img
ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ ЯКУМИ  СЕМИНАР-ТРЕНИНГҲОИ ОМӮЗИШӢ

Дар доираи ҳамкориҳои Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” бо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид ЮНФПА рўзи 18 октябри соли равон дар Маркази тренингии Пажӯҳишгоҳ марҳалаи якуми Семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти идоракунии маҳаллӣ оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур, ки давоми се рӯз идома меёбад, ба ҳайси шунаванда кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷирати ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд ширкат меварзанд.

 

Ҳадафи асосии семинари омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи иқтидори касбии кормандони мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар самти истифодабарии самараноки таъминоти барномаи SPSS барои гузаронидани пурсишҳои иҷтимоӣ, коркард ва ҷамъоварии маълумот маҳсуб меёбад.

 

Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон, номзади илмҳои сиёсӣ,  директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ба Семинари омӯзишӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки тадбири омӯзишии мазкур дар доираи раванди иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи боло бурдани сатҳи малакаҳои касбии кормандони соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ сурат мегирад.

 

Мавсуф бо итминони комил зикр намуданд, ки машғулиятҳои семинари омӯзишӣ омили таконбахши пешрафти соҳаҳо мегарданд.

 

Сипас коршиносони соҳа-лекторон: Раимдодов У.С.,  номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шӯъбаи танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии Пажӯҳишгоҳ ва Худоёров Ҳ., барномасози Пажӯҳишгоҳ ба саҳми шунавандагон номгӯйи мавзӯъҳои омӯзишии марҳалаи якуми семинар-тренингро расониданд.

 

Сипас, тибқи барнома омӯзиши ду мавзӯи зайли рӯзи якуми семинар-тренинг шурӯъ гардид:

 

1. Бастаи нармафзори SPSS ва имкониятҳои он: насби SPSS, интерфейс, принсипҳои кор; эҷоди файлҳои додаҳо; тайёр кардани маълумот;  таҳрири маълумот; танзими тағйирёбандаҳо.

2. Тайёр кардани маълумот: рамзгузорӣ ва ҷадвали рамзгузорӣ; матритсаи маълумот; таърифҳои тағйирёбандаҳо; номи тағйирёбандаҳо; оғози SPSS; навъи тағйирёбандаҳо (рақамӣ, матнӣ); тамғаҳои арзиш;  арзишҳои сарфи назаргардида.

 

Машғулиятҳои омӯзишӣ дар ду шакли асосӣ: лексия ва кори амалӣ доир мегарданд ва чунин тарзи омӯзиш барои шунавандагон имкон фароҳам меоварад, ки дар рафти баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои марбути мавзӯи мушаххас фаъолона ширкат намоянд, тарзи истифодабарии барномаро пурра аз худ кунанд ва дар фаъолияти минбаъдаи худ онро самаранок истифода баранд.

18.10.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ