img
ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФА

ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФА

 

Мамлакат:

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номи лоиҳа:

Лоиҳаи «Навкунонии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»

Рақами лоиҳа:

P178878

Рақами грант:

E1600-TJ

Иҷрокунанда:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгӯйи вазифаҳои холӣ:

1. Мутахассис оид ба робита бо ҷомеа.

2. Ҳамоҳангсоз оид ба дастгирии тренингҳо.

 

 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР)-и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи «Навкунонии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» (P178878) грант дарёфт кард. Лоиҳа аз ҳисоби гранти Хазинаи Глобалӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон ва Фонди Трастии бисёр донорҳо (MTF) барои дастгирии маблағгузории зерқисмати 3.2 маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳа аз ҳисоби гранти Фонди Глобалӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон ва ҳамчунин, Фонди Трастии Бисёрдонорӣ (МТФ) ҳаммаблағгузор буда, барои дастгирии молиявии Зерқисмати 3.2. маблағгузорӣ менамояд.

Лоиҳа аз ҷониби ду вазорати иҷрокунанда, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) бо мусоидати Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (минбаъд ГТЛ-и назди ВТҲИА ҶТ) ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВММША ҶТ) бо мусоидат Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (минбаъд ГТЛ назди ВММША ҶТ). ГТЛ назди ВММША ҶТ барои татбиқи барои татибқи зерқисмати 2 (Дастгирии шаҳрвандони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта) ва 4.2. (Идора ва мониторинги Лоиҳа) масъул мебошад.  

 

 

1. МУТАХАССИС ОИД БА РОБИТА БО ҶОМЕА;

 

Мақсади аз супориши мазкур дастгирии ГТЛ-и назди ВММША ҶТ барои расонидани кумак дар татбиқи стратегияи маҷмӯйӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои баланд бардоштани бохабарӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои БНҲИҲИ дар маҷмӯъ мебошад. Мақсади асосии маъракаи иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ, ин иттилоотонии баҳрабардорони эҳтимолии Лоиҳа (бо дарназардошти шахсони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва ҳамчунин, маъмурияти маҳаллӣ) ва доираи бештар васеъ дар бораи ҳадафҳо ва дастгирии Лоиҳа ба ҳисоб меравад. Супориш ба ГТЛ-и назди ВММША ҶТ барои ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои алоқаманд бо иттилоотонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳа кумак мерасонад. Дар доираи супориши мазкур Мутахассис бояд мӯҳтаворо дар бораи меҳнат ва шуғл мураттаб намуда, онро таҳрир кунад ва тавассути чорабиниҳои маркетингӣ ва рекламавӣ дар ҳама намуди барномаҳои амал (нашриявӣ, рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва м.и.) сарпарастӣ ва паҳн намояд. 

 

Талабот ба тахассус ва сифатҳои шахсӣ:

Таҳсилот:

  • Таҳсилоти олӣ дар соҳаи коммуникатсия, рӯзноманигорӣ, илмҳои иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ ё дигар тахассусҳои ба инҳо баробар ва эътирофкардашуда.
  • Таҷрибаи корӣ:
  • Таҷрибаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи коммуникатсия, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ё маркетингӣ дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ.
  • Маҷмӯйи омӯзиши баробар ва таҷриба мувофиқи тахассус ҳисобида мешавад.
  • Барои таҷрибаи кор бо хонаводаҳои осебпазир ва муҳоҷирон бартарият дода мешавад.
  • Ба таҷрибаи қаблии кор бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти донорӣ ва фаҳмиши талаботи донорӣ бартарӣ дода мешавад.
  • Малакаҳои хуби пешбурди кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ.
  • Таҷрибаи ҷамъоварӣ ва ба низом даровардани иттилоот ва маълумот.
  • Дарки истилоҳот, динамика ва тамоюли бо ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират ва бекорӣ алоқаманд.
  • Доштани дониши қавӣ вобаста ба абзорҳои веб-сайтҳо ва таҳлилҳои маркетингӣ (масалан, Google Analytics, Net Insight, Omniture, Web Trends, SEMrush ва м.и.).

 

Сифатҳои шахсӣ:

  • Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, малакаҳои хуби муошират ва доштани руҳияи тимӣ, қобилияти кор карда тавонистан дар гурӯҳ, ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ.
  • Эҷодкорӣ ва таҷрибаи муайян карда тавонистани шунавандагони мақсаднок ва коркарди чорабиниҳои рақамие, ки ҷалб менамоянд, иттилоъ медиҳанд ва ҳавасманд месозанд.
  • Қобилият ва омодагӣ барои баромадан ба сафар ба минтақаҳои дурдаст аҳамияти хоса дорад.
  • Дониш ва таҷрибаи кор бо шароити маҳали деҳоти Тоҷикистон бартарӣ доранд.
  • Малакаи омода намудани ҳисоботи босифат бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва ҳамчунин, маҳорати қавии муаррифӣ карда тавонистани рӯнамоҳо дар шаклҳои хаттӣ ва шифоҳӣ.
  • Малакаҳои хуби кор бо компютер (MS Word, Excel, Power Point, Интернет) талаб карда мешавад.
  • Озодона донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, барои донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад.

 

2. ҲАМОҲАНГСОЗ ОИД БА ДАСТГИРИИ ТРЕНИНГҲО.

 

Мақсади супориши мазкур-ин дастгирии ГТЛ-и назди ВММША ҶТ ҷиҳати пешниҳоди кумаки техникӣ тавассути ҷалби Ҳамоҳангсоз оид ба дастгирии тренинигҳо, ки барои устуворӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои ПМСЗЭИ дар маҷмӯъ нигаронида шудааст, ба ҳисоб меравад. Супориш дар ташкил ва гузаронидани ҳамаи намудҳои барномаҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳа ба ГТЛ-и назди ВММША ҶТ кумак мерасонад.

Ҳамоҳангсоз оид ба дастгирии тренинигҳо барои татбиқи умумӣ ва назорати ҷузъи нармафзори Лоиҳа, ки раванди таҳияи маводи таълимӣ, кафолати сифат ва раванди гузаронидани тренингро дар бар мегирад, масъул хоҳад буд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои баланд бардоштани иқтидори лоиҳа, Ҳамоҳангсоз оид ба дастгирии тренингҳо бояд бо кормандони дахлдори ГТЛ-и назди ВММША ҶТ, АМША, МТКТ, ширкатҳои консалтингӣ ва дигар ширкатҳои консалтингии лоиҳа, ки вобаста ба ҷузъи омӯзишии Лоиҳа ва дигар чорабиниҳои ба он алоқаманд ва ғайра ҷалб карда мешаванд, фаъолиятро ба роҳ мемонад.

 

Талабот ба тахассус ва сифатҳои шахсӣ:

Таҳсилот:

  • Таҳсилоти олӣ дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ, менеҷмент, идоракунии корҳо, рушди байналмилалӣ, ҳуқуқ ё фанҳои ба соҳаи идоракунии лоиҳаҳо алоқаманд.

 

Таҷрибаи корӣ:

  • На камтар аз 5 сол таҷрибаи корӣ дар татбиқи лоиҳаҳо, идоракунии омӯзиш ва барои таҷрибаи зарурии корӣ дар МФТ бартарият дода мешавад.
  • Маҷмӯи баробарии омодагӣ ва таҷриба ба тахассус баробар ҳисобида мешавад.
  • Таҷрибаи доманадор дар таҳия ва коркарди барномаҳо, модулҳо ва ҳамчунин, доштани малакаҳои таҳлилӣ.
  • Малакаҳои дар чанд ҷой кор кардан ва идоракунии вақт, қобилият ба афзалият додани вазифаҳо.
  • Доштани малакаҳои хуби муошират ва кори дастҷамъона дар тим, омодагии расонидани кумак ҳангоми зарурат. 
  • Таҷрибаи қаблии кор бо муассисаҳои давлатии маҳаллӣ, муассисаҳо, фаъолияти донорӣ ва ба дарки талаботҳои донорҳо афзалият дода мешавад.

 

Сифатҳои шахсӣ:

  • Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, малакаҳои хуби муошират ва доштани руҳияи тимӣ, қобилияти кор карда тавонистан дар гурӯҳ, ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ.
  • Эҷодкорӣ ва таҷрибаи муайян карда тавонистани шунавандагони мақсаднок ва коркарди чорабиниҳои рақамие, ки ҷалб менамоянд, иттилоъ медиҳанд ва ҳавасманд месозанд.
  • Қобилият ва омодагӣ барои баромадан ба сафар ба минтақаҳои дурдаст аҳамияти хоса дорад.
  • Дониш ва таҷрибаи кор бо шароити маҳали деҳоти Тоҷикистон бартарӣ доранд.
  • Малакаи омода намудани ҳисоботи босифат бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва ҳамчунин, маҳорати қавии муаррифӣ карда тавонистани рӯнамоҳо дар шаклҳои хаттӣ ва шифоҳӣ.
  • Малакаҳои хуби кор бо компютер (MS Word, Excel, Power Point, Интернет) талаб карда мешавад.
  • Озодона донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, барои донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад.

 

Маълумоти иловагӣ, аз он ҷумла нишондодҳои техникиро дар вақти корӣ аз соати 09:00 то 17:00 аз суроғаи зерин дастрас кардан мумкин аст.

 

Довталабонро зарур аст, ки шахсан бастаро бо ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоянд:

 

Ариза дар бораи иштирок барои ишғоли вазифаи холӣ  ба номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 

  • Резюме бо забонҳои русӣ ва англисӣ (бояд дар бораи таҳсилот ва таҷрибаи корӣ маълумоти пурра дошта бошад);
  • Тависяномаҳо бо рақамҳои тамоси тавсиядиҳандагон.
  • Нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ.
  • Нусхаҳои шаҳодатномаҳо дар бораи таҳсилоти иловагӣ ё иштирок дар семинарҳо ва тренингҳо;
  • Нусхаи шиноснома (ҷойи қайд, ИНН);

 

Ҳуҷҷатҳои зикршударо дар лифофа бо дарҷ намудани вазифа ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод намудан зарур аст: ш. Душанбе, кӯчаи Алишера Навоӣ 5/1, Лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ», бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (ошёнаи сеюм) то 8 майи соли 2024 (16:00 бо вақти Душанбе).

 

Шахсони тамосгиранда:

Бобохонзода С.Ғ.- директори иҷроияи Лоиҳа.

Почтаи электронӣ: bsiyovush@gmail.com,

Мирзоев Ҷ. Н. – сармутахассис оид ба хариди Лоиҳа.

Почтаи электронӣ: jahonbek@gmail.com.

 

24.04.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ