img
НОМГӮИ ХИЗМАТРАСОНИҲО

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба маълумот мерасонад, ки   хизматрасониҳои давлатии музднок дар ду самти фаъолияти марказҳои таълими касбии системаи он мавҷуд буда, дар мақомоти Агентӣ вуҷуд надорад.

 

Сарчашмаи даромади хизматрасониҳои давлатии музднок дар марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ аз ҳисоби ба касбомӯзи фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва бекасбу ихтисос тариқи худмаблағгузорӣ ва эътирофи салоҳияти касбӣ ва валидатсия амалӣ мегардад.

 

Нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ барои 92 касбу ихтисос моҳи апрели соли 2021 бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ гардидааст.

 

Маблағҳо барои як нафар касбомӯз барои таҳсили 1 моҳа бо таври зайл муайян гардидааст:

Барои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он:

  • -    тавассути худмаблағгузорӣ  185 сомонӣ;
  • -    эътирофи салоҳияти касбӣ ва валидатсия 135 сомонӣ;

Барои Корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва филиалҳои он:

  • -    тавассути худмаблағгузорӣ  175 сомонӣ;
  • -    эътирофи салоҳияти касбӣ ва валидатсия 125 сомонӣ;

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • -    Ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат барои кор   4080 сомонӣ
  • -    Барои ҷалби қувваи корӣ иҷозатнома (литсензия) 952 сомонӣ
22.12.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ