img
БАРРАСИИ ҶАНБАҲОИ КОНСЕПТУАЛӢ ВА АСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ-МЕТОДОЛОГИИ ТАШАККУЛИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 28 октябри соли равон дар МД “Китобхонаи миллӣ” Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ “Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии ташаккули шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки роҳбарияти вазорат ва сохторҳои он, намояндагони Бонки Рушди Осиё, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Хазинаи Созмони Миллали Мутаҳид оид ба нуфузи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таҳқиқотҳои демографии Академияи илмҳои Федератсияи Россия баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тайи солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илмҳои соҳавӣ ва алоқамандии онҳо ба амалия таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар заминаи ин, фаъолияти Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ тақвият ёфта, ҳамчун ниҳоди пешбарандаи илми соҳавӣ макони баргузории ҳамоишҳои самарабахши илмӣ гардидааст.

Рӯйдодҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ, алалхусус паёмадҳои буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва дар маҷмуъ, шиддатёбии рақобат байни кишварҳои абарқудрат ба вазъи шуғлнокӣ ва бозори меҳнати байаналмилалӣ таъсири худро гузошта истодаанд. Зери таъсири ин омилҳо сохтори шуғлнокӣ, бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ зуд-зуд тағйир меёбанд. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳу усулҳои нави танзими меҳнат, истифодаи самараноки қувваҳои корӣ ва таъмини кори арзандаро ҷустуҷӯ дорад.

Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои мазкур бахши 8-уми барномаи Ҳадафҳои Рушди устувор ба масъалаҳои мусоидат ба рушди муназзам, фарогир ва устувори иқтисодӣ, шуғли пурраву пурмаҳсул ва кори арзанда барои ҳама бахшида шудааст.

Барои расидан ба ин Ҳадафҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир корҳои зиёде анҷом дода шуда истодаанд. Аз ҷумла, тибқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021 аз ҷониби вазорат лоиҳаи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, омода гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон аз 28 майи соли 2022, №263 тасдиқ гардид.

Дар заминаи ин Консепсия айни замон аз ҷониби вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилдалӣ ва миллӣ лоиҳаи Барномаи рушди шуғли пурмаҳсул барои солҳои 2023-2027 омода шуда истодааст, тавсияҳо ва хулосаҳои конфронси имрўза барои таҳияи мундариҷа ва индикаторҳои барномаи мазкур замина мегузоранд.

Конфронси мазкур аз се бахш: бахши ифтитоҳӣ ва ду сесияи тематикӣ: “Масъалаҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул, такмили муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ” ва “Нақши тайёри касбии кадрҳои коргарӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсул ва паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ” иборат буд, ки дар онҳо олимону муҳақиқони дохиливу хориҷӣ, пажӯҳишҳоро оид ба мавзуъҳои мазкур манзур намуда, доир ба дурнамои он мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифтанд.

Аз натиҷаҳои конфронси мазкур тавсияҳо омода ва қабул карда мешаванд.

28.10.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ