Санаи 11 июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Маҳмуродзода Сиёвуш Алихон ва Шамсуллозода Ҳаким Маҳмадсаид - прокуророни Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ, ҳайати васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои низоми вазорат семинар оид ба мазмун ва моҳияти Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо роҳбарии муовини якуми вазир Каримзода Насим Самиҷон сурат гирифта, прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмуродзода Сиёвуш Алихон зимни суханронӣ оид ба мавзуъ қайд намуд, ки Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040 аз 26 феврали соли 2026, №73 қабул шуда, он идомаи мантиқии стратегияҳои қаблан қабулшуда ба ҳисоб рафта, се марҳиларо дар бар мегирад, ки марҳилаи аввали он барои солҳои 2026 – 2030 пешбинӣ шудааст.
Маҳмадуллозода С. тибқи нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур барои солҳои 2026-2030 вазифаҳое, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули иҷрои бевосита мебошад, ёдовар шуда, зикр намуд, ки вазорат яке аз субъектҳои татбиқкунандаи стратегия мебошад.
Зимнан, Каримзода Н. қайд карданд, ки бо ташаббус ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сиёсати пайгирона оид ба пешгирии ҳама гуна зуҳуроти экстремизм ва терроризм амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ин таҳдидҳои замони муосир тадбирҳои мушаххас меандешад.
Таъкид гардид, ки пешгирии экстремизм ва терроризм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин масъулияти умумии ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар қадар корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ бештар ба роҳ монда шаванд, ҳамон қадар заминаҳои паҳншавии ақидаҳои ифротӣ маҳдуд мегарданд.