img
Бадхоҳони миллат ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд.

Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона филми мустанади “Шикасти фитна”-ро тамошо карданд. Филми мазкур дар бораи сабабу омилҳои бетартибиҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳия гардида, дар он парда аз ниқоби хиёнаткорон бардошта шудааст.

Баъд аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна” вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зикр намуд, ки дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои нопоки худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Аз гумроҳӣ ва иродаи сусти баъзе аз одамон истифода намуд, бахусус ҷавононро гумроҳ менамоянд, то ба ҳадафҳои разилонаи худ расанд. Намунаи онро вақтҳои охир дар воқеаҳои минтақаҳои гуногуни дунё дида истодаем.

Оромию суботи Тоҷикистони азиз, ки ин ҳам ба ивази ҷонбозиҳо ба даст омадааст, хорест ба чашми ин тоифа ва пайваста дар кӯшиши иғвоандозию дасисаанд, то ин суботро халалдор намоянд. Нооромиҳои чанд рӯзи пештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумлаи амалҳои дасти бадхоҳону душманони миллат аст, ки зуд ошкор шудаву дастдоштагон изҳори пушаймонӣ доранд ва дар назди қонун барои ин амалҳои худ ҷавоб мегӯянд. Мо ҳамагуна амалеро, ки барои халалдор сохтани суботи кишвар ва минтақа равона шудааст, қотеона маҳкум мекунем.

Дар идома муовини якуми вазир Раҳмонзода А.А. ва муовини вазир Маҳмадуллозода Н.Р. бо ёдоварӣ аз оқибатҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, амалҳои дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ дар солҳои минбаъда, ҳозирин, бахусус насли ҷавонро ба ҳушёриву зиракӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва оромиву субот даъват намуданд.

Таъкид гардид, ки минбаъд сохторҳои вазорат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки бевосита бо аҳолӣ сару кор доранд, дар ин самт корбарӣ намоянд ва хизматчиёни давлатиро мебояд аз ҳар вақта дида ҳушёру зирак бошанд.

 

31.05.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ