img
ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолият бармеоянд,  ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самтҳои  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 корҳои муайянро амалӣ намуд.

 

Такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳа.

 

Дар ин давра ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 15 лоиҳаи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ таҳия шуда, аз он  6 лоиҳа қабул, 3 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 лоиҳа дар мувофиқасозии вазорату идораҳо қарор дорад.

 

Дар соҳаи меҳнат.

 

Дар ин давра аз ҷониби  сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба кормандони 3378 корхона, муассиса ва ташкилотҳои гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ ба 13151 нафар вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кумаки методию амалӣ расонида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

Музди миёнаи меҳнат.

 

Ба ҳолати 1 июни соли 2024 музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст 2148,98 сомониро ташкил медиҳад, ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (1907,12 сомонӣ буд) 241,98 сомонӣ ё 12,7 фоиз ва нисбат ба аввали соли 2024 (2013,11 сомонӣ) ба андозаи 135,86 сомонӣ ё 6,7 фоиз зиёд мебошад.

 

Шуғли аҳолӣ.

 

Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79223 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 60568 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 34049 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40900 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4635 нафар ва ба воситаи ташкили корҳои фардӣ 1193 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4300 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуда, 11880 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар марказҳои таълими касбии низоми мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта ва ба 8820 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардидааст.

 

Мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор 483 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар натиҷа 12756 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шудаанд. Аз ҷумла, тавассути ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳо 6587 нафар корҷӯ соҳиби ҷойи кор гардида, ба 4812 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 1357 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардидаанд.

 

Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ 106663 нафар шаҳрванд аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархӯрдор гардида, иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 -2027 65,4  фоиз таъмин гардид.

 

Вазъи феълии шуғлнокӣ.

 

Дар асоси маълумоти таҳлилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯйи баҳои пешакӣ дар моҳи майи соли 2024, 2671,9  ҳазор нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 2613,3 ҳазор нафар ё 98,2 фоиз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти  кишвар машғули кор буда, ба 48,6 ҳазор нафар ё 1,8 фоиз расман мақоми бекорӣ дода шудааст, ки дар умум аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳанд.

 

Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳама намуди моликият дар моҳи майи  соли  ҷорӣ 1258,9 ҳазор нафар ё 48,0 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи майи соли 2024 нисбат ба моҳи апрели соли 2024 0,3 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи майи соли 2023, 1,0 фоиз зиёд шудааст.

 

Дар охири моҳи майи соли 2024 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 76,4  ҳазор нафар корҷӯ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 0,9 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи апрели соли 2024, 2,6 фоиз зиёд гардидааст.

 

Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар давоми моҳи майи соли 2024 барои пайдо кардани ҷойи кор 11,4  ҳазор нафар шаҳрванди корҷӯ муроҷиат намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3  фоиз зиёд буда, 6,9 ҳазор нафар бекорон ба кор таъмин карда шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6  фоиз зиёд шудааст.

 

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ.

 

Дар нимсолаи якуми соли 2024 тибқи маълумоти пешакӣ шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар маҷмуъ зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кории нав, аз ҷумла 60,3 ҳазор ҷойи корӣ (60,2 фоиз) дар бахши воқеӣ ва 39,8 ҳазор ҷойи корӣ (39,8 фоиз) дар бахши хизматрасонӣ таъсис дода шуда, дар қиёс ба нимсолаи якуми соли 2023 мутаносибан 7,7 фоиз (7,1 ҳазор ҷойи корӣ), 9,8 фоиз (5,4 ҳазор ҷойи корӣ) ва 4,7 фоиз (1,8 ҳазор ҷойи корӣ) зиёд мебошад. Ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба 34,9 фоиз (34,9 ҳазор ҷойи корӣ) ва шахсони воқеӣ ба 65,1 фоиз (65,2 ҳазор ҷойи нави корӣ) баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъсис аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 3,2 фоиз (1,1 ҳазор ҷойи нави корӣ) кам шуда, аз ҳисоби шахсони воқеӣ ба андозаи 14,5 фоиз (8,3 ҳазор ҷойи нави корӣ) зиёд шудааст. Ҳиссаи ҷойҳои нави кории доимии таъсисдодашуда ба 38,2 фоиз (38,2 ҳазор ҷойи корӣ), мавсимӣ ба 34,3 фоиз (34,3 ҳазор ҷойи корӣ) ва муваққатӣ ба 27,1 фоиз (27,1 ҳазор ҷойи корӣ) фоиз баробар гардидааст.

 

Таъсиси бештари ҷойҳои нави корӣ ба соҳаи кишоварзӣ 34,3 ҳазор ҷойи корӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 фоиз зиёд, сохтмон –16,9 ҳазор ҷойи корӣ (3,8 фоиз кам), савдо - 11,4 ҳазор ҷойи корӣ (5,3 фоиз зиёд), маориф - 7,6 ҳазор ҷойи корӣ (1,6 баробар зиёд), саноати коркард - 7,0 ҳазор ҷойи корӣ (10,4 фоиз зиёд), нақлиёт - 3,8 ҳазор ҷойи корӣ (10,8 фоиз зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) рост меояд.

 

Дар баробари ин дар як қатор соҳаҳои иқтисоди кишвар таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар қиёс ба нимсолаи якуми соли 2023 коҳиш ёфтааст, аз ҷумла: дар соҳаи таъмини неруи барқ, газ 88,1 фоиз ё 1218 ҷойи корӣ, идоракунии давлатӣ - 51,2 фоиз ё 945 ҷойи корӣ, тандурустӣ - 43,5 фоиз ё 1068 ҷойи корӣ, фаъолияти молиявӣ ва суғурта - 38,4 фоиз ё 352 ҷойи корӣ, саноати истихроҷ – 14,9 фоиз ё 295 ҷойи корӣ, меҳмонхона ва тарабхона – 14,8 фоиз ё 212 ҷойи корӣ ва ғайраҳо.

 

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар сатҳи минтақаҳои кишвар чунин тавсиф мешавад: вилояти Хатлон 39,1 ҳазор ҷойи нави корӣ ё 13,9 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд, шаҳри Душанбе 24,2 ҳазор ҷойи корӣ ё 9,3 фоиз зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, вилояти Суғд – 17,9 ҳазор ҷойи корӣ ё 5,5 фоиз зиёд, ВМКБ – 6,3 ҳазор ҷойи корӣ (4,9 фоиз кам) ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12,5 ҳазор ҷойи корӣ ё 2,5 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад. Салдои таъсис ва барҳамхӯрии ҷойҳои нави корӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 78,1 ҳазор расида, нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 9,1 ҳазор зиёд мебошад, яъне таъсиси ҷойҳои корӣ зиёд ва барҳамхӯрӣ кам шудааст.

 

Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор.

 

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, дар маҷмуъ 46536 нафар шаҳрванд ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,9 фоиз ё 4578 нафар зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб тавассути татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 11880 нафар, тавассути усули худмаблағгузорӣ 25496 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаи касбии 9160 нафар бо шаҳодатнома тасдиқ карда шудааст.  Ҳамзамон, бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо роҳхатҳои иловагӣ 15916 нафар дар дигар марказҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта тавассути худмаблағгузорӣ ба курсҳои тайёрии касбӣ сафарбар шуданд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ дурнамои нишондиҳандаи солонаи барнома дар самти ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон дар сатҳи 59,4 фоиз таъмин карда шуд. Аз теъдоди умумии касбомӯзон аз ҳисоби маблағҳои барнома 9357 нафар (78,8%) зан ва 8672 нафар (73,0%) ҷавон мебошанд. Ҷиҳати гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ, вазорат дар доираи имкониятҳои дохилӣ ва дастгирии шарикони рушд сомонаи kor.tj – ро такмил дода, марҳила ба марҳила махзани ҷойҳои кории холӣ ва ба таври худкор аз он истифода намудани ҳам корҷӯён ва ҳам корфармоёнро фароҳам оварда истодааст.

 

Минбаъд шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бе мамониат ва сарфаи иловагии маблағу вақт, танҳо бо доштани интернет имкон доранд, ҷойҳои кории холии худро бо шароити мавҷуда ва талаботу подош ворид карда, корҷӯён мустақилона бе истифодаи хизмати миёнарав ҷойи кори барои худ муносибро дарёфт намоянд. Илова ба ин, корҷӯ бо корфармо метавонанд алоқаи мустақимро ба роҳ монад.  Тадбири мазкур барои таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор такони ҷиддӣ бахшида, ҳамзамон барои мониторингу баҳисобгирӣ ва арёзбии фаъолият нақши муҳим дорад.

 

Назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

 

Вобаста ба ҳолати риояи қонунгузории соҳа дар нимсолаи аввали соли 2024 фаъолияти 1367 адад субъекти хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шудааст, ки 1014 адади он санҷиши нақшавӣ ва 356 адади он санҷиши ғайринақшавӣ  мебошанд. Аз шумораи умумии санҷишҳо 1095 адад оид ба масъалаҳои меҳнат, 173 санҷиш оид ба масъалаҳои ташхиси шароити меҳнат, 85 санҷиш оид ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва 14 санҷиш оид ба масъалаҳои муҳоҷират рост меояд.

 

Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта, 5847 адад (дар  ҳамин давраи соли 2023 – 5752 адад) қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки аз ин 4121 адад ба масъалаҳои меҳнат, 1198 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 36 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 492 адад ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ иртибот дорад. Дар маҷмуъ, дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳо бо дахолати Хадамот 21 млн. 013 ҳазору 625 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд.

 

Самти назорати давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ.

 

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 дар 1095 адад (дар ҳамин давраи соли 2023 – 1001 адад) субъекти хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои меҳнат санҷиш гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 94 адад санҷиш зиёд гардидаст.  Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 4121 адад (дар ҳамин давраи соли 2023 – 4038 адад) қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 83 адад қонунвайронкуниҳо зиёд ошкор карда шудааст.

 

Ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот.

 

Аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нисбати 53 ҳолати ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот тафтиш гузаронида шудааст, ки 41 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ  бардошта, 16 нафар ба ҳалокат расидааст. Пардохти хароҷоти иловагӣ ва кумакпулиҳои яквақтаина тибқи санадҳои эътиноии Хадамот ба маблағи 2 млн. 875 ҳазору 737 сомонӣ (бо назардошти ҳамкорӣ бо дигар мақомот) ба шахсони ҷароҳатбардошта ва оилаҳои фавтидагон таъин карда шуд.

 

Муҳоҷирати аҳолӣ.

 

Рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа дар нимсолаи якуми соли равон  392 805 (ҳамин давраи 2023 - 467 247) нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз кам шудааст. Аз ин шумора мардҳо 314 052 нафар ва занҳо 78 753 нафар  мутаносибан 17 фоиз ва  12 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудаанд. Аз теъдоди умумии рафти муҳоҷирони меҳнатӣ 386 987  нафар ба Федератсияи Россия рост меояд.

 

Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин муддат 324 065 (2023 - 315 870) ё ин ки 3% зиёд буда, аз ин теъдод шумораи мардҳо 243 546 нафар ё ин ки 3% кам буда, шумораи занҳо 80 519  нафар ё ин ки 25%  зиёд мебошад.

 

Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва воридшавии тағйироти дахлдор дар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Федератсияи Россия, аз ҷумла Қонуни федеролӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия”, фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия “Дар бораи муқаррар намудани шакли огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки патент гирифтааст ва Тартиби пешниҳоди чунин огоҳинома ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст” ҳам дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ҳам дар Федератсияи Россия корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат дода шуд.

 

 Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 1 639 вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо ҷалби 327 305 нафар гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 460 вохӯрӣ зиёд мебошад. Илова бар  ин, тибқи нақшаи корӣ масъулини мақомот бо усули хона ба хона вобаста ба арзёбӣ намудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, бо аъзои оилаи онҳо низ вобаста ба вазъи кунунӣ ва тағйирот ба қонунгузорӣ корбарӣ намуда истодаанд.

 

Тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати кишвар вазорат мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, бахусус шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, доир намуда, ба масъалаҳои риояи ҳатмии қонунгузории кишвари иқомат чӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва инчунин дар Федератсияи Россия диққати махсус зоҳир намуда, пайваста корбарӣ менамояд. Бо ин мақсад, дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, дар байни мусофироне, ки ба Федератсияи Россия сафар менамуданд, корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

 

Илова бар ин, бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти олии кишвар санаи 28 майи соли ҷорӣ даври дуюми музокироти Тоҷикистону Россия оид ба маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Тарафҳо баргузор гардид.  Дар робита ба ин, 28 майи соли равон бо иштироки вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федеролии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе расман ба фаъолият шуруъ намуд.  Масъалаи дигари муҳим дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари интиқолдидандаи қувваи корӣ анҷом додани расмиёти пеш аз сафар ҳалли худро ёфт.

 

Ҳадафи ифтитоҳи намояндагии мазкур санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия гузаранд, ки ин барои омодагии минбаъда ҷиҳати сафарбаркунии муташаккилонаи онҳо барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар доираи иҷрои протоколи натиҷаи музокирот таъсиси муассисаи тиббии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, ташкили забономӯзӣ ва гирифтани санҷиш аз забон, таърих ва асосҳои ҳуқуқӣ ба нақша гирифта шуд.

 

Дар  нимсолаи якуми соли равон ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 12 794 (дар 6 моҳи соли 2023 – 8460) муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ин шумора 286 муроҷиат оид ба пардохт нагардидани музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо буда, дар натиҷа бо дахолати Намояндагӣ зиёда аз 18 млн. рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд. Инчунин, дар ин давра 35 қарори судӣ нисбати шаҳрвандони мо оид ба ихроҷи онҳо тартиб дода шуда, 15 қарори суди ноҳиявӣ бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуд.  Ҳамчунин, бо мусоидати намояндагӣ дар ин давра 1035 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия таъмин гардиданд.

 

Дар  ин давра Намояндагӣ 58 вохӯриву мулоқотҳо бо мақомотҳои қудратии ФР (Сарраёсати кор бо муҳоҷиратии ВКД Россия, прокуратура, суд, шуъбаҳои полис, Кумитаҳои тафтишотӣ, Марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ) ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, 137 вохӯриву мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ба мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ, ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ, ки ғайрирасмӣ,  яъне бе ҳуҷҷатҳои қонунии будубош, дар ҳудуди ФР қарор доранд, 209 вохӯрӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, диаспораҳо ва  112 вохӯрӣ бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгароӣ гузаронидаст.

 

Дар навбати худ масъулини Хадамоти муҳоҷирати вазорат ҳангоми санҷиши ҳолати манъи вуруди шаҳрвандон ба Федератсияи Россия 4731 нафарро (4163 нафар мард ва 568 нафар зан), ки дар рӯйхати манъшудагон дар махзани маълумот мавҷуд буданд, аз сафар ба Россия баргардониданд. Аз ин шумора, ба 1487 нафар ба касбомӯзӣ ва ба 679 нафар барои бо кор таъмин шудан дар дохили кишвар тавсия дода шуд. Дар натиҷа 776 нафар соҳиби касб гардида, 263  нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

 

Дар ин давра тавассути 26 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатнома барои интиқоли қуваи корӣ 5158 нафар бо ҷойи кор дар хориҷи кишвар дар маҷмуъ ба 17 давлат, аз ҷумла,  Федератсияи Россия,  Қазоқистон, Белорусия, Латвия, Литва, Туркия, АМА, Англия, Лаҳистон, Олмон, Арабистони Саудӣ, Черногория, Эстония, Канада ва Маҷористон таъмин гардиданд.

 

Назорати риояи таносуби ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, амалӣ гардида, ба ҳолати имрӯза 31 457 нафар шаҳрванди Тоҷикистон (дар 6-моҳаи аввали соли 2023 – 29 415) ва 4065 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар ин ширкатҳо бо кор таъмин шуда, фаъолият карда истодаанд. Феълан, таносуб дар ин ширкатҳо ба ҳисоби миёна 10% бар 90%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра иҷрои нақшаҳои муҳоҷирати экологӣ ва дохилӣ мутаносибан  50 фоиз ва 70 фоиз таъмин гардидааст.

 

Робитаҳои байналмилалӣ.

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ бо 13 давлат (Федератсияи Россия, Белорусия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Хитой ва Корея) 38 санади байналмилалӣ дар самтҳои марбут ба соҳаҳои фаъолиятро ба имзо расонидааст, ки аз ин 10 адад созишномаи байниҳукуматӣ (28%) ва 28 адад байниидоравӣ (72,9%) буда, феълан мавриди амал қарор доранд.  Айни ҳол, 11 лоиҳаи санади ҳамкорӣ дар марҳилаи мувофиқасозии тарафҳо қарор дорад. 

 

Дар ин замина бо дастгирии институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд дар сатҳи вазорат ва сохторҳои таркибии он 14 лоиҳаи грантию инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст. Давоми нимсолаи якуми соли 2024 зиёда аз 28 мулоқоту вохӯрҳои ҳузурӣ ва маҷозӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар заминаи он масъалаҳои марбут ба самтҳои афзалиятнок ва дурнамои соҳа бо назардошти ҳадафу вазифаҳои барномаю стратегияҳои давлатӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.

 

Самти дигар афзалиятнок дар ҷодаи робитаҳои байналмилалӣ, ин ба забономӯзӣ фаро гирифтани кормандони система, ҳамчунин ташкили чунин шароит барои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Дар давраи сипаришуда забономӯзӣ (русӣ, англисӣ, кореягӣ) дар Маркази омодагии пеш аз сафари Хадамоти муҳоҷират ва МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ба роҳ монда шуд.

 

Раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ.

 

Айни замон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ва “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” татбиқ шуда истодааст.

 

Ҳадафи асосии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ба васеъ намудани шуғли самаранок мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона гардида аст.  Натиҷаи ниҳоии Лоиҳа ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст. Лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараву Восеъ татбиқ шуда, 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро дар бар мегирад.

 

11 апрели соли равон бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Шароити муҳаёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

 

Дар марказ дар баробари омӯзиши 4 намуди касб, аз ҷумла “Устои барқ”, “Кафшергар”, “Андовагар” ва “Усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ”, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегарданд. Ҳамчунин барои машғулиятҳои амалӣ устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ амал мекунанд.

 

24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид. Заминаҳои моддию техникии фароҳамшуда дар ин марказ имконият медиҳад, ки таълим дар як баст барои то 300 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

 

Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла “Мутахассиси коркарди меваю сабзавот”, “Сабзавоткор”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбоби рӯзгор” ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.

 

Дар доираи амали “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” барномаи “Системаи ягонаи миллии иттилоотии бозори меҳнат (LMIS)” таҳия  ва мавриди амал қарор дода мешавад. Ҳамзамон, дастгирии шаҳвандони бекор – муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, беҳтар намудани хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии бекорон ва дар доираи он муайян намудани вазъи хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳия ва татбиқи  маҷмуи воситаҳо барои муайян ва пайгирӣ намудани талаботи малакаҳо дар бозори меҳнат, таҳияи феҳристҳо - махзани маълумоти шахсони бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷойҳои кори холӣ, инчунин дастгирии техникии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар назар аст, амалӣ карда мешавад.

 

Дар доираи амалӣ намудани зербанди 2.2 лоиҳаи мазкур таҳти унвони “Баланд бардоштани фарогирии иқтисодӣ” таҳияи 20 модули стандарти таълимӣ, омӯзиши касбии 20 ҳазор корҷӯй, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, оилаҳои осебпазир, шахсони имконияташон маҳдуд ва занҳои сардори оила ба нақша гирифта шудааст, ки аз дастгирии молиявӣ ва техникӣ бархӯрдор хоҳанд гашт.

 

Рушди ҳунарҳои мардумӣ.

 

Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон дар соли 2022 ба 65,4 млн сомонӣ, соли 2023 - 79,6 млн сомонӣ ва нимсолаи якуми соли 2024 ба 57,1 млн.сомонӣ баробар шудааст. Маълумоти мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи ҳунармандӣ рушд ёфта, ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондааст, аҳамият медиҳанд.

 

Дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат дар давоми шаш моҳи соли равон 9291 нафар занону духтарони хонашин ва шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд.  Дар давраи сипаришудаи соли 2024 Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ва Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” дар се давр ташкил ва баргузор карда шуд.

Кор бо воситаҳои ахбори омма. Дар давоми нимсолаи якуми соли 2024, 149 мавод доир ба самтҳои фаъолияти вазорат дар сомонаи расмӣ www.mehnat.tj ва саҳифаи фейсбукии вазорат доир ба навгониҳо дар соҳа, мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти вазорат, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва мақолаҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” интишор шуданд.

 

Илова бар ин, маводи мазкур дар расонаҳо ҳамчун сарчашма истифода  гардида, дар сомонаҳои иттилоотӣ, рӯзномаҳои даврӣ ва дигар нашрияҳо ба чоп расиданд. Дар ин давра тариқи шабакаҳои  радиоӣ ва телевизионии кишвар доир ба самтҳои фаъолияти вазорат зиёда аз 110 барномаи радио ва телевизионӣ ва хабару гузоришҳо таҳия ва пахш гардид, ки фарогири ҳамаи самтҳои фаъолияти вазорат мебошанд.

05.08.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ