img
БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША РУҲИ СУЛҲ БАРМЕДАМАД

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гаштан баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ кӯшиши зиёд намуданд. Ин мақсад дар сатҳи мақомоти давлатӣ амалӣ мегардид. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар яке аз ҷаласаҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор доштанд: ”Мавзуи асосии ҳамаи масъалаҳои Шӯрои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ мебошад”.

Баргардонидани гурезаҳо ба Ватан аз вазифаҳои муҳим буд, ки дар он вазъияти мураккаб мебоист амалӣ мешуд. Нахустин дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» (24 ноябри соли 1992) қабул гардид. Бо ин мақсад Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1993 «Дар бораи сафари ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Исломии Афѓонистон» қабул шуд.

Мувофиқи қарори мазкур  барои иштирок дар музокироти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷиҳати ҳалли масъалаи ба Ватан  баргардонидани фирориён дар ҳайати 19 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Ҳайати мазкурро лозим  омад, ки чанд маротиба бо фирориён, гурӯҳҳои мухолифин вохӯрию суҳбатҳои тӯлонӣ  намояд. Давоми вохӯриҳо эҳсос мешуд, ки фирориён майли ба Ватан баргаштанро доранд.

Вақте дар ин мавзуъ бо яке аз узви гурӯҳи ҳукуматӣ суҳбат доштам, ӯ лаҳзаи вохӯрӣ бо ҳамватанонамонро дар Афғонистон ба хотир овард. Вохӯрии онҳо дар бемористон, ки чанде аз фирориёни тоҷик муолиҷа меёфтанд, сурат гирифт. Ба саволи онҳо, ки оё хоҳиши ба Ватан баргаштан доред,  беморе кӯтоҳ чунин ҷавоб медиҳад:

«Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам  ошност». Ин ҷавоб моро мутаассир кард. Маълум, ки онҳо пазмони Ватани худанд.

Муроҷиатномаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон январи соли 1994 ба фирориён дилгармӣ ва эътимод ба ояндаи некро мебахшид: «Моҳҳост, ки гуфтушунидҳои самарабахш бо неруҳои гароишҳои мухталифи сиёсӣ  ҷорист ва мо азми қавӣ дорем, ки ҷиҳати тафоҳуми комили ҳама фарзандони модари тоҷик онро давом диҳем. Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед баргашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».

Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат як буд.  Саъю кӯшиши роҳбарияти давлат дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа нек амалӣ мешуданд. Нахустин фирориён аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии ноҳияи Шаҳритус 2 сентябри соли 1994 онҳоро истиқбол карданд.

Бо кӯшиши зиёд роҳ ба сӯйи сулҳу Ваҳдат кушода мешуд. Ҷустуҷӯйи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият меёфт. Дар ин ҷода мулоқот ва гуфтушунид бо мухолифин натиҷаи нек доданд. Осон набуд ин гуфтушунид ва суҳбату мулоқот. Аммо бо пешниҳод ва маслиҳати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он идома меёфту ҳар гуфтушунид якдигарро бо ҳам наздик мекард. Бояд ёдрас шуд, ки аввалин музокироти тоҷикон 12 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва доир гардида буд.

 Ба Хосдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон сафар кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (10-11 декабри соли 1996) қадами қатъӣ ва устувор дар ҷодаи ба имзо расидани Созишномаи  истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Метавон баҳогузорӣ намуд, ки ин мулоқот як навъ ҷамъбаст ва хулосаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва душвори расидан ба ваҳдати миллӣ, оромии кишвар ва мардум  дониста мешавад. Ин мулоқот бо мухолифинро собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекард, чунин ба хотир овардааст: ”Ман миёни дигар вохӯриву суҳбатҳои расмӣ ҳеҷ гоҳ гуфтушуниди Хосдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро фаромӯш намекунам. Ин гуфтушунид 10-11 декабри соли 1996 баргузор гардида буд. Он рӯзҳо худи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гирифтори ҷанги шадиди дохилӣ буд. Дар Тоҷикистон низ садои тиру туфанг гӯшҳоро  мехарошид ва қалбҳоро тазйиқ медод. Касе маслиҳат намедод, ки дар чунин шароити номусоид Роҳбари давлат ба гуфтушунид озим шавад. Вале Президенти ташнаи сулҳ аз раъйи ҷиддии хеш барнагашта, посух дод: ”Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам”.

Дар ин мулоқоти Хосдеҳ Протокол оид ба қатъи муқовимати мусаллаҳона ба имзо расид. Профессор Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, чунин мегӯяд: ”Аз Тоҷикистон руҳи сулҳ меояд. Ҳамин сулҳро аз даст надиҳед, мо, тоҷикони Афғонистон, сулҳро аз даст додем ва акнун барои мо фарзанд ҳам, хурсандӣ ҳам, мотам ҳам, падару модар ҳам Калашникуф ҳаст. Чизи дигар надорем”.

Бо қабули Протоколи Хосдеҳ имконият фароҳам омад, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон (шаҳри Маскав, 27 июни соли 1997) ба имзо расад. Ҳамин тариқ, то имзои Созишномаи мазкур давоми 8 даври музокирот, ки қариб 4 сол идома ёфт, бо намояндагони мухолифин 21 вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир гаштанд.

Барои ба имзо расидани Созишномаи мазкур вохӯрии иштирокчиёни музокироти Хосдеҳи вилояти Толиқони Афғонистон заминаи устувор гузошт. Вобаста ба он мутобиқи Созишномаи 23 декабри соли 1996 Комиссияи оштии миллӣ ташкил ёфт. Дар рафти музокирот он бо номҳои гуногун – Шӯрои координатсионӣ, Шӯрои машваратӣ, Шӯрои давлатӣ, Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон ёдовар мешуд. Ниҳоят, ин ном-Комиссияи оштии миллӣ пазируфта шуд. Комиссияи оштии миллӣ  ҳамчун механизме маҳсуб мешуд, ки тавассути он талаботи Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегашт. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ  ва 26 нафар аъзои ном ба номи он 4 июли соли 1997 имзо шуд.

КОМ бо назардошти Протоколи музокироти 23 декабри соли 1996  қабулшуда, Низомномаи КОМ тасдиқ гардид. Дар он сохтор, тарзи ташкилу фаъолияти  КОМ муайян ва 4 зеркомиссия - оид ба масъалаҳои сиёсӣ, низомӣ, муҳоҷирон ва ҳуқуқ таъсис ёфт. Нахустин ҷаласаи КОМ  7-11 июли соли 1997 дар шаҳри Маскав доир шуда,15 сентябри соли1997 дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти худ оғоз мебахшад. Раъйдиҳӣ дар КОМ ба тариқи консенсус (розигии тарафҳо) амалӣ мешуд. Ягона хусусияти КОМ аз он иборат буд, ки  қарорҳои қабулнамудаи он тавассути салоҳияти Президент ва Парлумон амалӣ мешуд. Яъне КОМ салоҳият ва ваколати мустақил ва мустақим қабул намудани қарор ва дигар санадҳоро надошт. Ба таври дигар, қабули ҳама гуна қарорҳо дар асоси ҳусни тафоҳум ва ризоияти Президент-Парлумон-КОМ сурат мегирифт. Ин механизм, яъне Президент, Парлумон, КОМ сохтори пурсамар, мувофиқ ва дуруст дар давраи гузариш дониста мешавад.

Чунин тартиби фаъолияти КОМ  ба он овард, ки талаботи Созишномаи сулҳи тоҷикон дар доираи Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва сохтори мавҷудаи давлатдорӣ амалӣ шаванд. КОМ, агар оғози корашро аз 7 июли соли 1997 ҳисоб кунем, 998 рӯз фаъолият кард. Мутобиқи Низомномаи КОМ  он то ба кор шуруъ намудани Парлумони нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Моҳи феврали соли 2000-ум интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор гашт.

Яъне, баъди интихоби Парлумони нави Тоҷикистон мувофиқи Созишномаи музокироти 23 декабри соли 1996, КОМ вазифаи худро ба анҷом расонд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 марти  соли 2000-ум аъзои КОМ-ро қабул намуда, ба онҳо  миннатдорӣ баён карданд. Дар хусуси қатъ гаштани фаъолияти КОМ 31 марти соли 2000-ум Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд. Доир ба моҳият ва аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5-солагии ба имзо расидани Созишномаи мазкур  чунин таъкид доштанд: ”Бо имзои ин санади таърихӣ мо дар кишвари худ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобудӣ наҷот додем”.

Ин хизмати бебаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва аз ҷониби сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохта баҳогузорӣ шудааст. Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон изҳори ақида намуда, навиштааст: ”Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада бозёфти нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги  шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон рисолати сулҳро ҷавонмардона ба даст гирифт”.

Узви Парлумони Аврупо, роҳбари Шӯрои ҳизби халқии Аврупо, ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Херберт Дофман таҷрибаи Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ таҳти ҳимояи СММ муҳим арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки дар бартараф сохтани муноқишаҳои миллӣ дар дунё метавон аз он ба сифати намуна истифода бурд.

 

Аъзам МУСОЕВ,

Корманди шоистаи Тоҷикистон,

ходими илмии МД “Пажӯҳишгоҳи  меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

 

 

19.06.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ