корӣ дар шароити дуҷоякорӣ ва дар асоси қарордоду шартномаҳои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта низ истифода бурда мешаванд. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ин шароит 48,4 ҳазор нафар  машғули кор буданд, ки ин нишондиҳанда ба 3,8 фоизи шумораи ҷойҳои кории ишғолшуда рост меояд.


Дар ҳамин давра аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 74,3 ҳазор нафар корҷӯй ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 10,9 фоиз кам ва дар қиёс ба моҳи ноябри соли 2023, 2,0 фоиз зиёд мебошад. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 15,9 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод гардидааст, ки ин шумора нисбат соли гузашта, 16,3 фоиз  кам шудааст.  Шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда дар охири моҳи декабри соли 2023, 48,3 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 9,7 фоиз кам шудааст. Таҳлили ин раванд нишон дод, ки аз шумораи умумии бекорони расман ба қайд гирифташуда 22,4  ҳазор нафар ё 46,3 фоиз занон мебошанд. Сатҳи бекории расмии бақайдгирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 1,8 фоизро ташкил медиҳад.


Таъсиси ҷойҳои нави корӣ. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 230747 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, аз ҷумла 79143 (34,2 фоиз) ҷойи кори доимӣ, 43112 (18,7 фоиз) ҷойи корӣ муваққатӣ ва 102588 (44,4 фоиз) ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар ин давра 1495 (0,6 фоиз) ҷойи кори иловагӣ таъсис ва 4409 (1,9 фоиз) ҷойи корӣ барқарор шуданд. Аз ҷумла, дар бахши воқеии иқтисодиёт 155284 (67,3 фоиз) ва дар бахши хизматрасонии иқтисодиёт 75463 (32,7 фоиз) ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.


Бештари ҷойҳои корӣ дар бахши воқеӣ асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ 99849 ҷой, саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок 3566 ҷой, саноати коркард 12883 ҷой, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 1628 ҷой, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа  210 ҷой, сохтмон 37148 ҷойи корӣ, ғайр аз ин, дар бахши хизматрасонӣ дар соҳаи савдои яклухт, чакана ва таъмир 20703 ҷой, нақлиёт ва хоҷагии анбор 6402 ҷой, меҳмонхона ва тарабхонаҳо 2750 ҷой, иттилоот ва алоқа 908 ҷой, фаъолияти молиявӣ ва суғурта 1715 ҷой, амалиёт бо амволи ғайриманқул 356 ҷой, фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ 3766 ҷой, фаъолияти идоракунӣ ва ёрирасон 946 ҷой, идоракунии давлатӣ, мудофиа, таъмини амният ва суғуртаи иҷтимоӣ 2321, маориф 15021 ҷой, тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ 3447 ҷой, фаъолият дар соҳаи санъат, ташкили чорабиниҳои дилхушкунанда ва истироҳат 752 ҷой, дигар намуди хизматрасониҳо 16181 ҷой ва аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ 195 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.


Дар соли 2023 ғайр аз таъсиси ҷойҳои корӣ, ҳамчунин барҳамхӯрӣ ва ихтисори  ҷойи  корӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ин давра он ҷойҳои корие, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода шуда буданд, бо назардошти ҷойҳои кории аз ҳисоби солҳои пешин таъсисёфта 56503 ҳолати барҳам ва ихтисори ҷойи корӣ ба  қайд  гирифта  шуд, ки аз ин шумора ба ВМКБ-5045, вилояти Суғд-13834, Хатлон-9588, шаҳри Душанбе-17034 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-8002 ҷойи кори барҳамхӯрда рост меояд.  Тавозуни таъсис ва барҳамхӯрии ҷойҳои корӣ + 174244 ҷойи кор мебошад.

 

Муҳоҷирати аҳолӣ. 
Бо мақсади такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи  муҳоҷирати аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ cоли 2023 лоиҳа “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” таҳия ва бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 июни соли 2023, №309 ба тасвиб расид, ки ҳоло мавриди иҷро қарор дорад.  Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия дар самти танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, пайваста дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, дар соли 2023 шаш ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба татбиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар шакли маҷозӣ ва се ҷаласа (15 август дар Маскав, 4 октябр ва 23 ноябр дар Душанбе) дар шакли ҳузурӣ баргузор карда шуданд. 


Дар натиҷаи гуфтушунидҳо бо назардошти вазъи воқеӣ ва зарурати фароҳам овардани шароит барои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба натиҷаҳои зерин ноил гаштем, аз ҷумла:
 - Харитаи роҳ  оид ба раванди бо кор таъмин намудани шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия тасдиқ карда шуда, масъалаи супоридани имтиҳони ягонаи маҷмуӣ оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Россия дар ҳудуди Тоҷикистон ҳалли худро пайдо намуд;
- «Харитаи роҳ оид ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди системаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» ба имзо расид, ки татбиқи ин санад аз соли 2024 пешбинӣ шудааст;
- бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Россия фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум доир ба масъалаҳои нозироти меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба имзо расид, ки дар доираи ин санад ҳангоми ба мушкилӣ дучор гардидани муҳоҷири меҳнатӣ (риояи қонунгузории меҳнат, иҷро нагардидани муққарароти шартномаи меҳнатӣ байни коргар ва корфармо, напардохтани музди меҳнат, тафтиши ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва ғайра), якҷо бо сохторҳои дахлдори Россия чораҳо андешида мешавад;
- бо мақсади фароҳам овардани заминаи дахлдори ҳуқуқӣ барои имкони гузаронидани муоинаи тиббӣ, инчунин гирифтани маълумоти изи ангушт ва аксбардории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои таълимии Федератсияи Россия лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия омода гардида, бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд.


Маврид ба зикр аст, ки санаи 7 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 бо иштироки вазирони меҳнати ҳар ду кишвар доир гардида, протоколи дахлдор қабул карда шуд. Дар доираи ҳамкориҳо байни Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и вазорат ва ширкати қатарӣ “Qatar Labour Recruitment” 15 майи соли 2023 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Вазорат дар асоси Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №277 тасдиқ шудааст ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия барои солҳои 2021-2025 (ҚҲҶТ аз 1 июни соли 2021, № 213) бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон, ки ба таври расмӣ дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, робитаҳои устувор ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.


Дар робита ба иҷрои банди 1-и “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025” рӯзи 13 сентябри соли 2023 дар вазорат маҷлиси Шурои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъияти тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзо аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва роҳбарони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид. Илова бар ин, бо мақсади иҷрои банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои болозикр  портали интернетӣ ҷиҳати робитаи доимӣ ва ташаккули хазинаи иттилоотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ омода гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.


Соли 2023 талошҳои вазорат ҷиҳати ворид шудан ба системаи Employment Permit System (EPS) Ҷумҳурии Корея идома ёфта, тибқи талабот маълумоти муфассал ва дақиқ ба саволномаи   пешниҳоднамудаи ҷониби Корея  пешниҳод шуда, баъди баррасии он ҳайати коршиносони Корея бо мақсади омӯзиши низоми муҳоҷирати Тоҷикистон ва гирифтани ҷавобҳои мушаххас  ба саволҳои худ ду маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҷараёни фаъолияти муассисаю сохторҳои дахлдор аз наздик шинос шуданд. Ҳамин тавр 29 декабри соли 2023 дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати хориҷӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Корея Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор (EPS) дар Корея ҳамчун кишвари 17 интихоб шуд, ки ин дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ дастоварди сол аст.  Интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея аз соли 2025 пас аз баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар бораи низоми иҷозаи байниҳукуматии шуғл ва ифтитоҳи Маркази маҳаллии EPS ба роҳ монда мешавад.


Дар  соли 2023 ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷирати вазорат ва сохторҳои он дар маҳал 34 504 нафар шаҳрванд муроҷиат карданд, ки аз онҳо 33 505 нафар шифоҳӣ, 83 нафар муроҷиати хаттӣ ва 916 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд. Мақсади муроҷиати шаҳрвандон ба зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират ин гирифтани маълумот дар бораи  вуруди дубораи онҳо ба Федератсияи Россия мебошад. Бояд қайд намуд, ки аз теъдоди умумии муроҷиаткунандагон вуруди дубораи 6 816 нафар ба Федератсияи Россия муваққатан манъ карда шудааст, ки сари вақт  онҳо аз сафари бебарори худ огоҳ карда шуданд.  Аз ин теъдод 6155 нафар мард ва 661 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки тибқи муқаррарот ба 4444 нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 1109 нафар тавсия ба ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 705 нафар соҳибкасб гардида, 460 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин  шуданд.


Дар ширкатҳои дорои иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватанӣ ва хориҷӣ (90 ба 10) зери назорат буда, дар давраи ҳисоботӣ, 39 467 нафар корманди маҳаллӣ (4312 нафар теъдоди кормандони хориҷӣ) дар ин ширкатҳо бо кор таъмин шуда, фаъолият карда истодаанд.  Бо мақсади бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 46 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати вазорат буда, ба интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд. Аз теъдоди умумии субъектҳои интиқолдиҳанда 28 субъекти хоҷагидор тавонистанд, ки дар давраи ҳисоботӣ 12297 нафар муҳоҷири меҳнатиро муташаккилона ба хориҷи кишвар интиқол дода, бо ҷойи кор таъмин намоянд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022, 8461 нафар  зиёд мебошад.


Мавриди зикр аст, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо теъдоди 7500 нафар барои соли 2023 таҳия ва тасдиқ гардид.  Бо назардошти таҳлили нишондодҳои корӣ дар самти иҷозатномадиҳӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрванд, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дар соли 2023 ба 363 субъекти хоҷагидор иҷозатнома барои ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар ва ба 20 субъекти хоҷагидор иҷозатномаи интиқоли қувваи корӣ дода шуда, маҷмуан ба 7053 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои кор дар ҷумҳурӣ дода шудааст.


Дар ин давра ба дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия 16600  муроҷиат ва арзу шикоятҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардидааст. Аз ин шумораи умумӣ теъдоди 16 122 (дар соли 2022-9138) муроҷиати шифоҳӣ ва 518  муроҷиати хаттӣ ва дастуру супориши вазорату идораҳоро ташкил медиҳад. Бо мусоидати намояндагӣ ва дастгирии диаспорҳои тоҷик ба муҳоҷирони меҳнатии эҳтиёҷманд дар Федератсияи Россия ба 88 нафар ба маблағи 2 млн. 860 ҳазор рубл (дар соли 2022 ба 92 нафар ба маблағи 739,1 ҳазор рубл) кумакҳои моддӣ расонда шуд.  Ҳамзамон, дар натиҷаи ҳамкории доимии намояндагӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар соли 2023 зиёда аз 244 млн. рубли пардохтнашудаи музди меҳнати муҳоҷирон, аз ҷониби корфармоён ва шахсони воқеӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд. Ҷиҳати бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба қонунгузорӣ, будубоши қонунӣ ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия 627 вохӯрӣ гузаронида шуд.


Рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа дар давраи ҳисоботӣ – 652014 (2022- 775 578) нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз кам гардида, аз ин шумора мардҳо 554804, ё 15 фоиз ва занҳо 97210 нафар, ё 20 фоиз кам шудааст.  Рафти муҳоҷирати меҳнати шаҳрвандони ҷумҳурӣ 627028 нафар ба Федератсияи Россия, 18418 нафар ба  Ҷумҳурии Қазоқистон ва 6568 нафар ба  дигар давлатҳо рост меояд.  Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин муддат 590 710 (2022-551 778) ё 7 фоиз зиёд буда, аз ин теъдод шумораи мардҳо 468458 нафар, ё 4,2  фоиз ва  занҳо 122252 нафар, ё 19,1 фоиз зиёд гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ 303 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардида, 1 млн.515,0 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок тавассути сохторҳои КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон барои пардохт интиқол дода шуда, иҷрои нақшаи мазкур пурра таъмин гардид. Инчунин, дар ин давра, барои 225 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гардид.  


Касбомӯзии аҳолӣ. 
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ 217,9 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз нишододи дурнамои Барномаи ба касбомӯзӣ фарогирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар соли 2023 ба андозаи 15,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб, дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 93,3 ҳазор нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 11,0 ҳазор нафар ё 13,4 фоиз зиёд мебошад.

 

Соҳаи ҳунармандӣ. 
Ҷиҳати рушди ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ба ин васила ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ вазорат дар соли 2023 як қатор корҳоро ба анҷом расонд.  Дар соли 2023 дар 45 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии тобеи вазорат дар маҷмуъ, 13644  нафар аз рӯйи 48 касбу ихтисос ба курсҳои  кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд. Мутобиқи маълумот дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 8041 ҳунарманд фаъолият дошта (нисбат ба соли 2022, 1814 нафар ё 29, 1% зиёд аст), аз рӯйи 12 соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва 167 касбу ҳунар ба ҳунармандию косибӣ машғул мебошанд, аз ҷумла, аз шумораи умумии ҳунармандон 3216 нафари онҳо ба косибӣ (истеҳсоли дастии хонагӣ) машғуланд. Шумораи ҳунармандону косибон дар миқёси шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо чунин мебошад.


Дар ВМКБ 556 нафар, вилояти Хатлон 3330 нафар, вилояти Суғд 2647 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1393 нафар ва шаҳри Душанбе 115 нафар, фаъолият доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шумораи ҳунармандон вазни қиёсии бештар ба вилоятҳои Хатлон 41,4 фоиз) ва Суғд (32,9 фоиз) рост меоянд.  Ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон дар соли 2022-юм ба ҳисоби миёна 65,4 млн сомонӣ ва дар соли 2023-юм  79,6 млн. сомониро ташкил дод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ҳунармандӣ рушд ёфта, ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондааст, аҳамият медиҳанд. 

 

Робитаҳои байналмилалӣ. 
Вазорат бо 13 давлат 36 санади байналмилалӣ дар самтҳои марбут ба соҳаҳои фаъолиятро ба имзо расонидааст, ки аз ин 10 адад созишномаи байниҳукуматӣ ва 26 адад байниидоравӣ  буда, мавриди амал қарор доранд. Айни замон 5 лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ бо Давлати Қувайт, Федератсияи Россия (2 адад), Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Корея дар марҳилаи баррасии ниҳоии ҷонибҳо қарор дошта, раванди гузаронидани расмиёти дохилидавлатии лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ ба анҷом расида, баимзорасонии он дар чорабиниҳои пешбинишудаи сатҳи олии кишварҳо дар назар дошта шудааст. 


Ғайр аз ин, бо мақсади гуногунсамтии (диверсификатсия) муҳоҷирати меҳнатӣ бо ташаббуси вазорат лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Корея, Канада, Лаҳистон, Латвия, Олмон, Сингапур, Япония, Филиппин ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба танзими қувваи корӣ таҳия ва унвонии ниҳодҳои дахлдори кишварҳои болозикр ирсол карда шуда, корбарӣ дар ин самт доранд. Дар соли 2023 вазорат дар самти ташкил ва рушди муносибатҳои байналмилалии соҳавӣ, инчунин фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамкориро бо 21 ташкилоти байналмилалӣ ба роҳ монд. Дар айни замон бо дастгирии институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд дар сатҳи вазорат ва сохторҳои таркибии он 17 лоиҳаи грантию инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки муҳлати амали 4 лоиҳа охири соли 2023 ба итмом расид.

 

Раванди коргузорӣ. 
Дар соли 2023 ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6660 ҳуҷҷат ворид шуд, ки нисбат ба соли 2022, 386 ҳуҷҷат зиёд мебошад. Дар ин давра 3324 ҳуҷҷат омода ва тибқи таъинот ирсол гардид. Давоми соли 2023 рӯзҳои шанбе ба дастгоҳи марказии вазорат 77 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ҷониби вазир қабул, муроҷиатҳояшон баррасӣ ва қонеъ карда шуд. Дар ин давра 201 адад аризаи шаҳрвандон аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи Россия ворид гардид. Аз ин шумора 31 адад тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 адад аз Маҷлиси намояндагони МОҶТ ворид шудааст. Аз  шумораи умумӣ 196 муроҷиати шахсони воқеӣ, 5 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва 23 муроҷиати электронӣ, 2 муроҷиати такрорӣ мебошанд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Дар маҷмуъ, соли 2023 ба дастгоҳи маказии вазорат ва сохторҳои он 19374 муроҷиат, аз ин теъдод 1331 хаттӣ ва 18043 шифоҳӣ ворид шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар давраи ҳисоботӣ  234 мавод доир ба самтҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла навгониҳо дар самтҳои фаъолият, мулоқоту вохӯриҳои роҳбарият, баргузории чорабиниҳо ва дигар хабару гузоришҳо тариқи сомонаи расмии вазорат www.mehnat.tj  ва саҳифаи расмии вазорат дар торномаи иҷтимоии Фейсбук интишор шуда, дар дигар сомонаҳо, аз ҷумла, сомонаи АМИТ “Ховар” ба нашр расиданд.


 

12.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ