img
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳлолӣ дар шањри Хоруғ баргузор гардид!

Санаи 16 августи соли равон дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳлолӣ дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории «PomirInvest-2022» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, намояндагони шарикони рушд, донорҳо, созмонҳои байналмиллалӣ, намояндагони сафоратҳо, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ, коршиносону масъулини соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Ширин Амонзода чорабинии болозикрро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки дар натиҷаи саъю кўшишҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳо дар ислоҳоти соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ комёбиҳои муайян ба даст оварда шудаанд, ки самараи худро дода истодаанд.

Ҳадаф аз он ҷалби донорҳо ва шарикони рушд ҷиҳати дар заминаҳои  мавҷуда таъсис додани ҷойҳои корӣ ва тавсеи шуғли пурмаҳсул барои сокинони ВМКБ тавасути ташкили омузиши касбу малакаҳо, рушди ҳунармандӣ ва иштироки ҷавонон дар экосистемаи иқтисодии кишвар ва дар маҷмӯъ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ: саноатикунонии босуръат ва тавсеаи рушди пурмаҳсул дар кишвар буда, ин чораҳо ба тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузоранд.

Дар ҷаласаи мазкур рунамои Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, нақшаи кори вазорат то соли 2026 доир ба таъмини шуғлнокӣ тавассути рушди малакаҳои муосири ҷавонону занон ва дастгирии ҳунармандӣ дар ВМКБ: имкониятҳо, мушкилотҳо ва дурнамо, таҷрибаи таъсиси ҷойҳои корӣ тавассути стартапҳо дар ВМКБ муарифӣ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа доир ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти донорҳо ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ як қатор тавсияҳо қабул гардиданд.

Ҳамзамон, ҳайати расмӣ ва шарикони рушд намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки дар доираи чорбинии мазкур ташкил карда шудааст, дидан намуданд.  

16.08.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ