Имрӯз 3 майи соли 2023 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора бо сафири навтаъини Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак Ибни Абдураҳмон Муборак Ан-Наср мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи бештар ба муқарароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 равона гардида, доир ба масъалаҳои қонунгузории меҳнат, шарту шароит, музди меҳнат ва дигар талаботи марбут ба омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои судманди дуҷониба ҷиҳати татбиқи созишномаи болозикр иброз намуданд.