img
Гузориши матбуотӣ оид ба  фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад, тавассути иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои соҳавӣ ва нақшаҳои амал фаъолиятро ба роҳ монда, дар соли 2022 корҳои муайянро ба сомон расонид.

Такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳа. Бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа 20 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин шумора 8 лоиҳа ба тасвиб расида, 2 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо ва 2 лоиҳа дар марҳилаи таҳия қарор доранд.

Аз ҷумла, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз ҷониби вазорат таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2022, №263 ба тасвиб расид. Айни замон таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул барои солҳои 2023-2027 идома дорад.

Сатҳи зиндагии аҳолӣ ва музди меҳнат. Дар доираи роҳандозии тадбирҳои судманди ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ сол ба сол коҳиш ёфта истодааст. Тибқи маълумот нишондоди мазкур тайи ду соли охир ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфта, соли 2022 аз рӯи маълумоти пешакӣ ба 22,5 фоиз баробар шудааст.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1730,12 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204,70 сомонӣ (13,4 фоиз) ва нисбат ба аввали соли 2022, 189,31 сомонӣ (12,9 фоиз) зиёд шуд.

Мусоидат ба пардохти саривақтии музди меҳнат пардохт барои вақти иловагии корӣ, кор дар рӯзҳои ид ва таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ вазифаҳои асосии мақоми ваколатдори соҳа маҳсуб меёбад.

Дар ин ҷода ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ дар соли ҳисоботии 2022 дар ҳамкорӣ бо олимону ходимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид. Илова ба ин, Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ шуд.

Шарикии иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат. Танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ бе шарикии иҷтимоӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо ғайриимкон буда, ҷиҳати тақвияти кор дар ин самт аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 48 созишномаи соҳавӣ байни кумитаҳои ҷумҳуриявии (марказии) иттифоқи касаба ва вазорату идораҳои дахлдор барои солҳои 2022-2024 дар вазорат ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2022 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 32 ҳазор корхона, муассисаву ташкилот, новобаста аз шакли моликият, фаъол буда, қариб 20 ҳазори он ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро дошта, 18,2 ҳазори он бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки 91,8 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2022 фаъолияти  зиёда аз 2,0 ҳазор субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор гирифта, 10043 қонунвайронкунӣ ошкор гардиданд, дар маҷмуъ, 23,6 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд,

Вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат ин ҳарчи бештар ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2022 дар ин давра корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд.

Тайи давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 146,4 ҳазор нафар муроҷиат намуданд, ки 110,5 ҳазор нафар ё 75,7 фоизи онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 63,1 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд, ки 24,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ, 71,8 ҳазор нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.

Дар ин давра тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ, 1031 ярмарка гузаронида шуда, дар натиҷа 10,3 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

Тавассути ярмаркаҳо ба 8,4 ҳазор нафар шаҳрванд роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 2,1 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуда, дар маҷмуъ, тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 34,5 ҳазор нафар шаҳрванд ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Соли 2022 барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1,4 ҳазор нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 5,1 млн. сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ба як ҳазор нафар ба маблағи 3,6 млн. сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 814 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 2 млн. сомонӣ кумаки молиявӣ пардохта шуд.

Бо мақсади дастгирии ташаббусҳои занон ва ҷавонон ҷиҳати ба роҳ мондани соҳибкорӣ ба 1,9 ҳазор нафар зан ба маблағи 6,1 млн. сомонӣ ва ба 1,2 ҳазор нафар ҷавон ба маблағи  4 млн. сомонӣ, инчунин ҷиҳати эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба  906  нафар  ба маблағи 3 млн. сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.

Давоми соли 2022 ҷиҳати ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва роҳандозӣ намудани муколамаи иҷтимоӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустакили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони кормандон барои амалисозии сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ҷаласаҳои Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ масъалаҳо «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд», “Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023» ва “Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №373 «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки таъсис ёфтани ҷойҳои корӣ имконияти бокортаъминкунии шаҳрвандонро дар дохили ҷумҳурӣ зиёд гардонида, танҳо бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар дохили ҷумҳурӣ зиёда аз 74,5 ҳазор нафар шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷумла, 8 ҳазор нафар шаҳрванди ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойҳои кории аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин 100,2 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14,1 фоиз зиёд мебошад.

Тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тайи давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби бақия ва маблағгузории соли 2022 ба 13 ҳазор нафар ба маблағи 9,6 млн. сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид, ки ин ба 121,1 фоизи нақшаи солонаи барнома баробар аст.

Соли сипаригардида ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3,4 ҳазор нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта муроҷиат намуданд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 1,4 ҳазор нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 340 нафар ба тайёрии касбӣ, 175 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд ва ба 100 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ дода шуда, 1,5 ҳазор нафар машварати касбӣ гирифта, маҷмуан, ба 3,4 ҳазор нафар хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд.

Илова ба ин, дар доираи дастгирии лоиҳаҳои амалкунанда (Бонки Осиёии Рушд) таъсиси се маркази хизматрасонӣ барои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияи Восеъ дар соли 2023 ба нақша гирифта шуда, инчунин дар доираи дастгирии шарикони рушд татбиқи лоиҳаи “Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳо вобаста ба муҳоҷират дар вилояти Хатлон” идома дорад.

Айни замон бо мақсади тақвияти фаъолият дар ин самт лоиҳаи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки ҷанбаҳои асосии зеринро фаро мегирад: гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомот, дастгирии шуғли фосилавӣ, такмил додани низоми иттилоотӣ-таҳлилии бозор меҳнат, ҷалб намудани сармоя барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории инфиродӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар баробари ин, Барномаи мазкур хусусияти ҳам иҷтимоӣ ва ҳам сармоягузорӣ дорад.

Бо дарназардошти иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ вазорат тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, барномарезии тартиби бақайдгирӣ ва пардохти маблағҳоро (пардохт барои бекорӣ, тавассути низоми “Бекор”) амалӣ намуд. Фаъолият аз рӯйи Барномаи мазкур аллакай дар ду шаҳри пилотӣ - Хуҷанд ва Конибодом оғоз гардида, зери назорат қарор дорад. Он баъди такмили ниҳоӣ пурра дар низоми мақомот ҷорӣ гардида, ҳамзамон якҷоякунии махзани дигар мақомот ва табодули маълумоти мақомоти  андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, омор, бойгонӣ, молия, низоми бонкӣ пешбинӣ мешавад.

Илова ба ин, гуфтушунидҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ вобаста ба шуруъ намудани татбиқи лоиҳаи грантии “Муосиргардонии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (компоненти 2 –Дастгирии шаҳрвандони бекор якҷо бо муҳоҷирони меҳнатӣ) идома дошта, қисмати асосии чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар доираи дастгирии лоиҳаи мазкур, ҳамчунин дигар шарикони рушд амалӣ хоҳад шуд.

Муҳоҷирати аҳолӣ. Дар соли 2022 тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ карда шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби вазорат лоиҳаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, айни замон дар асоси таклифу пешниҳодҳои манзуршуда лоиҳа такмил ва барои мувофиқаи ниҳоӣ пешниҳод карда шудааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ин давра ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо фаъолият тақвият ёфт. Аз ҷумла, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар доираи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ 9 ноябри соли 2022 ва ҷаласаи 26-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо аъзои ИДМ, ки 18 феврали соли 2022 тариқи маҷозӣ баргузор гардиданд, мавриди муҳокима қарор дода шуда, протоколҳои дахлдор қабул гардиданд.

Илова бар  ин, дар доираи Форуми байналмилалии меҳнат, ки 15-18 марти соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, масъалаи танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, кафолатҳои ҳуқуқии онҳо дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнати онҳо, муташаккилона сафарбар намудани қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарби Федератсияи Россия ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар таърихи 29 марти соли 2022 ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия ба таври маҷозӣ ва 20 декабри соли 2022 ҷаласаи сеюми он дар шаҳри Душанбе ба таври ҳузурӣ баргузор гардида, вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт протоколи дахлдор ба имзо расонид.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум байни вазорат ва Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират”, ки 13 сентябри соли 2021  ба имзо расида буд, 9 ноябри соли 2022 намояндагии муассисаи мазкур дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Дар доираи ин Ёддошти тафоҳум тарафҳо дар самти машваратдиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба бокортаъминшавӣ, тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бокортаъминшавӣ, воридшавӣ ва назорати будубоши муҳоҷирон дар шаҳри Москва ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамчунин, 19 октябри соли 2022 байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки таъсис додани намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Мавриди зикр аст, ки намояндагии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт мусоидат менамояд. Ҳамзамон, корбарӣ ҷиҳати ташкили қабули маҷмуии имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ идома дорад.

Дар соли 2022 ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он 37,7 ҳазор нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд. Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 8,2 ҳазор нафар, ки дар рӯйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, аз сафар баргардонида шуда, 4,3 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва ба 1,1 ҳазор нафар барои таъмин шудан бо ҷойи кор дар дохили ҷумҳурӣ тавсия дода шуд. Дар натиҷа 850 нафар соҳиби касб гардида, 427 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, дар маҷмуъ, 41,9 ҳазор нафарро бо ҷойҳои корӣ дар дохили ҷумҳурӣ таъмин намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ таҳлилҳо нишон доданд, ки теъдоди кормандони хориҷӣ 7,8 ҳазор нафар ва шумораи кормандони маҳаллӣ бошад 41,4 ҳазор нафарро ташкил дода, таносуб бо ҳисоби миёна 16 фоиз бар 84 фоизро ташкил додааст.

Инчунин, дар ин давра Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” тибқи дархостҳои ҷойҳои кории холии субъектҳои кордиҳандаи давлатҳои хориҷа  2013 нафарро муташаккилона дар хориҷи кишвар бо ҷойи кор таъмин намуд, аз ҷумла дар Федератсияи Россия - 1709 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон - 223, Ҷумҳурии Туркия - 29 нафар, Лаҳистон - 35 нафар, Руминия - 11 ва Амороти Мутаҳидаи Араб - 6 нафар.

Илова бар ин, дар ин давра аз ҷониби Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷират бо мақсади гуногунсамтии кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар асоси шартномаи тарафайн айни замон дар натиҷаи 2 озмуне, ки 10-13 март ва 25-27 майи соли 2022 бо иштироки намояндагони ширкати Про-форс баргузор карда шуда, 383 нафар дар Британияи Кабир бо кор таъмин гардидаанд.

Инчунин, бо мақсади оғози сафарбаркунии шаҳрвандон ба Ҷумҳурии Корея байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Ҳампёнг Чола-Намдоии Ҷумҳурии Корея 8 августи соли  2022 шартнома ба имзо расида, дар асоси ин санад 58 нафар мутахассиси соҳаи кишоварзӣ тибқи талаботи корфармо раводиди корӣ гирифта, дар минтақаи Хампёнги Ҷумҳурии Корея бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 9 656 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар натиҷа бо дахолати Намояндагӣ 17,1 млн. рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён баргардонида шуда, 7 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбати шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд.

Инчунин,  бо мусоидати намояндагӣ 2769 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин гаштанд.

Аз ҷониби кормандони намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо истифода аз макони будубош, марказҳои тиҷоратӣ, ошхонаю қаҳвахонаҳо, инчунин минбари масҷидҳо дар  минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 332 вохӯриву суҳбат гузаронида шуд.

Дар соли 2022 кор дар самти танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ба 300 оила қитъаи замин ҷудо гардида, ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.

Барои 213 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва қарзи имтиёзнок ба маблағи 639 ҳазор сомонӣ, кумаки якдафъаина ба маблағи 83,2 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва рушди ҳунармандӣ. Вазорат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пайваста чораҳои муассир меандешад.

Бо мақсади таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар самти таҳсилоти касбӣ вазорат корро тақвият дода, дар соли 2022 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2022, №122 “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 25 октябри соли 2022, №510 “Дар бораи Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо ”, аз 25 октябри соли 2022, №511 “Дар бораи Таснифоти миллии тахассусҳо ”, аз 25 октябри соли 2022, №512 “Дар бораи Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб” ба тасвиб расиданд. Бо қарори дахлдори Ҳайати мушовараи вазорат сохтор ва ҷадвали намунавии басти вазифаҳои литсейҳои касбии техникӣ тасдиқ гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мусоидат менамояд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 19898 хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин 4426 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 19898  хонанда, 17942 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 1956 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил дошта,  аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос таҳсил намуда истодаанд.

Барои татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолию пешаздипломии хонандагон бо 43  корхонаи истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаҳои дуҷониба баста шудааст.

Лоиҳаи 19 номгӯйи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои омӯхташаванда ва 313 номгӯйи нақшаҳои таълимӣ барои курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ таҳия, тасдиқ ва пешниҳоди муассисаҳо гардид.

Муассисаҳои мазкурро дар соли 2022, 8291 нафар (2346 духтарон)  аз рӯйи 63 ихтисос хатм намуда, 12063 нафар қабул гардиданд.

Давоми соли сипаригардида 25 курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои омӯзишӣ бо фарогириии 430 нафар шунаванда баргузор карда шуд.

Аз тасвиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 марти соли 2021, №АП-52) то имрӯз дар 56 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ корҳои таъмирию азнавсозӣ гузаронида шуда, як қатор таҷҳизоти таълимӣ дастрас карда шуд.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар 8 бинои комплексии литсейҳои касбии техникӣ идома дорад.

Ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ вазорат бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро ба роҳ мондааст.

Вазорат ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025 буда, дар соли сипаригардида дар доираи амали он 125,4 ҳазор нафар (ба истиснои маълумоти вазорати маориф ва илм) ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки 58,7 ҳазор нафари онҳо занону духтарон мебошанд.

Дар доираи амалисозии чорабиниҳои “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи ҳунармандӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар соли сипаригардида Фестивал-намоиши “Таомҳои миллӣ” ва озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол-2022»-ро доир намуд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун 22 ҳунарманд аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯйи 4 номинатсия ширкат варзиданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникӣ ва рушди малакаи касбии онҳо озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» аз рӯйи ихтисосҳои кафшергарӣ барқӣ ва дӯзанда баргузор карда шуд.

Дар ин давра фаъолияти Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии тобеи вазорат тақвият ёфта, ҳамкории онҳо  бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон” ва «Рушди эҷодии Тоҷикистон» вусъат дода шуд. Дар заминаи ин марказҳо 3 691 нафар ва дар литсейҳои касбии техникӣ 6 869 ба курсҳои куттоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, дар маҷмуъ 10 560 нафар шаҳрванд соҳибкасб гардиданд.

Робитаҳои байналмилалӣ. Вазорат бо мақсади тақвияти рушди муносибатҳои байналмилалӣ бо 12 давлат 30 санади байналмилалӣ, аз ҷумла 10 созишномаи байниҳукуматӣ ва 20 санади дуҷонибаи байниидоравӣ ба имзо расонидааст, ки мавриди амал қарор доранд.

Бо мақсади гузариш ба низоми рақамӣ, мусоидат ба шуғли ҷавонон, таҳкими ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатии мавсимии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 санади ҳамкорӣ (4 Ёддошти тафоҳум ва созишнома бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 1 Барномаи ҳамкории муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, 4 Ёддошти тафоҳум бо шаҳру вилоятҳои Корея, 2 Ёддошт бо Федератсияи Россия) ба имзо расонида шуд.

Айни ҳол 5 лоиҳаи санади байниҳукуматию байниидоравӣ дар баррасии Тарафҳо қарор дошта, миёни онҳо Ёддошти тафоҳум бо Давлати Кувайт дар самти муҳоҷират барои баимзорасонӣ омода мебошад.

Бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти санадҳои ҳамкорӣ бо шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Корея дар самти корҳои мавсимӣ 7 июни соли 2022 Ёддошти тафоҳум байни маркази Ҷоллабук-до оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба имзо расид.

Дар иртибот ба амалисозии муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 10 июни соли 2021 бо мақсади густариши ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва омӯзиши масъалаҳои марбут ба қонунгузории бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, танзими раванди муҳоҷират, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар соли 2022 ду ҷаласаи Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовинони якуми вазирони ҳар ду кишвар баргузор гардид.

Зимни ҷаласаҳо як қатор протоколҳои ҳамкории соҳавию минтақавӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сохторҳои ҳар ду ниҳод дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ, технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба имзо расиданд.

Бо Вазорати тавоун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 2021 инҷониб ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи Ёддошти тафоҳуми байни вазоратҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ - техникӣ ду ҷасалаи гурӯҳи корӣ баргузор гардида, Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур барои солҳои 2022-2024 ва лоиҳаи Барномаи ҳамкории муштарак байни Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида, тасдиқ шуданд.

Дар самти ташкил ва рушди муносибатҳои байналмилалии соҳавӣ, инчунин фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар соли 2022 вазорат ҳамкориро бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони СММ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират, ташкилоти Ҳайати Шафқат ба роҳ монда, 10 лоиҳаи грантию сармоягузориро татбиқ намуд.

Фаъолияти лоиҳаи амалкунандаи Бонки Осиёии Рушд (БОР) «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»  ба васеъ намудани шуғли самаранок мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона гардида, натиҷаи ниҳоии он ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар назди МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” тарҳи бинои 4 ошёнаи маркази рушди малакаҳо ба бинои 8 ошёна ва бинои хобгоҳи 4 ошёна ба бинои 5 ошёна тағйир дода шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад. Инчунин, бо мақсади коҳиш додани осебпазирии муҳоҷирони меҳнатӣ, кумак ба ҷавонон дар пайдо намудани ҷойҳои кории сифатнок ва беҳтарсозии хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занони корҷӯ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ сохтмони 3 Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ва 3 Маркази рушди малакаҳо оғоз шудааст.

Дар доираи компоненти 1 лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ гардида истодааст,  сохтмони 12 марказ ба охир расида, таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Аз ҷониби вазорат давоми солҳои 2021-2022 як Форум ва се ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид, ки ҳадафи асосии ин чорабиниҳо ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъмини рушди соҳаҳои зери тобеъияти вазорат мебошад.

Дар доираи ин чорабиниҳо Харитаи роҳи фаъолияти вазорат барои солҳои 2022-2026 манзури донорҳо ва шарикони рушд гардид, ки дар он самтҳои афзалиятноки сиёсати минбаъда дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғл ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ муайян шудаанд.

Корҳои илмии соҳавӣ. Аз ҷониби МД “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ҳисоботи ҷамъбастии илмӣ барои солҳои 2017-2021 дар мавзуи «Проблемаҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худистеҳсолии сармояи инсонӣ дар системаҳои муосири иқтисодии минтақавии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 522 саҳифа омода ва тибқи тартиби муқарраргардида дар Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 январи соли 2022 аз қайди давлатӣ гузашт.

Доир ба мавзуи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2022-2026 «Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳо идома доранд.

Дар ин давра натиҷаҳои пешакии корҳои илмӣ-таҳқиқотии дар соли 2022 гузаронидашуда, дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии ташаккулёбии шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Бамеъёргирии меҳнат дар давлатҳои аъзои ИДМ: проблемаҳо ва зарурати такомул» пешниҳод гардиданд.

 

 

11.02.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ