Санаи 9 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Маскав «Маркази сершуғли муҳоҷират» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин марказ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе О.Раҳим ва У.Гуреззода, намояндагони мақомоти ваколатдор дар соҳаи муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва аз ҷониби Федератсияи Россия ҷонишини раиси ҳукумати Федератсияи Россия А.Л. Оверчук, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Григорев ва дигарон иштирок доштанд.
Намояндагии маркази мазкур бо дастгирии бевоситаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин ва ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Москва Собянин Сергей Семенович таъсис дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки ифтитоҳи намояндагии Маркази сершуғли муҳоҷират ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маскаву Душанбе мусоидат мекунад. Фаъолияти ин Намояндагӣ бо шаҳрвандони мо барои кори муваққат дар шаҳри Москва ва вилояти он мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар қаламрави Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба монанди бақайдгирии муҳоҷирати, бокортаъминшавӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он омода намоянд. Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо идораҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ ва интихоби кормандони дорои малака ва тахассуси зарурӣ барои кор дар лоиҳаҳои муҳимтарини шаҳри Маскав як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки механизми муассири ҷалб ва ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав таъсис дода шавад.
Ҳамзамон, ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират бо мақсади таъмини танзими дурусти ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароит барои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, ки ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ мебошад, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.