img
ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРОТИ МАНФИАТҲО

 

Давлат: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номи лоиҳа: Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ

Рақами лоиҳа: P178878

Гранти №: E1600-TJ

Иҷрокунанда: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР)-и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” маблағи грантӣ дастрас намуд. Ҳадафи лоиҳа дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва беҳтар намудани низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Лоиҳа аз ҷониби ду мақомоти иҷроия, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ВТҲИА) ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВММШ) амалӣ карда мешавад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВММШ ҶТ) бо мусоидати Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (минбаъд ГТЛ) иҷрокунандаи Қисмати 2 (Дастгирии бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ) хоҳад буд, ки мутахассисони алоҳида барои иҷрои вазифаҳои мушахас масъуланд. ГТЛ ВММШ маъмурияти ҳаррӯзаи лоиҳаро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла дастгирӣ оид ба техникӣ, молиявӣ ва харид, кафолатҳо ва равандҳои мониторинг ва арзёбӣ барои ду Қисмат (2 (2.1, 2.2, 2.3) ва 4 (4.2)) лоиҳа.

 

ГТЛ ВММШ нақшадорад ки як қатор мутахассисонро ба кор ҷалб кунад, аз ҷумла:

1. Мутахассис оид ба барномаи фарогирии иқтисодӣ;

2. Тарҷумон.

 

Талаботи тахассусӣ барои номзадҳо инҳоянд:

 

  1. Мутахассис оид ба Барномаи фарогирии иқтисодӣ

 

Маълумот:

  • Дараҷаи таҳсилоти олӣ дар иқтисод, менеҷмент, идоракунии давлатӣ, идоракунии соҳибкорӣ, илмҳои иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ё соҳаи дахлдор;

Талаботи тахассусӣ:

  • Ҳадди ақал 5 сол (панҷ) дар таҷрибаи ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рушд (лоиҳаҳои фарогирии иқтисодӣ, лоиҳаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тавонмандсозии занон ё ягон соҳаи дахлдор);
  • На камтар аз 2 (ду) сол таҷрибаи корӣ дар лоиҳаи худмашғулӣ, рушди соҳибкорӣ барои одамони осебпазир;
  • Таҷрибаи банақшагирӣ, омоданамудани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ;
  • Таҷрибаи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ;
  • Таҷриба дар идоракунии провайдерҳои хусусӣ (интихоб, гуфтушунид оид ба шарикӣ, назорат ва ҳамкорӣ);
  • Таҷриба дар ҷамъоварии маблағ, навиштани грантҳо, идоракунии грантҳо, тарҳрезӣ, татбиқ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии фаъолиятҳои лоиҳа;
  • Таҷрибаи кор дар соҳаи меҳнат ва худмашғулӣ;
  • Дониш ва таҷриба дар кор бо кафолатҳои иҷтимоӣ ва экологӣ бартарӣ дорад.

 

Сифатҳои шахсӣ:

  • Тафаккури методӣ ва стратегӣ.
  • Малакаҳои хуби муошират.
  • Қобилияти идора кардани сарбории корӣ бо назорати ҳадди ақал, қобилиятҳои қавии таҳлилӣ, ташкилӣ ва хаттӣ;
  • Омода будан ба маҳали амалигардонии лоиҳа ҳангоми зарурат ташриф намудан;
  • Донистани хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ) ва донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;
  • Маҳорати таҳияи гузоришҳои босифат ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва малакаи қавӣ дар муаррифии шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • Истифодабари боэътимоди (MS Office, MS Word, MS Excel, Powerpoint, Internet, E-mail ва ғайра);
  • Ростқавлӣ ва ҳисси масъулият.

 

  1. Тарҷумон

 

Маълумот:

  • Маълумоти олӣ бо омӯзиши тахассусии забони хориҷӣ ё дигар соҳаи алоқаманд.

Таҷриба:

  • Таҷрибаи на камтар аз 3 (се) сол дар пешниҳоди хидматҳои тарҷумонӣ ва тарҷумаи касбӣ.
  • Тарҷумон бояд хаттӣ ва гуфтугӯии забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русиро хуб донад ва малакаи хуби навиштани гузориш дошта бошад.
  • Таҷрибаи корӣ дар созмонҳои байналмилалӣ афзалият дорад.
  • Доштани таҷрибаи тарҷумони синхронӣ дорои афзалият мебошад.

Сифатҳои шахсӣ:

  • Малакаҳои хуби муошират;
  • Салоҳият дар фаҳмидани забон, тамоси чашм ва ифодаи чеҳра бартарият дорад;
  • Муоширати хуби кори бо гурӯҳ, қабули қарорҳо;
  • Қобилияти кор дар зери фишор;
  • Омода будан ба маҳали амалигардонии лоиҳа ҳангоми зарурат ташриф намудан (баъзан аз фосилаи дур);
  • Истифодабари боэътимоди (MS Office, MS Word, MS Excel, Powerpoint, Internet E-mail ва ғ.).

 

Маълумоти муфассал ва шартҳои техникиро метавонед аз пайванди зерин дастрас намоед:

1.МУТАХАССИС ОИД БА БАРНОМАИ ФАРОГИРИИ ИҚТИСОДӢ

2.ТАРҶУМОН

 

            Довталабон бастаи ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан бояд пешниҳод намоянд:

 

  • Ариза барои қабули ҳуҷҷат ба номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • CV ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (бояд маълумоти пурра дар бораи таҳсил ва таҷрибаи корӣ дошта бошад);
  • Тавсияномаҳо бо қайди рақамҳои тамос аз шахсони тавсиякунанда;
  • Нусхаи диплом дар бораи доштани маълумоти олӣ;
  • Нусхаи шаҳодатномаҳои таҳсилоти иловагӣ ё иштирок дар семинару тренингҳо;
  • Нусхаи шиноснома (ҷои бақайдгирӣ, ИНН).

 

Ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида бояд дар лифофаи пӯшида бо қайди вазифа ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: ш. Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2, “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин тамос гиред:

+992 985886585 ё почтаи электронӣ: bsiyovush@gmail.com

 

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 12 феврали соли 2024 то соати 14:00

 

 

 

30.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ