30 майи соли ҷорӣ вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо мушовирони Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии буҷет, идоракунии молияи давлатӣ ва даромадҳои пулию молӣ бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати дастгирии барномаҳои давлатии соҳавӣ дар самтҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуғли аҳолӣ, бокортаъминкунӣ ва истифодаи модели дастгирии буҷет баргузор гардид.
Ширин Амонзода саҳми Иттиҳоди Аврупоро дар лоиҳаи буҷети дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуда, самтҳои афзалиятнок ҷиҳати ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнатро ёдовар шуд.
Ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла касбомӯзии ҷавонон, дастгирии муҳоҷирони экологӣ, бозомӯзонии табақаи осебпазир зери таъсири буҳрони пандемияи СОVID-19, такмили таҳияи барномаҳои нав тибқи ниёзҳои бозори меҳнат, рақамикунонии соҳаҳо ва истифодаи технологияҳои нав мароқ зоҳир намуданд.