Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри «Тоҷикон»-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳо медиҳанд: «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сӣ солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Ин асар, бар ҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст -ин нуктаро Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни хониши идоравӣ, ки 8 июни соли равон бо иштироки роҳбарият ва дигар кормандони сохторҳои таркибии вазорат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши ҳатмии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва дигар қишри ҷомеа доир гардид, ироа намуд.
Дар идома муовини вазир таъкид намуд, ки бе донистани таърихи миллати худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Ҳар шахсе, ки таърихи гузаштаи худро намедонам гумроҳ аст ва ояндаашро сохта наметавонад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруфанд ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодаанд. Фарзандони фарзонаи бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеч давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд.
Академик Бобоҷон Ғафуров аз зумраи абармардони бо нангу номуси миллати тоҷик мебошад, ки бо навиштани шоҳасари гаронбаҳо -«Тоҷикон» миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунсозу таърихӣ ба наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муаррифӣ менамояд.
Дар нишасти мазкур номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тољикистон Шарифзода Абдувалӣ зимни муаррифии китоби “Тоҷикон” қайд кард, ки соли 1972 китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад ва зуд шуҳрат ёфт.
Қаҳрамони халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров барои таълифи китоби «Тоҷикон», ки чун шиносномаи халқи тоҷик дониста мешавад, заҳматҳои зиёд кашидааст. Дар солҳои таҳқиқу таълифи ин шоҳасари безавол нафарони бадхоҳи миллат буданд ва дар фаъолияти муаррихиву таҳқиқии алома Бобоҷон Ғафуров монеаҳо эҷод менамуданд.
Ин гурӯҳи афроди тангназар намехостанд, ки арзишҳои бунёдӣ ва идомаи ташаккулёбиву созандагии халқи тоҷик чун китобе таълифу чун махзане барои наслҳои оянда гузошта шавад, аммо фарзанди фарзонаи миллат академик Бобоҷон Ғафуров ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, шоҳасари гаронмояи халқи тоҷик- «Тоҷикон»-ро таълиф намуд, ки он аз муқаддима ва 6 фасл иборат мебошад. Дар ин шоҳасар аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии Осиёи марказӣ маълумоти дақиқ ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ҷой дода шудаанд.
Дар идома ӯ афзуд, ки Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ ва «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тиражи хеле зиёд чоп шуда, ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа гардид.
Ин иқдоми наҷибу башардӯстона ва ояндабини Роҳбари давлат бори дигар аз арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва фарзандони некноми миллат дарак медиҳад.
Дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тоҷиконро зарур аст, ки аз таърихи пурифтихори халқамон огаҳ бошем ва ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.