img
Табрикоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии самимона табрику таҳният мегӯям.

Мардуми ҷаҳони муосир Рӯзи Президентро ҳамчун рамзи эҳтиром ба мақоми олии раҳбарии кишвари хеш таҷлил мекунанд. Ин ҷашн дар кишвари мо маънӣ ва мазмуни васеътар дорад. Рӯзи Президент дар мамлакати мо ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад.

 

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рузи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.

 

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадманде ҳастанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро мутаҳҳид намуда, шӯълаи умедро бедор карданд ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъдаи кишвар ҳидоят намуданд.

 

Имрӯз ҳазорон бор шукрона мекунем, ки таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати комил, бунёдкориву созандагӣ ва обрӯву эътибори байналмилалӣ зиндагӣ мекунем. Эътимоди комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба пешравӣ ва дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад.

 

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон муборак бод!

 

Бо эҳтиром,

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа

16.11.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ