img
ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолият ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2025 корҳои муайянро амалӣ намуд.

 

Такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

 

Соли 2025 ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа, фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 21 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 8 лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ таҳия гардида, аз ин шумора 7 лоиҳа қабул шуд. Ҳамчунин, 2 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо ва 8 лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо кишварҳо қарор доранд.

 

Муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ.

 

асъалаҳои тақвияти сатҳи зиндагии аҳолии кишвар пайваста зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вобаста ба он мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.  Соли 2025 вазорат барои саҳмгузорӣ дар такмил додани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кам кардани рӯйхати корҳои манъшуда барои занон дар ҷамъбасти озмуни “Эътирофи қаҳрамони гендерӣ дар Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ғолиб эълон шуда, сазовори ҷоиза ва шаҳодатномаи Бонки ҷаҳонӣ гардид.

 

Бо мақсади таҳкими шарикии иҷтимоӣ байни Созмони Байналмилалии Меҳнат ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2025 Нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ байни шарикони сеҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Созмони Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати шоиста барои солҳои 2025–2026 ба имзо расида, мавриди амал қарор гирифт. Соли 2025 афзоиши нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ назаррас боқӣ монда, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 музди меҳнати миёнаи кормандони ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ – 2 725,71 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 -ум 19,9 фоиз ё 452,9 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

 

Ба ҳолати 1 декабри соли 2025, дар маҷмуъ, 56 адад созишномаи минтақавӣ ва соҳавӣ барои солҳои 2024–2026 (42 соҳавӣ ва 14 минтақавӣ) ба имзо расида, дар вазорат сабти ном гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 36 ҳазору 82 корхона, муассиса ва ташкилот фаъолият намуда, 19 ҳазору 195 адади онҳо ҳуқуқи бастани шартномаҳои коллективиро доранд. Аз шумораи умумӣ 17 ҳазору 18 адад шартномаи коллективӣ ба имзо расидааст, ки 88,7 фоизро ташкил медиҳад.

 

Назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, яъне ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кормандон, пешгирӣ ва ошкорсозии вайронкунии қонунгузории меҳнат, таъмини шароити бехатарии меҳнат ва риояи кафолатҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  ба ҳисоб меравад. Соли 2025 аз ҷониби ин ниҳод фаъолияти 1992 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки аз ин 1745 адад  санҷиши нақшавӣ ва 247 адад санҷиши ғайринақшавӣ мебошанд. Дар натиҷаи санҷишҳо 9560 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки аз ин 7173 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 2034 ҳолат ба бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 40 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 313 ҳолат ба шуғли аҳолӣ марбут мебошанд.

 

Танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ.

 

Вазорат маҷмуи тадбирҳо ва механизмҳои давлатӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро, ки ба идора, ҳамоҳангсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон дар равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ равона шудаанд, амалӣ менамояд.

 

Соли 2025 ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ  Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба имзо расид.

 

Протоколи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи Созишнома, ба роҳ мондани муҳоҷирати меҳнатӣ тариқи муташаккилона, омода намудани кадрҳои баландихтисос бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнати Федератсияи Россия ба қувваи корӣ ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои кори қонунӣ ва бехатар дар Федератсияи Россия таҳия гардида, ба имзо расидани он имкон фароҳам овард, ки минбаъд раванди ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гирифтани маълумотнома оид ба гузаштан аз муоинаи тиббӣ, супоридани изи ангушт, гирифтани сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия дар дохили ҷумҳурӣ пеш аз сафар анҷом дода шуда, шаҳрванд дар ҳудуди Федератсияи Россия танҳо патент гирифта, ба фаъолияти меҳнатӣ шуруъ намояд.

 

Дар соли 2025 аз ҷониби 30 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатнома барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар 35 ҳазору 747 нафар муташаккилона ба хориҷи кишвар бо кор таъмин гардиданд, ки нисбати соли 2024, 18805 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла, тавассути сохторҳои дахлдори вазорат 21669 нафар шаҳрванд дар кишварҳои хориҷа бо кор таъмин карда шуданд. Илова бар ин, бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, диаспора, соҳибкорони бурунмарзӣ ва корфармоён зиёда аз 12 ҳазор нафар шаҳрванди дар Россия қарордошта, бо кор таъмин карда шуданд.

 

Мавриди зикр аст, ки масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат қарор дошта, соли 2025 фаъолият дар ин самт тақвият ёфт. Аз ҷумла,  моҳи ноябри соли 2025 Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи корҳои дохилӣ ва идораи муҳоҷирати Хадамоти федералии давлатии корҳои дохилии Подшоҳии Белгия ба имзо расид, ки айни ҳол дар марҳилаи гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ қарор дорад. Санади мазкур имкон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳурӣ дар кишварҳои БЕНИЛЮКС (Белгия, Нидерландия ва Люксембург) ба фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб машғул шаванд.

 

Бо мақсади татбиқи Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Ҷопон ҷиҳати ба роҳ мондани низоми ҷалби қувваи кории хориҷӣ бо мақоми “коргари соҳибтахассуси махсус”, аз ҷониби вазорат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, механизми интиқоли қувваи корӣ (Flow-Chart) таҳия ва барои ҷойгир намудан дар сомонаи Созмони ҳамкории Ҷопон оид ба таҷрибаомӯзон ва мутахассисони соҳибихтисос (JITCO) тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ирсол кард.

 

Ҳамзамон, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» лоиҳаи созишнома бо корфармоёни Ҷопон таҳия гардида, дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати «YAITOHITO» 10 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шуда, корбарӣ идома дорад. Ҳамчунин, дар натиҷаи ҳамкориҳо бо ширкатҳо ва корфармоёни Давлати Қатар тавассути Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” зиёда аз 500 нафар довталаб сафарбар гардиданд.

 

Соли 2025 барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон аз ҷониби  Корея 800 бурсия (квота) ҷудо шуд. Дар доираи ҳамкории Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва Маркази «EPS center»-и Корея 68 нафар довталаб баъди омӯзиш дар курсҳои омодагии касбӣ ва омӯзиши забони кореягӣ, дар санҷиши EPS Topik муваффақ шуданд. Аз онҳо 21 нафар тавассути портали корҷӯёни Корея аз ҷониби корфармоён интихоб ва бо кор таъмин шуданд. Ҳуҷҷатҳои 12 нафари дигар барои сафарбар намудан омода шуда истодаанд. Соли 2025 ба Хадамоти муҳоҷирати вазорат ва зерсохторҳои он 35 ҳазору 527 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки аксарияти онҳо бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи вуруди дубора ба Федератсияи Россия мебошад.

 

Дар натиҷаи фаъолияти сохторҳои хадамот 8734 нафаре, ки вурудашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ гардида буд, аз сафари пеш аз муҳлат пешгирӣ карда шуданд. Аз ин теъдод 6649 нафар ба касбомӯзӣ ва мутобиқсозӣ ба бозори меҳнати дохили кишвар ҷалб гардида, 3778 нафар соҳиби касб ва 2046 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус муҳоҷирони баргашта дар корхонаҳою ташкилотҳое, ки ба ҷалби қувваи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, муҳим арзёбӣ мегардад.

 

 Дар давраи мадди назар 55 ҳазору 88 нафар дар ширкатҳое, ки ба ҷалби қувваи корӣ машғуланд, бо кор таъмин гардидаанд, ки теъдоди кормандони хориҷӣ 5433 нафар ва шумораи кормандони маҳаллӣ 49 ҳазору 655 нафарро ташкил дода, таносуб ба ҳисоби миёна 90,1 фоиз ба 9,9 фоиз  баробар аст. Аз ҷумла, 16 ҳазору 200 нафар муҳоҷири ихроҷ ва бозпасшудгардонидашуда буда, аз он 2565 нафар дар ширкатҳои ҶСК “НБО Роғун” бо кор таъмин шудаанд.  Ҳамзамон, ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 4595 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта муроҷиат намуданд, ки аз ин теъдод 4008 нафар мард ва 587 нафар зан мебошанд.

 

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 1050 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, 496 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб ва ба 3049 нафар машварати касбӣ дода шуд. Дар маҷмуъ, 28641 нафар муҳоҷири баргашта ва ихроҷшуда ба намудҳои гуногуни шуғл, аз ҷумла  18923 нафар (2565 нафар дар ҶСК “НБО Роғун) бо ҷойи кори доимӣ таъмин, 7143 нафар ба касбомӯзӣ ва 2575 нафар ба дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд. Дар соли сипаришуда аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 4653 вохӯрӣ ва суҳбат бо ҷалби зиёда аз 504 ҳазор нафар гузаронида шуд.

 

Ҳадаф аз гузаронидани вохӯриҳо ин пеш аз ҳама фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва ғайра мебошад. Соли 2025 ба Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 59 ҳазору 730 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин 59 ҳазору 234 нафар муроҷиати шифоҳӣ ва 496 нафар муроҷиати хаттӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Аз ҷумла, бо мусоидати Намояндагӣ аз 46 муроҷиат оид ба бекор кардани ҳалномаи суд доир ба ихроҷи маъмурии шаҳрванд 7 қарори суд бекор гардида, ба 8 муроҷиаткунанда оид ба кушодани манъи вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба доштани асосҳои ҳуқуқӣ мусоидат карда шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии диаспораҳои тоҷик ба муҳоҷирони меҳнатии эҳтиёҷманд дар Федератсияи Россия ба 72 нафар ба маблағи  4 млн. 688,6 ҳазор  рубли русӣ  кумакҳои моддӣ расонида, дар ҳамкории доимӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия 33 млн. 93 ҳазор рубли пардохтнашудаи музди меҳнати муҳоҷирон, аз ҷониби корфармоён ва шахсони воқеӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд. 

 

Илова бар ин, аз ҷониби  Намояндагӣ 77 вохӯриву мулоқот бо мақомоти қудратии Федератсияи Россия ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, 205 вохӯриву мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ба мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ, ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгароӣ, 441 вохӯрӣ ва тамоси маҷозӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон гузаронида шудааст, ки аз ин муҳоҷирони меҳнатӣ барои худ маълумоти муфид дастрас намудаанд.

 

Бояд тазакур дод, ки бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, ҷиҳати муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ва экологӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, тадбирҳои амалӣ андешида шуда, як қатор корҳо анҷом дода шуд. Соли 2025 ба ба 295 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 173 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ қитъаи замин ҷудо гардида, иҷрои нақшаи муҳоҷирати дохилӣ 94 фоиз ва экологӣ 99,4 фоиз таъмин гардид.

 

Бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

 

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат ин ҳарчи бештар ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, омода намудани кадрҳои коргарӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ мебошад.  Соли 2025 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 154 ҳазору 822 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 120 ҳазору 391 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда,  ба 67853 нафар мақоми бекорӣ дода шуд. Ба ҳолати 1 декабри соли 2025  теъдоди бекорони дар қайдбуда 58,6 ҳазор нафарро ташкли медиҳад.

 

Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 дар соли сипаришуда 72 ҳазору 695 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 102,4 фоизи дурнамои солонаи барномаро ташкил дод. Аз ҷумла, 8759 нафар шаҳрванди ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин нишондод 99,5 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли 2024-ум 1,6 фоиз зиёд мебошад. Аз таҳлили соҳавии ин нишондиҳанда бармеояд, ки аз шумораи умумии бо кор таъминшудагон тавассути квота 158 нафар маъюб, 129 нафар ятими ноболиғ, 1086 нафар ҷавони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсатшуда, 338 нафар шахсони аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ ва муассисаҳои табобати маҷбурӣ озодшуда, 1859 нафар волидони яккаву танҳо ва шахсоне, ки дар тарбияташон кӯдакони ноболиғ ва маъюб доранд, 1708 нафар волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ ва  маъюб доранд, 134 нафар шахсони то 18 сола, ки бо сабаби вафоти волидонашон ё дигар ҳолат сарпарастии оиларо ба уҳда доранд, 321 нафар шаҳрванде, ки барои аз рӯйи синну сол ба нафақа баромаданашон ду сол боқӣ мондааст ва 3026 нафар шаҳрванди то синни 18 - сола ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба кор равон карда шудаанд, ташкил медиҳад.

 

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 929 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар ин ярмаркаҳо 10 ҳазору 58 корхонаю ташкилот иштирок ва ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи чорабинии мазкур 11 ҳазору 336 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ба ҳар як ярмарка 12,1 нафар рост меояд. Ба 6489 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуда, 1653 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.

 

Дар маҷмуъ, тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 19 ҳазору 478 нафар шаҳрванд ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд. Илова бар ин, дар ин давра аз ҷониби корхона, ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳо ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 15 ҳазору 72 адад ҷойҳои кории холӣ (вакансия) ворид гардидааст, ки ба шаҳрвандони бекор пешниҳод карда шуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ва мустақилона бархӯрдор шудан аз хизматрасониҳо аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат сомонаи махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ www.kor.tj фаъол мебошад.

 

Давоми соли 2025 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои рушди соҳибкории хурд ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба 2168 нафар шаҳрванди бекор, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, ба андозаи 8 млн. 857,5 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ барои машғул шудан ба фаъолияти тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва истеҳсолӣ дода шуд.

 

Таҳлили ин раванд нишон медиҳад, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1085 нафар ба маблағи 4 млн. 328,0 ҳазор сомонӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ба 276 нафар ба маблағи 1 млн. 213,4 ҳазор сомонӣ ва барои фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 807 нафар ба маблағи 3 млн. 316,0 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шудааст.

 

Илова бар ин, ҷиҳати дастгирӣ барои рушди соҳибкории хурд дар байни занон ва ҷавонон инчунин, бо мақсади эҳё ва рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти хос дода шуда, ба 1252 нафар зан ба маблағи 4 млн. 700,3 ҳазор сомонӣ, ба 417 нафар ҷавон ба маблағи 1 млн. 747,7 ҳазор сомонӣ ва барои эҳё ва рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 728 нафар ба андозаи 3 млн. 92,7 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид. Таҳлили ин самт нишон медиҳад, ки шаҳрвандони ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, асосан ба дӯхтани либосҳо ва нақшу нигори миллӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, истеҳсоли маснуот аз чӯб, кулолгарӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, пухтани маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои миллӣ машғул гардиданд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо корфармоён 6632 нафар бекорони дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ қарордошта, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд.

 

Аз ҳисоби бақияи маблағи соли 2024 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 17 ҳазору 649 нафар ба маблағи 24 млн. 399,3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъйин ва пардохт гардида, иҷрои ин нишондиҳанда 45,7 фоиз зиёд нисбат ба нақшаи пешбинишуда таъмин гардид. Таҳлили раванди таъйин ва пардохти кумакпулиҳо нишон медиҳад, ки ба 15 ҳазору 999 нафар ҷавони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба эҳтиёт рухсатшуда дар ҳаҷми 18 млн. 482,1 ҳазор сомонӣ, ба 1501 нафар аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ озодшуда ба андозаи 1 млн. 959,9 ҳазор сомонӣ, ба 149 нафар шаҳрванди аз ҷойи кор ихтисоршуда ба маблағи 3 млн. 957,2 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.

 

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 280 ҳазор ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд, аз ҷумла 74 ҳазор  (26,2 фоиз) ҷойи кори доимӣ, 49005  ҷойи корӣ муваққатӣ ва 152,2 ҳазор (54,3 фоиз) ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар ин давра 5098 (1,8 фоиз) ҷойи кори иловагӣ таъсис ва барқарор шудааст. Дар маҷмуъ, иҷрои чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2025 дар сатҳи 113,4 фоиз таъмин карда шуда, 147 ҳазору 988 нафар аз хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархӯрдор шуданд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ 89 ҳазору 398 нафар шаҳрванд ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, тавассути Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” 36 ҳазору 844 нафар, тавассути корхонаҳои воҳиди давлатии  касбомӯзии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 13 ҳазору 328 нафар, тавассути марказҳои омӯзиши шуғли фосилавӣ 2305 нафар, дар марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ 7638 нафар ва бо роҳхатҳои иловагӣ дар дигар марказҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 29 ҳазору 240 нафар ҷалб карда шудаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимӣ 19805 нафар, тавассути худмаблағгузорӣ 16521 ва тибқи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия 14685 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки аз шумораи умумии ин нишондиҳанда 60158 нафар танҳо тавассути марказҳои таълимии низоми вазорат касб омӯхта, нишондиҳандаи солонаи барнома дар сатҳи  91,7 фоиз  таъмин карда шуд.

 

Соли 2025 дар доираи амали Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” марказҳои рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд. Дар маҷмуъ, соли сипаришуда дар 6 маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз рӯйи 20 касбу ихтисос омӯзиш ба роҳ монда шуда, 8002 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 7638 нафар хатм карданд.

 

Ҳамчунин, дар доираи амалиЛоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” корҳо ҷиҳати рақамикунонии соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ идома дошта, аз ҷумла таъсиси Маркази коркарди маълумот дар вазорат, таъмини 73 воҳиди сохтори вазорат дар маҳал бо таҷҳизоти зарурӣ, ки ҷиҳати истифодаи босамари барномаҳои рақамии соҳавӣ мусоидат менамояд,  ба итмом расонида шуд. Дар 19 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (пилотӣ) низоми хурди электронии бақайдгирии баҳрагирандагони Барномаи фарогирии иқтисодӣ мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, раванди таҳияи модулҳои Системаи иттилоотии бозори меҳнат, аз ҷумла, “Феҳристи бақайдгирии шаҳрвандони бекор” ва “Маҳзани  ҷойҳои кории холӣ” оғоз гардид. Давоми соли 2025, 2270 нафар шаҳрвандони бекор аз ҷониби лоиҳа ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар назар аст, ки то анҷоми лоиҳа 20 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, ба 7,5 ҳазор нафар грант  барои ташкили фаъолиятҳои даромаднок ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дода мешавад.

 

Ба курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ 14 ҳазору 820 нафар ҷалб гардида, баъди хатм ба корҳои хонагӣ ва дар дигар ташкилоту муассисаҳо бо кор таъмин шуданд. Дар соли 2025 шумораи ҳунармандони соҳаи истеҳсолӣ ба 20901 нафар баробар шуда, ин теъдоди ҳунармандон нисбат ба соли 2024-ум 2247 нафар ва нисбат ба соли 2023-юм 12887 нафар зиёд гардида, сабаби афзоиш ёфтани шумораи ҳунармандон ин асосан бақайдгирии расмии онҳо мебошад.

 

 Аз шумораи умумии ҳунармандони соҳаи истеҳсолӣ ба вилоятҳои Суғд -16114 нафар, Хатлон 2487 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1648 нафар, ВМКБ 417 нафар ва ба шаҳри Душанбе 235 нафар рост меояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҳунармандон дар соли 2025 ба ҳисоби миёна 110,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 (101,9 млн.сомонӣ) 8,2 млн. сомонӣ афзудааст.

 

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024, №73 «Дар бораи таъсис додани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024–2026», ки бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунарҳои дар ҳолати аз байн рафтан қарордошта, қабул гардидааст, соли 2025 ба 20 нафар ҳунарманд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо аз ҷониби комиссия ғолиб дониста шуданд, ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда шуд.

 

Соли 2025 аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ” ба 38 ҳазору 40 нафар шаҳрванд машваратҳои касбӣ дода шуд. Аз теъдоди умумӣ 14493 нафар шаҳрванди бекор, 4032 нафар зан, 476 нафар маъюб, 9455 нафар ҷавонони синни аз 15 то 29 - сола, 1680 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсатшуда, 523 нафар аз маҳбас озодшуда, 2202 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта ва 1702 нафар шахсони дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.

 

Робитаҳои байналмилалӣ.

 

Вазорат бо мақсади тақвияти рушди соҳа дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир бо 17 кишвар дар заминаи 39 шартномаи байналмилалии амалкунанда, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Қатар, Давлати Қувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Подшоҳии Белгия ҳамкориҳои байналмилалиро ба роҳ мондааст. Аз шумораи умумии санадҳои амалкунанда муқаррароти 15 адад (9 созишномаи байниҳукуматӣ ва 6 ёддошти тафоҳум) ба самти муҳоҷират ва 24 санади дигар ба муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ равона гардида, соли 2025 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ 4 адад шартномаи байналмилалии соҳавӣ омода ва ба имзо расонида шуд.

 

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ.

Дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» омӯзиши проблемаҳои бозори меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат, таълимоти касбӣ ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ба роҳ монда шуд. Соли гузашта корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба мавзуи “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои соли 2025 дар самтҳои “Омӯзиши равандҳои демографӣ ва таъсири он ба рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дурнамои такмили системаи шуғли пурмаҳсул” идома ёфтанд.

 

Аз ҷониби олимон ва ходимони илмии муассиса таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба талаботи корфармоён ба касбу малакаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ байни корфармоёни се соҳа - саноат, сохтмон ва сайёҳӣ гузаронида шуда, 1000 корхонаро дар бар гирифт. Мақсади асосии гузаронидани таҳқиқоти мазкур, муайян намудани сатҳи тағйирёбии талаботи корфармоён дар соҳаҳои саноат, сохтмон ва сайёҳӣ ба касбҳо, тахассусҳо, малакаҳои коргарон дар соли 2025 ва солҳои оянда мебошад. Натиҷаҳои аввалияи таҳқиқот моҳи майи соли 2025 дар дафтари Иттиҳоди Аврупо бо иштироки коршиносон ва мутахассисони соҳа баргузор гардид.  Минбаъд натиҷаи тадқиқоти мазкур барои таҳияи дурнамо ва тақвияти фаъолияти сохторҳои вазорат истифода карда хоҳанд шуд.

02.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ