img
Тоҷикистону Қазоқистон-уфуқҳои нави дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ

Ниятҳои неки ҳамзистии осоишта, ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон яке аз паҳлӯҳои дигари сиёсати сулҳофар, созанда, хирадмандона ва бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Мисоли инро мо дар шарикии стратегӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мебинем, ки дар доираи он байни ду давлати дӯсту ҳамсоя дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва фарҳанг созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба ба тасвиб расида, барои амалишавии онҳо аз ду ҷониб то кунун корҳои зиёде ба анҷом расидаанд.

 

Аз ҷумла, барои ҳарчи бештар ошноӣ ва огоҳӣ пайдо кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон аз расму русум, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи ҷонибҳо ва бо супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи сеюми моҳи августи соли 2023 дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил ва баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо пешниҳоди намоиш, ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.

 

Дар ин росто, дарҷ намудан ба маврид аст, ки ҳар як минтақаи кишвари мо бо ҳунарҳои хоси мардумӣ ва таомҳои миллии худ беназир буда, ҳунарҳои қадимаи кишварамон то ҳол ҳифз ва мувофиқи талаботи замони муосир такмил ёфта истодаанд.

 

Дар давоми ду даҳсолаи охир бо ташаббуси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ дар рӯйи чӯб, заргарӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, шаклу услуби нав касб намуданд.

 

Ногуфта намонад, ки айни замон соҳибкорони инфиродӣ, ки ба дӯзандагӣ, бофандагӣ ва фурӯши либосҳои миллӣ машғуланд, тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз пардохти андоз озод карда шудаанд.

 

Ҳоло дар саросари кишвар садҳо устохонаҳои хурд, марказҳои таълимӣ, мактабу литсейҳои махсус ба наврасону ҷавонон касбу ҳунар меомӯзонанд. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин марказҳои таълимӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони касбу кор пайваста шароиту имкониятҳои хуб фароҳам оварда мешаванд.

 

Ба муносибати эълон гардидани «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ синфҳои қаблан таъсисёфтаи ҳунарҳои мардумӣ шароиту имкониятҳои бештар пайдо намуда, фаъолияти онҳо васеъ гардид.

 

Дар ин замина, барои омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ курсҳои кӯтоҳмуддати гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ, кушода шуда, занону ҷавонони бекор ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

 

Синфхонаҳо бо дастгоҳҳои хурди бофандагии алоча, адрас, қолинбофӣ ва дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки метавонанд барои тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи саноати сабук, дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ ҳамчун заминаи моддию техникӣ хизмат кунанд.

 

Барои омодагии ҳамҷониба гирифтан ба ташкилу баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон давоми моҳи август корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

 

Аз ҷумла, вазорат бо мақсади сари вақт иҷро намудани супоришҳои болозикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал барои омода кардани маҳсулоти ҳунармандӣ бо вазоратҳои кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ ва саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ-ҳои “Асрори санг” ва “Рухом” ҳамкориҳо ба роҳ монд.

 

Барои ҳалли масъалаҳои омодагӣ ва муайян намудани макони баргузории ҷаласаҳо, форумҳо, намоишгоҳҳо ва дигар макони баргузории чорабиниҳо ва инчунин баргузор намудани вохӯриҳо бо масъулони ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон аз санаи 29 июн то 2 июли соли равон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ализода А.Ҳ. дар гурӯҳи корӣ ба ҳайси аъзо ба шаҳри Остонаи ин давлат сафари корӣ намуданд.

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ дар ташкили намоиш, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдонҳои «Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон» дар шаҳри Остона, «Абай»-и шаҳри Алмаато, Маркази маъмурии хизматрасонии “Коркем”-и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон саҳми назаррас гузошт.

 

Давоми рӯзҳои аз 26 то 28 августи соли равон аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ва ҳунармандону кишоварзон молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба маърази тамошои сокинони ин шаҳрҳо пешниҳод намуд.

 

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона 26 август бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим Ҷомарт Тоқаев дар майдони «Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон» расми кушодашавии рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

 

Худи ҳамон рӯз ҳамин гуна расми кушодашавӣ дар майдони «Абай»-и шаҳри Алмаато, Маркази маъмурии хизматрасонии “Коркем”-и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки шахсони расмии ҷонибҳо сурат гирифта, барномаҳои консертии маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои зикршудаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз ҷониби устодони санъати тоҷик пешкаш гардид, хело хотирмон буданд.

 

Дар маҷмӯъ, ташкилу баргузории чунин чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон бозгӯи он буданд, ки мардуми кишвари мо метавонанд, дар партави сиёсати сулҳофар, созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои дар давоми 32 – соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастовардаашонро бо сари баланд, бо як ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилии халқҳо дар намоишгоҳҳо пешниҳод намоянд.    

 

 

Ормонов Муталиб.

Сардори Шуъбаи таълими калонсолон ва ҳунармандии

 Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ.

       Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.09.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ