Имрӯз, 21 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, ширкати Дониш-Софт, роҳбарият ва кормандони масъули вазорат муҳокимаи лоиҳаи Барномаи рақамии бақайдгирии бекорон баргузор гардид.
Дар он рӯнамои функсияҳои “Портали бақайдгирии бекорон” ва “Методологияи таҳияи платформа” манзур гардида, қайд гардид, ки барномаи мазкур шафофият ва дақиқияти фаъолияти мақомоти шуғли аҳолӣ, дастрасии шаҳрвандони бекор ба хизматрасониҳои мақомоти шуғли аҳолиро таъмин менамояд.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид омода шуда истодааст.