Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба маълумот мерасонад, ки хизматрасониҳои давлатии музднок дар ду самти фаъолияти марказҳои таълими касбии системаи он мавҷуд буда, дар мақомоти Агентӣ вуҷуд надорад.
Сарчашмаи даромади хизматрасониҳои давлатии музднок дар марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ аз ҳисоби ба касбомӯзи фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва бекасбу ихтисос тариқи худмаблағгузорӣ ва эътирофи салоҳияти касбӣ ва валидатсия амалӣ мегардад.
Нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ барои 92 касбу ихтисос моҳи апрели соли 2021 бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ гардидааст.
Маблағҳо барои як нафар касбомӯз барои таҳсили 1 моҳа бо таври зайл муайян гардидааст:
Барои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он;
Барои Корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва филиалҳои он;
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон